Баргузории ҳафтаи илм дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

     Ҳамасола дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи «ҳафтаи илм» Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни ДМТ баргузор мегардад. Имсола конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявии ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни ДМТ ба як қатор ҷашн ва чорабиниҳои муҳими давлатӣ аз он ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «140-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ» ва «70-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» рост омад.

   Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «140-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ» ва «70-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» кори худро аз 20-ум то 27-уми апрели соли 2018 идома дод. Мувофиқи барнома дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар 11 бахш аз 150 маърӯзаи аз тарафи устодону кормандон  пешниҳод шуда, 150 маърӯза мутобиқи нақша 12 маърӯзаи иловагӣ шунида шуд.

       Дар муқоиса бо соли гузашта дар 11 бахш аз 131 маърӯзаи аз тарафи устодон пешниҳод шуда, 121 маърӯза тибқи барнома ва 4 маърӯзаи иловагӣ шунида шуда буд.

      Дар конференсияи имсола масъалаҳои рӯзмарраи ҳуқуқӣ ба монанди: таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун ҳадафи Тоҷикистон,  моҳият ва принсипҳои асосии сиёсати ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи масъунияти созмонҳои байналмилалӣ, танзими ҳуқуқии ташкили истеҳсолоти молҳои ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, масоили иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсон ва таъмини нигоҳдошти асолати фарҳанги ҳуқуқи миллӣ, вижагиҳои нақш ва мақоми шаъну шарафи инсонӣ дар афкори мутафаккирони форсу тоҷик (дар асрҳои миёна), проблемаҳои актуалии қонунгузории экологӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, танзими ҳуқуқии ҳалли баҳсҳои замин, бавуҷудоӣ ва рушди қонунгузории соҳибкорӣ, ҳамкориҳои байналмилалии мақомоти прокуратураи Тоҷикистон, консепсияи супоридани шахс дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ, пенализатсия ва депенализатсия ҳамчун шакли амалигардонии сиёсати ҳуқуқи ҷиноятӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ, тафовути маъноӣ ва услубии муродифоти феълӣ ва тарҷумаи он ба забони англисӣ ва ғайраҳо баррасӣ карда шудаанд.

      Асосан аз маърӯзаҳои устодони факултет бар меояд, ки мақсади гузаронидани конференсияи илмӣ-назариявӣ ин баррасӣ намудани ҷиҳатҳои актуалӣ ва ҳалли муаммоҳои ҳалталаби соҳаҳои ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.

      Хурсандибахш аст, ки зиёда аз 100 нафар устодони факултети ҳуқуқшиносӣ фишурдаҳои маърӯзаҳои худро омода намуда, барои чоп намудан дар Маводи Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиии ҳайати устодону кормандон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «140-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ» ва «70-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» пешниҳод намуданд.

   Қисми дигари фаъолиятӣ илмӣ дар ҳафтаи илм ин баргузор гардидани Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявии ҳайати донишҷӯёни ДМТ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «140-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ» ва «70-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» мебошад. Мувофиқи барнома дар 11 бахш 251 маърӯзаҳои донишҷӯён пешбинӣ шуда буд, ки аз ин 249 марӯъзаи донишҷуён шунида шуд.  Имсол бо сабабҳои узрноку ғайриузрнок тибқи барнома 2 нафар донишҷӯён дар конференсия иштирок надоштанд. Берун аз нақшаи барнома 74 нафар  дар конференсия маърӯза карданд. Дар муқоиса ба соли гузашта дар 11 бахш 199 маърӯзаҳои донишҷӯён пешбинӣ шуда буд, ки аз ин 193 марӯъзаи донишҷуён шунида шуда, бо сабабҳои узрноку ғайриузрнок тибқи барнома 6 нафар донишҷӯён дар конференсия иштирок надоштанд. Берун аз нақша 52 нафар  дар конференсия маърӯза карда буданд.                                                                                                                            

      Аз маърӯзаҳои донишҷӯён бар меояд, ки мақсади конференсияи илмӣ-назариявӣ ин кушодан ва баррасӣ намудани ҷиҳатҳои актуалӣ ва масъалаву муаммоҳои ҳалталаби соҳаҳои ҳуқуқ мебошад. Дар конференсия донишҷӯён бо се забон тоҷикӣ, русӣ, англисӣ баромад намуданд. Дар ҷараёни конфренсия аз воситаҳои технологию иртиботӣ ва воситаҳои аёнӣ ба таври васеъ истифода карда шуд. Дар сатҳи баланд баргузор гардидани Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявии ҳайати донишҷӯёни факултети ҳуқушиносии ДМТ ин самараи фаъолияти бо низом ва мунтазами маҳфилҳои илмии назди кафедраҳои факултети ҳуқушиносӣ ба ҳисоб меравад, ки дар як моҳ ҳар як маҳфил аз 2 то 4 ҷаласаҳои худро баргузор менамуданд.

     Бояд қайд намуд, ки конференсияи имсола дар сатҳи хеле хуб гузаронида шуд. Пешкаши мавзӯҳо тариқи слайд бо воситаи тахтаҳои электронӣ яке аз пешравиҳо дар кори конференсияи имсола ба ҳисоб меравад.