Таҳти ин унвон санаи 7-уми сентябри соли 2018 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи омӯзгорону аспирантон, олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти дигари давлатӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврӣ мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Мизи гирди мазкур дар арафаи таҷлили муҳимтарин ҷашнвораи миллӣ – таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Дар ҷамъомад мавзӯъҳои мубрам ва рӯзмарраи ҳаёти ҳуқуқии кишвар шунида шуданд. Аз ҷумла: «Баъзе аз проблемаҳои инкишофи қонунгузории гражданӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ»; «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ»; «Истиқлолият – бақои таърихии миллат».
Баромадкунандагон мазмуну моҳияти маърӯзаҳои хешро шарҳ дода, таҳқиқу омӯзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Оид ба маърӯзаҳои қироатшуда саволу ҷавоб ва музокираҳо сурат гирифтанд. Аз ҷумла, дар робита ба масъалаҳои баррасишуда иштирокчиён баромад намуда, таклифу андешаҳои судманд пешниҳод намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни конференсия фурсати муносибро истифода намуда, андешаю назари хешро оид ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои баррасишуда баён намуданд. Дар маҷмӯъ таъкид карда шуд, ки рӯзи Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик арзишмандтарин ва муҳимтарин ҷашнвора ба ҳисоб меравад. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ мииллати тоҷик тавонист, ки дар арсаи байналмилалӣ чун миллати озод ва соҳиби давлати мустақил муаррифӣ гардад. Аз ин рӯ, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои замони соҳибихтиёрӣ барои ҳар як сокини худогоҳу худшинос ва меҳанпараст вазифаи имониву виҷдонӣ ва қарзи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Дар даврони Истиқлолият низоми ҳуқуқии кишвар рушд намуда, хусусияти миллӣ касб намуд. Истиқлолияти давлатӣ боис гардид, ки мардуми тамаддунофару фарҳангсолори тоҷик нахустин маротиба ба роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи кишварро қабул намояд. Дар баробари ин, қабули қонунҳои сирф хусусияти миллидошта – Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маҳз ба даврони Истиқлолияти давлатӣ рост меоянд. Арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, тасдиқи бештари санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар дастовардҳои беназир дар бахши ҳуқуқу озодиҳои инсон аз комёбиҳоеанд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ба даст омадаанд. Аз ин рӯ, иштирокчиёни мизи мудаввар чун гавҳараки чашм ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатиро вазифаи аввалиндараҷаи тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан олимони ҳуқуқшинос арзёбӣ намуданд.