Оид ба гузаронидани даври якум ва дуюми озмуни устодону кормандон, донишҷӯёну магистрантон ва аспирантону докторантон таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…»

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар дар соли 2019 зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор карда шавад.
2. Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ҳайати комиссия оид ба баргузории озмун ва ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3. Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо, Кумитаи телевизион ва радио, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намоянд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2019 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани чорабинии мазкур 310000 (сесаду даҳ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
5. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин намуда, оид ба хароҷоти анҷомдодашуда ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
6. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
9 феврали соли 2019
№АП-1165


Замимаи 1 ба амри
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 феврали соли 2019, № АП – 1165



НИЗОМНОМАИ
озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…»


1. Муқаррароти умумӣ

1. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
2. Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар доир мегардад.

2. Масъулони озмун

3. Масъули асосии озмун Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
4. Мутасаддии баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
5. Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шарикони баргузории озмун ҳастанд.
6. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани давраҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул мебошанд.
7. Дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо масъулияти баргузории озмун ба зиммаи раёсат, шуъба ва бахшҳои маориф, маънавиёт ва фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор карда мешавад.
8. Барои сафарбар кардан ба хондани китоб ва аз худ намудани порчаҳои назмию насрӣ, инчунин тарғиби васеи он сохторҳои марбута ва васоити ахбори омма масъул мебошанд.

3. Комиссияи озмун

9. Масъули баргузории озмун комиссияи озмун мебошад, ки ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
10. Салоҳияти комиссияи озмун:
– ба танзим даровардани ҷадвали баргузории озмун;
– назорати баргузории саривақтии озмун;
– таҳияи талабот ва дигар тавсияҳое, ки барои озмун зарур мешаванд;
– тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот;
– риояи талаботи озмун ва расонидани тавсияҳо ба довталабони озмун;
– баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти довталабон.

4. Тартиби баргузории озмун

11. Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи январи соли 2019 то моҳи декабри соли 2019 идома меёбад. Аз аввали моҳи январ то 10 июни соли 2019 барои хондани асарҳо ва аз ёд кардани шеъру достонҳо (интихоби жанр, хондани асар ва миқдори аз худ кардани мисраъ ба қобилияти иштирокчӣ вобаста аст) вақт дода мешавад.
Даври якуми озмун нимаи дуюми моҳи июн дар маркази деҳот ва шаҳрак ҷамъбаст мегардад.
Даври дуюми озмун моҳи июл дар маркази ноҳия ва шаҳрҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе) баргузор мешавад.
Аз охири моҳи июл то охири моҳи октябр ба мақсади хондани китоб ва аз ёд кардани ашъори адибон барои ғолибоне, ки дар озмуни вилоятӣ ва шаҳри Душанбе иштирок менамоянд, вақти иловагӣ дода мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ аз ин вақти иловагӣ истифода карда, ба ҷамъбасти даври чорум омодагӣ мегиранд. Озмуни даври чорум барои ин шаҳру ноҳияҳо моҳи ноябр дар муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор мегардад.
Даври сеюми озмун дар маркази вилоятҳо, шаҳри Душанбе нимаи дуюми моҳи ноябр баргузор мешавад.
Хулосаи ҳайати ҳакамон ба комиссияи озмун бо имзои раиси вилоят, шаҳр, ноҳия ва раиси ҳакамон пешниҳод мешавад.
Даври чоруми озмун барои ғолибон то 20 декабри соли 2019 дар муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ҷамъбаст мешавад.
12. Ҷойи баргузории даврҳо дар деҳот, шаҳрак, маркази шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо, шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад.
13. Масъулияти баргузории даври якум, дуюм, сеюм бар уҳдаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ) вогузор карда мешавад.
14. Ҷараёни баргузории даврҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми озмун тавассути шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ намоиш дода шуда, инчунин сабти овози иштирокчиён дар радиоҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ пахш карда мешаванд.
15. Барои омода кардани ҷойи баргузории озмуни даври чорум муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» муваззаф шуда, дар маркази деҳоту шаҳрак, шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо китобхонаҳои деҳот, ноҳия, шаҳр ва вилоят сафарбар карда мешаванд.
16. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври чоруми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» даҳаи якуми моҳи декабр муқаррар карда мешавад.
17. Беҳтарин иштирокчиёни даври якум, дуюм ва сеюми озмун аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо) ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
18. Омӯзгорон ва устодоне, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Сипоснома»-и муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» сарфароз карда мешаванд.

5. Шартҳои иштирок дар озмун

19. Дар озмун табақаҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар иштирок менамоянд.
20. Шартҳои озмун аз ҷониби комиссияи озмун назорат карда мешавад.
21. Барои аз худ кардан ва хондан ба низомнома рӯйхати асарҳо пешниҳод карда мешаванд (замима мегардад).
Дар вақти баҳогузорӣ ва холгузорӣ ба маҳорати аз худ кардан ва хондани осор бартарӣ дода мешавад.
Ба хонандагон ва донишҷӯён (бакалавру магистр), ки аз меъёри муайяншуда бештар асарҳои бадеӣ аз худ мекунанд ва мехонанд, бартарӣ дода мешавад.
Ҳар як довталабе, ки дар озмун ширкат меварзад, ба ҳайати комиссия ва ҳакамон маҳорату малака ва қобилияти аз худ кардан ва хондани ашъори адибонро пешниҳод менамояд. Аз ҷумла:
– ба довталаб барои аъзои фаъоли китобхона буданаш низ хол дода мешавад;
– ба тарзи нақл ва оҳанги қироати иштирокчӣ хол дода мешавад;
– ба мавзӯъҳои инсондӯстӣ, хайру саховат, некию накукорӣ, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ, дӯстию бародарӣ, Ватану ватандӯстӣ, Тоҷикистон, сулҳу субот бартарӣ дода мешавад;
– довталаб дар аз худ кардан ва хондани осори адабиёти классикӣ, муосир, бачагона, шифоҳӣ ва хориҷӣ (тарҷума ва ё асл) озод аст;
– довталаб метавонад аз намунаҳои эҷодиёти халқ: афсона, қисса, рубоӣ, достон, чистон, тезгӯяк, латифа ва ғайраҳо истифода намояд;
– як ҳафта пеш аз озмун довталаб рӯйхати асарҳои хондаашро бо гузоштани имзои худ, ба ҳайати ҳакамон пешниҳод менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо суроғаи макони фаъолияти ҳакамон ва ҷойи баргузории озмунро ба довталабон тариқи воситаҳои ахбори омма ва масъулони озмун эълон менамоянд;
– ҳайати ҳакамон аз рӯи ин рӯйхат довталабро ба озмун роҳ медиҳанд ва аз маҳорату истеъдоди ӯ натиҷагирӣ карда, суратҷаласа тартиб медиҳанд;
– ҳайати ҳакамон холҳоро муқаррар карда, бо овоздиҳии кушода ғолибро муайян менамоянд;
– натиҷаи озмун дар суратҷаласа дарҷ гардида, бо имзои аъзои ҳакамон тасдиқ карда мешавад.

6. Талабот ба довталабони озмун

22. Маҳорату истеъдоди довталабон аз рӯи хондани назм ва насри бадеӣ муайян карда мешавад:
– барои довталабон хондани роман, повест, ҳикоя, новелла ва дигар жанрҳои адабӣ иҷозат дода мешавад;
– хондани шеър аз жанрҳои лирикӣ, аз ҷумлаи ғазал, қасида, рубоӣ, дубайтӣ, порчаҳо аз достон ва дигар навъҳои адабии манзум озод аст;
– афсона, латифа, қиссаю ривоят ва дигар намудҳои осори шифоҳии халқ иҷозат дода мешавад;
– аз худ кардан ва хондани осори адибони ҷаҳон низ тавсия шуда, дар озмун ба инобат гирифта мешавад.

7. Меъёри арзёбии ғолибони озмун

23. Комиссияи озмун ва ҳайати ҳакамон аз рӯи меъёрҳои зерин ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди довталабон баҳо медиҳанд:
– шарҳи мухтасари асар;
– маълумот оид ба қаҳрамонони асосии асар;
– баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар;
– озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ;
– ҳунари ровӣ ва наққолӣ;
– қобилияти луғатдонӣ ва тавзеҳи он;
– дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар;
– таассуроти довталаб аз хондани осор.
Бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба истеъдоди довталабон ҷадвали 10-хола муқаррар карда мешавад.
Барои хондани беҳтарин осори манзум бо шарҳу тавзеҳи луғатҳояшон 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 1 ё 2 хол ва барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.
Барои шарҳи муфассалу баёни равшани осори насрӣ ва ҳунари баланди наққолӣ, инчунин тавзеҳи луғатҳо аз асарҳои мутолиашуда 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 1 ё 2 хол ва барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.
Ба ҳар як довталаб инчунин аз рӯйи осори пешниҳодшудаи банди 21 10 савол дода мешавад ва барои ҷавоби дуруст ба ҳар як савол як холӣ мегузоранд. Ба ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.

8. Ҳайати комиссия ва ҳакамони озмун

24. Миқдори ҳайати комиссияи озмун дар асоси банди 9 амалӣ мегардад. Ҳайати ҳакамон дар асоси банди 26 ҳамин Низомнома муайян карда мешавад.
25. Ба комиссияи озмун салоҳият дода мешавад, ки рафти озмунро назорат намояд, тавсия ва тавзеҳод таҳия ва тасдиқ кунад, назару пешниҳодоти ҳайати ҳакамонро баррасӣ созад, ба номинатсияҳо тағйироти иловагӣ ворид гардонад ва ба арзу шикояти довталабон ҷавоб диҳад.
26. Ҳайати ҳакамони озмуни шаҳраку деҳот, ноҳия, шаҳр ва вилоятҳоро раисони шаҳр, ноҳия ва вилоят бо санади дахлдор тасдиқ менамоянд.
27. Ба ҳайати ҳакамони вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳоту шаҳрак намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омӯзгороне, ки завқи баланди хондан ва аз ёд кардани осорро доранд, шоирону нависандагони маҳаллӣ, олимону рӯзноманигорон, роҳбарони китобхонаҳо, аъзои ҷамъияти китобдӯстон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ шомил мешаванд. Миқдори аъзои ҳакамон бо раису муовинонаш бояд тоқ бошад.
28. Хулосаи ҳайати ҳакамон дар комиссияи ҷумҳуриявии озмун баррасӣ ва тасдиқ мешавад.
29. Комисияи озмун натиҷаи ниҳоиро ҷамъбаст карда, онро барои мувофиқа ва тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

9. Таъминоти молиявии озмун

30. Хароҷоти даври якум, дуюм, сеюм ва сафарбаркунии ғолибон ба даври чоруми озмун аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо) амалӣ карда мешавад.
31. Хароҷоти баргузории чорабинии даври чоруми озмун, ба истиснои ҷойи хоб, аз суратҳисоби махсуси муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.
32. Ба ғолибони даври чорум тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад (замимаи 3).
Тартиби пешниҳод ба ҷоиза ва мукофоти пулиро барои даври чоруми комиссия озмун омода намуда, бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа менамояд ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод мекунад.
Дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо тартиби мукофот ва ҷоизаро раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ ва амалӣ менамоянд.
33. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои озмун тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сарпарастон иҷозат дода мешавад.

10. Тартиби иштирок дар даври ниҳоии озмун

34. Барои иштирок дар даври чоруми озмун маводи зерин ба комиссияи ҷумҳуриявии озмун пешниҳод мешавад:
– маълумотнома дар бораи довталаб;
– асарҳои мутолиашуда;
– миқдори ашъори азёдшуда;
– маҳорати суханронӣ ва суханварӣ, ровигӣ ва наққолӣ;
– қобилияти эҷодӣ;
– суратҷаласаи ҳайати ҳакамони вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ.

Суроға: шаҳри Душанбе, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, кӯчаи Теҳрон, 5. E-mail: info@kmt.tj

Замима ба Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…»

Рӯйхати асарҳои адибоне, ки барои аз худ кардан ва хондан тавсия дода мешавад

а) Барои аз ёд хондани осори адибон:

– ғазал – на кам аз 100-то (ғазалҳои Абуабдулло Рӯдакӣ, Саноии Ғазнавӣ, Шайх Аттор, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Фахриддини Ироқӣ, Носири Хисрав, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Камолиддини Биноӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Абдулқодири Бедил, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Шамсиддин Шоҳин, Туғрали Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ғаффор Мирзо, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Қутбӣ Киром, Гулназар Келдӣ, Гулрухсор Сафиева, Ҳабибулло Файзулло, Ғоиб Сафарзода, Низом Қосим, Ҳақназар Ғоиб, Муҳаммад Ғоиб, Фарзона ва дигарон);
– рубоӣ ва дубайтӣ – на кам аз 120-то (рубоӣ ва дубайтиҳои Абуабдулло Рӯдакӣ, Абуалӣ Сино, Ҷалолиддини Балхӣ, Бобо Тоҳири Урён, Абусаиди Абулхайр, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Умари Хайём, Аттори Нишопурӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Соиби Табрезӣ, Садриддин Айнӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ғаффор Мирзо, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар Келдӣ, Ҳабибулло Файзулло, Ҳақназар Ғоиб, Ғоиб Сафарзода, Аскар Ҳаким, Низом Қосим, Камол Насрулло, Фарзона, Озар ва дигарон);
– қасида – на кам аз 100 мисраъ (қасидаҳои Абуабдулло Рӯдакӣ, Кисоии Марвазӣ, Абулқосим Унсурӣ, Абулҳасан Фаррухии Сиистонӣ, Абунаҷм Манучеҳрии Домғонӣ, Масъуди Саъди Салмон, Носири Хисрав, Ҳаким Саноии Ғазнавӣ, Камолиддин Исмоили Исфаҳонӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Туғрали Аҳрорӣ, Шамсиддин Шоҳин, Садриддини Айнӣ ва дигарон);
– порча аз достон – на кам аз 300 мисраъ (150 байт) (аз достонҳои Абуабдулло Рӯдакӣ, Абумансури Дақиқӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саноии Ғазнавӣ, Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳоҷуи Кирмонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Камолиддини Биноӣ, Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Мирзо Содиқи Муншӣ, Шамсиддин Шоҳин, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ғаффор Мирзо, Муъмин Қаноат, Ҳадиса Қурбонова ва дигарон);
– дигар навъҳои шеърӣ – 200 мисраъ (100 байт) аз шоирони классикӣ, муосир ва хориҷӣ.


б) Асарҳои назмӣ ва насрии адибони классикӣ ва муосири тоҷик барои хондан:

Адабиёти қадим: «Томирис ва Куруш», «Шерак», «Авасто», «Ёдгори Зарирон», «Дарахти Ассурик», «Корномаи Ардашери Бобакон», «Калила ва Димна», «Ёдгори Бузургмеҳр», «Андарзи доноён ва маздоясно», «Андарзи Хусрави Ковадон», «Андарзи Пурйуткешон», «Бундаҳишн», «Динкард».
Достонҳои «Калила ва Димна», «Симбоднома», қасидаҳои «Шикоят аз пирӣ», «Модари май»-и Абуабдулло Рӯдакӣ, «Таърихи Наршахӣ»-и Абубакри Наршахӣ, «Муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абумансурӣ, «Пирӯзнома» -и Абуалӣ Сино, «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ, «Таърихи Байҳақӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ, «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, ғазал, қитъа, рубоиҳо ва достони «Маснавии маънавӣ» -и Ҷалолиддини Балхӣ, «Сафарнома»-и Носири Хисрав, «Қобуснома»- и Унсурмаолии Кайковус, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Сиёсатнома» – и Низомулмулк, «Вомиқу Узро»-и Фаррухии Сиистонӣ, девони ашъори Бобокӯҳӣ (Абдулло Алӣ), рубоиёту дубайтаҳои Бобо Тоҳири Урён, маснавии «Ҳадиқат-ул-ҳақоиқ»-и Саноии Ғазнавӣ, «Асрорнома», «Хусравнома», «Мухторнома», «Мантиқ-ут-тайр»-и Фаридаддини Аттор, маснавиҳои «Рӯшноинома», «Саодатнома», «Сафарнома»-и Носири Хисрав – достони «Вис ва Ромин» -и Фахриддин Асъади Гургонӣ, достони «Гаршоспнома»-и Асадии Тусӣ, «Хамса» – («Махзан-ул-асрор», «Хусраву Ширин», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Ҳафт пайкар», «Искандарнома») –и Низомии Ганҷавӣ, «Доробнома»-и Абутоҳири Тарсусӣ, «Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насруллоҳ, достонҳои «Хамса» –и Амир Хусрави Деҳлавӣ, “Бӯстон» ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, ғазалиёти Ҳасани Деҳлавӣ, қасидаҳо, маснавиҳои «Сад панд», «Дилкушо», «Мушу гурба»-и Убайди Зоконӣ, ғазалҳо, қитъаҳо ва рубоиҳои Камоли Хуҷандӣ, девони ғазалиёт, достону маснавиҳои «Ҳафт авранг», «Баҳористон»- и Абдураҳмони Ҷомӣ, ғазалу рубоӣ, достонҳои «Сифот-ул-ошиқин», «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Бадриддини Ҳилолӣ, «Анвори Суҳайлӣ», «Ахлоқи Муҳсинӣ», «Рисолаи Ҳотамия» ва «Футувватномаи султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Латоиф –ут- тавоиф»-и Фахриддин Алии Сафӣ, «Дастур-ул-мулук»-и Самандархоҷаи Тирмизӣ, достони «Гулзори Ирам»-и Абдураҳмони Мушфиқӣ, қасида, бадеҳа, чистон, ёддоштҳои «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ, ғазал, мухаммас, рубоӣ, «Шаҳрошӯб» ва «Баҳориёт»–и Сайидои Насафӣ, ғазалҳои Зебуннисо, «Наводир-ул-вақоеъ», «Рисолаи таърихӣ» – и Аҳмади Дониш, «Тӯҳфаи дӯстон», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Бадоеъ-ус-саноеъ» ва ғазалҳои Шамсиддин Шоҳин, ғазалиёти Туғрали Аҳрорӣ, ғазалиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ.
Намунаҳои насри ривоятӣ: «Чаҳор дарвеш», «Ҳазору як шаб», «Тутинома», “Синдбоднома», «Калила ва Димна», «Самаки айёр», «Марзбоннома», «Абумуслимнома».
Ҳикоя, новелла, повест, драма, ёддошт, роман, достон, ғазалиёту рубоёт, қасида ва дигар ашъору осори Абдурауфи Фитрат, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Абдулвоҳиди Мунзим, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳаким Карим, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Урун Кӯҳзод, Убайд Раҷаб, Сорбон, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Кароматулло Мирзоев, Меҳмон Бахтӣ, Ҳақназар Ғоиб, Гулрухсор Сафиева, Гулназар Келдӣ, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Ҳабибулло Файзулло, Бароталӣ Абдураҳмон, Баҳманёр, Сайф Раҳим, Ғаффор Мирзо, Мӯъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Убайд Раҷаб, Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Фарзона ва дигарон.

в) Намунаҳои ашъори бачагона ва афсона

Мирсаид Миршакар, Гулчеҳра Сулаймонова, Аминҷон Шукӯҳӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Нӯъмон Розиқ, Убайд Раҷаб, Акобир Шарифӣ, Мавҷуда Ҳакимова, Алӣ Бобоҷон, Нозирҷон Боҳирӣ, Ҷӯра Ҳошимӣ, Латофат Кенҷа, Юсуфҷон Аҳмадзода, Азизи Азиз ва дигарон, инчунин афсонаҳои халқи тоҷик, чистону латифаҳо ва ғайраҳо.

г) Намунаҳои осори адибони ҷаҳон

Ҷек Лондон, Виктор Гюго, Ги де Мопассан, Марк Твен, Эрнест Хеменгуэй, Ромен Роллан, Виллям Шекспир, Ийҳан Гёте, Алигери Данте, Франсуа Рабле, Рюноскэ Акутагава, Александр Пушкин, Лев Толстой, Юрий Лермонтов, Антон Чехов, Владимир Маяковский, Максим Горкий, Абдулло Қодирӣ, Ғафур Ғулом, Мухтор Авезов, Олжас Сулаймонов, Чингиз Айтматов, Расул Ғамзатов, Теодор Драйзер, Олес Гончар, Янн Купала, Яккуб Колас, Самад Вурғун, Нодир Думбадзе, Оттар Чилладзе, Грант Матевосян, Муҳаммад Иқбол, Ҷуброн Халили Ҷуброн, Рашод Нури, Робендранат Тагор, Стефан Тсвейг, Муртазо Мушфиқ Козимӣ, Фурӯғи Фаррухзод, Нодири Нодирпур, Аҳмади Шомлу, Халилуллоҳи Халилӣ, Нусрати Раҳмонӣ, Бориқ Шафеӣ, Восифи Бохтарӣ, Саид Нафисӣ, Мо Ян (Гуан Мое).

Мутолеа ва шарҳи асарҳои насрии адибони муосири тоҷик ва хориҷӣ:

Ҳикояву новелла – 50-то, роман – 20-то, повест – 30-то, ёддоштҳо – 15-то, афсонаву қиссаҳои насрӣ -20-то, асарҳои насри ривоятӣ – 10-то, дигар асарҳои халқӣ – 10-то (ба ин миқдор осори адибони ҷаҳонӣ низ ворид мешаванд).

Замимаи 2 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019, № АП – 1165


Ҳайати комиссияи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…»

 1. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, раиси комиссия.
2. Вазири маориф ва илм – муовини раиси комиссия.
3. Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия.
4. Директори муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», муовини раиси комиссия.
5. Муовини сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби комиссия.

Аъзои комиссия:

6. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш;
7. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила;
8. Муовини вазири фарҳанг;
9. Раиси Иттифоқи нависандагон;
10. Сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ»;
11. Сармуҳаррири нашриёти «Адиб»;
12. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
13. Директори институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
14. Равшани Махсумзод – мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;
15. Муҳаммад Ғоиб – Шоири халқии Тоҷикистон ;
16. Абдулҳамид Самадӣ – Нависандаи халқии Тоҷикистон;
17. Ҷумъа Қудус – сармуҳаррири маҷаллаи «Помир»;
18. Русакова М.В. – мудири кафедраи адабиёти ҷаҳонии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия;
19. Муртазо Зайниддинзода – мудири кафедраи адабиёти навини тоҷикӣ – форсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
20. Раънои Мубориз – муовини сармуҳаррири «Адабиёт ва санъат»;
21. Восиева Рухшона – мудири кафедраи адабиёти Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода.


Замимаи 3 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019, №АП – 1165


Ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…»


Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

– номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик;
– номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик;
– номинатсияи аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик;
– номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон

Ҷоизаҳои зерин барои ғолибони озмун муқаррар шудааст:

1. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик:

1.Ҷойи якум – 30000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
2.Ҷойи дуюм – 25000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
3. Ҷойи сеюм – 20000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;

2. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик:

4. Ҷойи якум – 30000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
5. Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
6. Ҷойи сеюм -15000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;

3. Номинатсияи аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик:

7. Ҷойи якум -25000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
8. Ҷойи дуюм – 17000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
9. Ҷойи сеюм – 13000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;

4. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон:

10. Ҷойи якум – 30000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
11. Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
12. Ҷойи сеюм – 15000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;

5. ШОҲҶОИЗА

Шоҳҷоизаи озмун–50000 сомонӣ

Шоҳҷоиза ба довталабе дода мешавад, ки аз миқдори чор номинатсия беш аз 70 фоизи осори назмию насриро мутолиа ва ҳифз намудааст.
Шарҳ: Довталабоне, ки аз ҳар як номинатсия осор мутолиа мекунанд ва ашъореро аз бар менамоянд, ҳакамон метавонанд иловатан ба ҳунару истеъдоди онҳо холгузорӣ намоянд. Он бояд ҳатман дар суратҷаласа (миқдор ва теъдоди онҳо) қайд гардад ва имзои раис ва аъзои ҳакамон дар он гузошта шавад. Барои довталаб маҳдудият мондан шарт нест. Ҳакамон дар мувофиқа бо комиссияи озмун метавонанд барои иваз кардани бандҳои алоҳидаи номинатсия пешниҳод манзур намоянд. Комиссия пешниҳодҳои ҳайати ҳакамонро баррасӣ карда, дар асоси овоздиҳии кушода онҳоро дастгирӣ ва ё рад менамояд.
Эзоҳ: Маблағи умумӣ барои мукофот: 310 ҳазор сомонӣ (сесаду даҳ ҳазор сомонӣ).
Мукофотҳо бо пули миллии сомонӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назар доштани пардохти андозҳо пешбинӣ шудаанд.
Тамоми иштирокчиёни даври ниҳоӣ бо дипломи иштирокчии озмун сарфароз гардонда мешаванд.

Фармоиши ректори ДМТ