Факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 70-умин солгарди таъсиси кохи илму адаб – факултети ҳуқуқшиносӣ тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда, барои тозаву зебо намудани ҳудуди факултет пайваста тадбирандешӣ менамояд.
Санаи 5-уми марти соли 2019 дар ҳаёти факултети ҳуқуқшиносӣ рӯйдоди муҳим ва воқеаи фараҳбахш ба вуқуъ пайваст. Дар ҳамин рӯз дар идомаи амалишавии Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносии ДМТ барои солҳои 2015-2020 бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани конференсияҳо, ҷамъомадҳо ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ бо иштироки ректори ДМТ, академики Академияи илмҳои ҶТ, муҳтарам Имомзода М.С. ва декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Д.С. ва дигар меҳмонони расмӣ маросими ифтитоҳи боз як толори барҳавою замонавӣ баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар рафти ифтитоҳи толори мазкур як қатор шахсони расмӣ, аз ҷумла Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишкадаи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин меҳмонон аз кишварҳои дуру наздик иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар расми ифтитоҳи он ректори донишгоҳ афзуданд, ки таъиноти асосии толори мазкур дар сатҳи олӣ гузаронидани чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ аст. Аз ин ба баъд ҷаласаҳои шӯрои диссертатсионии миллии назди факултет ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар толори мазкур сурат хоҳанд гирифт. Мавсуф зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ аз дастовардҳои шӯрои диссертатсионии миллии назди факултет изҳори хушнудӣ намуда, фаъолияти онро мусбат арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар давоми анқариб ду соли фаъолияти шӯрои мазкур ҳудуди 38 нафар аз олимони соҳа рисолаҳои илмии худро ҳимоя ва ё ба ҳимоя пешниҳод намудаанд, ки ин дастоварди назаррас ба ҳисоб меравад. Новобаста аз ин, вобаста ба шумораи аҳолии кишвар муваффақиятҳои бадастомада ҳанӯз ҳам кифоя набуда, зарур аст, ки олимони соҳа дар самти таҳқиқи корҳои илмӣ пайваста талош намоянд. Зеро, аз рӯи маълумотҳои омории соли 2017 дар кишварҳои пешрафтаи дунё, аз ҷумла ИМА 75000, Ҷумҳурии Федеративии Олмон 29000, Англия 26000 ва Федератсияи Россия 10000 рисолаҳои илмӣ мавриди ҳимоя қарор гирифтаанд, ки дар таносуб ба аҳолии кишвар аз 0,023% то 0,007%-ро ташкил медиҳад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар соли 2018 ҳамагӣ 351 рисолаи илмӣ ҳимоя гардидааст, ки дар таносуб ба аҳолии кишвар 0,004%-ро ташкил медиҳад ва ин қонеъкунанда буда наметавонад. Бо ин назардошт, олимони кишварро зарур аст, ки аз ҳарвақта бештар масъулияти касбии худро эҳсос намуда, барои анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотии худ пайваста талош намоянд. Зикр гардид, ки мақсад аз фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ, махсусан ифтитоҳи толори мазкур заминаи хуб барои ҳимоя намудани корҳои илмӣ дар кишвари азизамон маҳсуб меёбад.
Садорати факултети ҳуқуқшиносӣ аз дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумати кишвар ва раёсати ДМТ изҳори сипос намуда, ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми неруи худро баҳри омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи ҳуқуқ сафарбар менамояд, то онҳо ба манфиати давлату миллати тоҷик хизмати содиқонаву софдилона анҷом диҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки маҷлисгоҳ ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, бо санъати баланди меъморӣ ва риояи урфу одати шарқиёна омода гардидааст ва дорои муосиртарин таҷҳизот мебошад. Он бо дастгирии раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва садорати факултети ҳуқуқшиносӣ омода ва мавриди истифода қарор дода шуд.
Меҳмонон ба сифати корҳои таъмириву азнавсозӣ баҳои баланд дода, онро ҳамчун заҳматҳои пайвастаи садорати факултет ҷиҳати ободонӣ, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ намудани ин даргоҳи илму маърифат ва хуб таҷлил намудани 70-солагии он маънидод намуданд.