7-уми марти соли 2019
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-уми март ҳамчун «Рӯзи модар» таҷлил карда мешавад. Дар паёми телевизионии соли 2019 ба муносибати «Рӯзи модар» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин рӯзи фархунда дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон силсила чорабиниҳо баргузор карда шуд. Аз ҷумла, нимаи якуми рӯзи 7-уми марти соли 2019 дар факултет ҷаласаи идона бо иштироки роҳбарияти факултет ва бонувону занон аз ҳисоби кадрҳои омӯзгорӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи модар» баргузор гардид. Дар ҳамоиши идона нахуcт декани факултет дотсент Раҳмон Д.С. ҳамаи бонувонро ба муносибати ин санаи фараҳбахш самимона шодбош гуфта, нақши ҳар кадоми онҳоро дар пешравии ҳаёти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии факултет баланд арзёбӣ намуданд. Сипас ба онҳо аз ҷониби садорати факултети ҳуқуқшиносӣ туҳфаҳои ҷашнӣ тақдим карда шуданд.
Ҳамчунин дар ҳамин рӯз аз ҷониби садорати факултети ҳуқуқшиносӣ ба коргарзанҳои бахши хоҷагӣ ва кулли донишҷӯдухтарони томоми ихтисосҳои амалкунандаи факултет ба муносибати «Рӯзи модар» мукофотпулӣ ва туҳфаҳо тақдим карда шуданд.
Мо ҳайати устодону командон ва донишҷуёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз хизматҳои арзанда ва барҷастаи модарони тоҷик сарфарозу миннатпазирем. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи модарону бонувони тоҷикро ба ифтихори гиромидошти «Рӯзи модар» самимона шодбош гуфта, барояшон тансиҳатӣ, саодати зиндагӣ, хушиҳои рӯзгор, роҳати фарзандон, дили беғам ва хотири ҷамъро орзумандем.