ТАБРИКОТИ НАВРЎЗИИ САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚШИНОСӢ

     Инак, боз ба диёри кӯҳанбунёду ганҷрез ва сарзамини таърихиву ҳосилхези тоҷикон Наврӯз омад. Наврӯз аз бузургтарин, зеботарин ва муқаддастарин ҷашни миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, аз миллати куҳанбунёду таърихӣ ва соҳибтамаддуну фарҳангсолор будани тоҷикон башорат медиҳад. Ин ҷашни бошукӯҳ мувофиқи таълимоту андешаи соҳибназарон таърихи беш аз шашҳазорсола дошта, ҳамчун мероси бою пурғановат аз ниёгон бароямон мерос мондааст. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ мақому манзалати Наврӯз ҳамчун маҳбубтарин ҷашн, оин, анъана ва русуми миллӣ сатҳу сифати навро касб намуда, бо кӯшишу заҳмат, ибтикороту ташаббусҳои бевоситаи созандаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ пайдо кард.

      Наврӯз миёни миллати тоҷик аслан ҳамчун рамзи бедории табиат, фарорасии баҳор, оғози кишту кор, ободкорӣ, тозагию бунёдкорӣ ва меҳнати ҳалолу фидокорӣ шинохта мешавад. Аз ин ҷост, ки ҳамасола дар арафаи ҷашни Наврӯзи хуҷастапай, ки ба оғози фасли нозанини сол –  баҳори гулбасар, бедории табиат ва мавсими кишту кор рост меояд, корҳои ободониву бунёдкорӣ ва созандагӣ вусъати тоза пайдо мекунанд.  Ба ин хотир, ин ҷашни пуршукӯҳ ва оламафрӯз дар тамоми гушаву канори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сокинони заҳматқарину фидокор, бедордилу ватандӯст бо як ҷаҳон суруру шодмонӣ, хушию хурсандӣ ва қалби лабрез аз фараҳу шодӣ бо роҳи оростани дастархони ҳафтсину ҳафтшин, доир намудани маъракаҳои миллии бузкашию гуштингирӣ, анҷоми амалҳои хайру савоб ва ҷавонмардона пешвоз гирифта мешавад. Мо шодем, ки имрӯзҳо ба ифтихори таҷлили сазовору арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси кишвар ҳамчун нишони   эҳтирому дастгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи   Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ, сохта ба истифода додани объектҳои таъиноти иҷтимоидошта, тозагии муҳити атроф, кабудизоркуниву ниҳолшинонӣ вусъати бесобиқа пайдо карда бомаром идома доранд.

      Пас, месазад, ки дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ба якдигар оғӯши муҳаббату бародарӣ кушоем ва ҳамчун рамзи садоқат ба Ватани маҳбуб, миллати сарбаланд ва сиёсати бобарори Сарвари маҳбуби кишварамон бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва қарзи инсонӣ ба корҳои созандагию бунёдкорӣ рӯ оварда, дар ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи Тоҷикистони азиз саҳм гузорем.  

     Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш садорати факултети ҳуқуқшиносӣ бо камоли эҳтиром устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва кулли мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба фарорасии  ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз ва баҳори дилафрӯз  самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ, бахту саодат,  ободиву осоиш, иқболи баланду  комёбиҳоро таманно менамояд.