Нимаи дуюми рӯзи 13.05.2019 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар толори барҳавою замонавӣ вохӯрии олими варзидаи рус доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Гриб Владислав Валерьевич – ректори институти ҳуқуқи байналмилалӣ ва иқтисоди ба номи А.С. Грибоедов, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Федератсияи Россия, Раиси комиссияи назорати ҷамъиятӣ ва ҳамкорӣ бо Шӯроҳои ҷамъиятии палатаи ҷамъиятӣ, Сармуҳаррири гурӯҳи нашриётии «Юрист» бо доираи васеи устодон, аспирантон ва муҳаққиқони ҷавони факултети ҳуқуқшиносӣ доир гардид. Ҳамзамон дар вохурӣ намояндагони Раёсати ДМТ, садорати факултет ва дигар роҳбарони воҳидҳои сохтории факултет ҳузур доштанд.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Дилшод Сафарбек ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмони гиромиқадрро хайра мақдам гуфтанд. Номбурда оид ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти сиёсӣ, илмӣ, таълимӣ ва омӯзгории профессор Гриб В.В. иттилоъ доданд. Аз ҷумла таъкид намуданд, ки профессор Гриб В.В. аз ҷумлаи он олимони варзидаи рус аст, ки на танҳо дар миқёси Федератсияи Россия, балки берун аз он дар сатҳи байналмиллалӣ обрӯву нуфуз ва шӯҳрату эътибори хоссаеро соҳиб аст.
Зимни мулоқот профессор Гриб В.В. доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои проблемаҳои илми ҳуқуқи конститутсионӣ ва илми ҳуқуқшиносӣ дар маҷмӯъ бо назардошти равандҳои ҷаҳонишавӣ маърӯза карда мазмуну моҳияти онҳоро шарҳу тавзеҳ дод. Ҳамзамон андешаву назари хешро дар иртибот ба низоми таълимии дузинагӣ (бакалавр, магистр) баён сохта, афзуданд, ки ҳамеша омодаанд бо марказҳои бонуфузи илмӣ-таълимии Тоҷикистон, хосатан факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкориҳои муфид ва мутақобилан судманди дуҷонибаро ба роҳ монанд. Дар робита ба ин масъала оид ба азму талош ва кӯшишҳои як зумра олимони факултети ҳуқуқшиносӣ (Диноршоҳ А.М., Сафарзода Б.А., Абдуллоев Н.А. ва ғ.) дар мавриди мусоидат ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ба ҳайси муқарризи расмӣ ва муассиси пешбар изҳори умед намуданд. Олими варзидаи рус, профессор Гриб В.В. омодагии худро дар ин самт баён намуда, минбаъд низ дастгирии худро дар ҷодаи чопи мақолаҳои илмии олимону устодони факултетро дар гурӯҳи нашриётии «Юрист» аз ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи нақлиёт, ҳуқуқи энергетикӣ ва дигар соҳаҳои ҳуқуқ изҳор дошт.
Зимнан миёни иштирокчиён ва профессор Гриб В.В. табодули афкори тарафайн сурат гирифт. Ҳозирин ба суолҳои хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Баъдан миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Институти ҳуқуқи байналмилалӣ ва иқтисоди ба номи А.С. Грибоедов созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Ҳамчун рамзи қадршиносӣ дар интиҳои вохурӣ аз ҷониби намояндагони садорати факултети ҳуқуқшиносӣ ва кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ба олими шинохта Гриб В.В. китобҳо ва дигар ашёҳое, ки фарҳанги миллии тоҷиконро таҷассум мекунанд, ҳамчун тӯҳфа тақдим карда шуд.