Дар заминаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Садорати факултети ҳуқуқшиносӣ бахшида ба 80 – солагии академики Академияи илмҳои ҶТ, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Фозил Тоҳиров конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ дар мавзӯи «Рушди илми ҳуқуқ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон» баргузор шуд, ки дар он Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Имомзода М.С., декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. ва доираи васеи омӯзгорону олимони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ иштирок намуданд.
Ректори ДМТ, академики Академияи илмҳои ҶТ Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ зимни ироаи сухани табрикотии хеш иброз намуданд, ки:
Донишмандон чароғҳои раҳнамоеанд, ки мардумро ба сӯйи саодату хушбахтӣ ҳидоят мекунанд. Нуфузу шуҳрати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ бастагӣ ба абармардону донишмандони соҳибмактаби ин даргоҳ дорад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз яке аз чеҳраҳои саршиносу маъруфи илми ҳуқуқшиносӣ, инсони шарифу олими тавоно ва устоди забардаст, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, муҳтарам Фозил Тоҳирович ба синни мубораки 80-солагӣ расиданд.
Бо камоли эҳтиром Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шуморо ба муносибати ин санаи фархунда – 80-умин солгарди баҳори умри пурнишот табрику таҳният гуфта, бароятон тандурустиву бахту иқбол, осудагии рӯзгор ва хотири ҷамъу дили беғамро таманно дорад Воқеан, хидматҳои Шумо дар илми ҳуқуқшиносӣ, пажӯҳишу пешбурди корҳои илмию-таҳқиқотӣ оид ба илми таърихи давлат ва ҳуқуки Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ, масоили ташаккулу танзими ҳукуқии низоми давлатдории миллӣ, таълиму тарбияи насли ҷавон, омода намудани кадрҳои шоистаи ҳуқуқдон ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии мардуми Тоҷикистон сутуданист.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон заҳмату талошҳои содиқонаи Шуморо, ки замони фаъолияти педагогӣ ва роҳбарӣ дар ин муассисаи бонуфузи илмию таълимии кишвар анҷом додаед, ҳамеша қадр менамояд. Нақши Шумо дар ҷодаи густариши илми ҳуқуқшиносии миллӣ, эҳё ва бозсозии анъана ва суннатҳои қадимаи давлатдории тоҷикон ва мукаммалгардонии низоми қонунгузории Тоҷикистон беназир аст. Барҳақ, Шумо яке аз асосгузорони назария ва амалияи илми таърихи давлат ва ҳуқуқ дар Тоҷикистонед.
Бо истифода аз фурсати муносиб Шумо Фозил Тоҳировичи азизро бори дигар ба 80-умин баҳори умр табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорем, ки ҳамеша солиму тандуруст ва роҳнамои кадрҳои ҷавон бошед
Декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Дилшод Сафарбек бо паёми табрикотӣ баромад намуданд. Мавсуф иброз доштанд, ки фарзонагону нобиғагони даҳр ҳамеша бо афкору кирдори мутавофид миёни дигарон ҷойгоҳи вижа касб мекунанд ва тавассути иқдомоти наҷиб ва эҷодиёти муассири хеш ба рӯзгори атрофиёнашон нуру зиё ва файзу баракат ато менамоянд.
Барҳақ, мо – шогирдон дар симои Устод Фозил Тоҳиров яке аз фозилтарину одилтарин фарзанди замонро мебинем, ки барои рушди маънавии давлату миллат, ба вижа равнақ додани илми ҳуқуқшиносӣ ва пойдории адолати иҷтимоӣ талош меварзад.
Бояд бо камоли эҳтиром иброз намоям, ки ҳар гоҳ, ки сухан дар бораи рушди илми ҳуқуқшиносӣ дар Тоҷикистон меравад яке аз аввалинҳо доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, академики Академияи илмҳои ҶТ, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Фозил Тоҳиров дар ёду ҳуши мо ба хотир мерасад, ки албата ин бесабаб нест. Зеро устод ҳамчун олими тавоною варзида, шахсияти нуқтасанҷ ва аз ҳама муҳиммаш аз зумраи фидоиёни илми тоҷик буда, тамоми умри бобаракати хешро дар роҳи поягузорӣ ва ташаккули илми ҳуқуқшиносӣ ва таълиму тарбияи шогирдон дар кишвар сарфа намуда аст.
Ҳимматбаландии Устод буд, ки тулли ҳаёти ибратбахшаш тавонист як мактаби бузурги ҳуқуқиро асос гузорад. Хушбахтона имрӯзҳо шогирдони Устод дар мансабҳои пурмасъулияи ҳокимияти давлатӣ кору фаъолият намуда, баҳри тараққию рушди босуботи кишвар хидмат намуда истодаанд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз мо ба унвони шогирдони асил аз мактаби бузурги инсонияту самимияти Устод Фозил Тоҳиров баҳра мебардорему аз гулистони маърифату илмофарашон садафҳои маънӣ мечинем.
Ба ифтихори ин рӯзи фархунда, бо камоли эҳтирому садоқатмандӣ аз номи садорат, ҳайати устодону кормандон ва донишҷуёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 80 – умин баҳори нозанини умрро бароятон Устоди гиромиқадр шодбош гуфта, аз маъзари поки Офаридгор ба Шумо тансиҳатӣ, рӯзгори бофароғат ва саодати ду ҷаҳонро талаб менамоям.
Умедворем, ки Шумо солҳои тулонӣ дар рушду нумӯи илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва таҳкими ваҳдату истиқлоли кишвар нақши бориз гузошта ба роҳу равиши шогирдон ҳамчун моҳи мунир нури худафрӯзию худшиносӣ мебахшед. Хуршеди толеъатон партавафшон ва баҳори умратон бехазон боқӣ монад Устоди азиз!