Нимаи аввали рӯзи 25 июни соли 2019 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 22-юмин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 80-умин солгарди Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории донишгоҳ Абдуллоев Неъмат конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Рушди падидаҳои адолати судӣ ва назорати прокурорӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар кори он роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултети ҳуқуқшиносӣ, устодону кормандони факултет, олимон, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вакилони мардумӣ, судяҳо, прокурорҳо, адвокатҳо ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аспирантону унвонҷӯён, намояндагони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Зимни ифтитоҳи кори конференсия ректори ДМТ, Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Имомзода М.С. ба муҳиммият ва аҳамияти мавзӯи ҳаммоиши илмӣ ишора намуда, иброз намуданд, ки Ваҳдати миллӣ аз арзишмандтарин ва бузургтарин дастоварди даврони Истиқлолияти давлатии кишварамон ба ҳисоб рафта, такя бо хиради азалии мардуми тамаддунофар ва фарҳангсолори тоҷик дар асоси заҳмату талошҳо ва ташаббусҳои бевоситаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ҳамзамон дар идомаи суханронии хеш мавсуф афзуданд, ки маҳз бо Шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ба имзо расидани созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ 27-июни соли 1997 дар шаҳри Москави Федератсияи Россия дар тамоми соҳаҳои афзалиятноки ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву- иҷтимоӣ ва фарҳангии Ватани маҳбубамон дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайваста, заминаҳои боэътимоди ҳуқуқӣ-ташкилии рушди давлатдории миллӣ фароҳам оварда шуданд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси як кишвари ташаббускори ҳалли муҳимтарин масъалаҳои глобалӣ эътироф шудааст, ки дар ин ҷода хизматҳои арзишманди Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназиранд.
Ҳамзамон ректор Имомзода М.С. собиқадори донишгоҳ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, дотсент Неъмат Абдуллоевро, ки 80-умин солгарди баҳори умр ва 53-солагии фаъолияти бенуқсону ибратбахши омӯзгориашон дар арафи таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ рост омадааст, аз номи Раёсати ДМТ самимона табрик гуфта, хизматҳои анҷомдодаи устод Неъмат Абдуллоевро дар ҷодаи омода кардани мутахассисони лаёқатманд, таълиму тарбияи шогирдон, анҷом додани корҳои арзишманди илмӣ-таҳқиқотӣ дар Донишгоҳ баланд арзёбӣ карданд ва ба ӯ тансиҳативу комёбиҳои нави эҷодиро таманно карданд.
Декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Д.С. зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ нахуст ҳузури мубораки меҳмонон ва аҳли нишастро хайру мақдам гуфта, ба роҳбарияти Донишгоҳ барои дастгирӣ ва мусоидат дар кори баргузори конференсияи илмӣ изҳор сипос карданд. Мавсуф афзуданд, ки баргузории ин қабил ҳаммоиши илмӣ бо дастгирӣ аз сиёсати хирадмандона ва ваҳдатофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос ёфта, ба хотири таҳкими заминаҳои ваҳдат ва ризоияти миллӣ дар ҷомеа, пос доштани арзиш ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ роҳандозӣ мешавад. Номбурда аз хизматҳои шоён ва фаъолияти илмию педагогии устод Абдуллоев Неъмат дар факултети ҳуқуқшиносӣ ёддовар шуда, саҳми ӯро дар рушди кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ, тарбияи мутахассисони асил махсус қайд карда, барҳақ ӯро аз саромадони илми ҳуқуқи мурофиаи ҷинояти дар Тоҷикистон унвон карданд. Изҳори умед карданд, ки кори конференсияи илмӣ-амалӣ аз ҳар ҷиҳат манфиатбор буда, натиҷаҳои он барои пешрафти ҳаёти ҳуқуқии ҷомеа ва таъмини зиндагонии шоистаи мардуми Тоҷикистон арзишманд хоҳанд буд.
Сипас бо суханони ифтитоҳӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Сафарзода Б.А., намояндагони Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Иттифоқи адвокатҳо, Иттифоқи касабаи кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишкадаи давлатии идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, таъкид доштанд, ки давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ Донишгоҳи миллӣ ва хусусан факултети ҳуқуқшиносӣ ба як маркази асосии баргузории ҳаммоиш ва чорабиниҳои илмии сатҳи баланд табдил ёфтааст. Онҳо аҳли нишастро ба ифтихори таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона шодбош гуфта, аҳамияти таърихии ин ҷашни муҳими давлатиро дар сарҷамъии миллати тоҷик, аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллат ва аз вартаи ҳалокат наҷот додани давлатро махсус таъкид намуда, ба ҳозирин тансиҳатӣ, рӯзгори босаодат ва хушҳоливу хушрузиро таманно намуданд. Дар идомаи суханрониҳои хеш таъкид доштанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду тақвияти ҳокимияти судӣ ва фаъолияти мақомоти прокуратура аз ҷониби Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар тадбирҳои зиёде анҷом дода шуда, як силсила санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул карда шуданд. Дар шароити бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон саҳми мақомоти судӣ ва прокуратураро дар таъмини адолати иҷтимоӣ, қонуният, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муассир эътироф намуданд.
Сипас аз рӯйи барномаи кории конференсия масъулон оид ба паҳлуҳои гуногуни падидаҳои Ваҳдаи миллӣ, адолати судӣ ва назорати прокурорӣ дар замони соҳибихтиёри давлатӣ маърӯзаҳо қироат карданд.
Дар музокира табодули афкори судманд миёни маърӯзачиён ва аҳли нишаст доир гашта, дар фарҷоми кори конференсия қатънома қабул гардид.