Рӯзи дониш муборак устодону омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагон!

         Боиси ифтихору хушнудист, ки ҳамасола дар тамоми муассисаҳои таълимӣ рӯзи 1-уми сентябр ҳамчун «Рӯзи дониш» дар фазои тантанавӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни фархунда бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 1-уми сентябри соли ҷорӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ баргузор гардид. 

      Бо иштироки доираи васеи устодон, кормандон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии ДМТ тамошои пахши мустақими «Дарси сулҳ», ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гашт, баргузор гардид.

       Пешвои муаззами миллат ба ин муносибат устодону омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва бахусус, кӯдаконеро, ки имсол ба боргоҳҳои маърифат қадами нахустин мегузоранд, табрик намуда, қайд карданд, ки мо бояд ба сатҳу сифати таҳсилот аз ҳарвақта дида, бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем, дар ҳамаи зинаҳои таълим усулҳои пешқадамро ҷорӣ созем ва талаботро нисбат ба таълими донишҳои назариявӣ ва амаливу таҷрибавӣ пурзӯр намоем.

     Зимни суханронӣ Пешвои миллат таъкид доштанд, ки омӯзгорони мо бояд меъёрҳои арзёбии дониши шогирдонро тавсеа бахшанд, барои омӯзонидани таърих, забон, адабиёт, фарҳангу санъати гузаштаву муосир, расму ойин ва дигар арзишҳои миллӣ зиёдтар талош намоянд, ба хонандагону донишҷӯён арзишҳои муқаддаси истиқлолият ва озодиро дуруст шарҳ диҳанд, моҳияти сулҳу суботро ҳамчун шарти асосии зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистони азиз таблиғ созанд, барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ талош карда, дар раванди бунёди ҷомеаи шаҳрвандии демокративу дунявӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.

         Воқеан мо аз он шукргузорем, ки дар натиҷаи амалӣ сохтани сиёсати ҳадафмандонаи Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳои арзанда барои аз бар кардани донишҳои замонавӣ дар муассисаҳои таълимии ҳамзинаҳои таҳсилот муҳайё карда шуда, соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар эътироф гардидааст. Аз он хурсанду сарфарозем, ки дар шароити сулҳу субот, оромию ваҳдати миллӣ бо чеҳраҳои кушодаву рухсораҳои болида ва қалби лабрез аз меҳру муҳаббат ва шодию нишоти беандоза ба ояндаи неки сарзамини аҷдодиамон боз ба дидори ҳам расида, Рӯзи донишро истиқбол мегирем.

          Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш кулли омӯзгорону профессорон, кормандону донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба ифтихори фарорасии «Рӯзи дониш» ва соли нави таҳсили 2019-2020 самимона табрику шодбош гуфта, барояшон иқболу саодатмандӣ, тансиҳативу хушрӯзӣ, дастовардҳои нави илмию таълимӣ, хониши хубу аъло ва хизмати арзандаву шоистаро ба нафъи гиромидошти Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таманно менамоем.


Бо эҳтиром,

Садорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ