Таҳти ин унвон санаи 10-уми декабри соли 2019 дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ бахшида ба таҷлили рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир карда шуд.
Иштирокчиёни чорабинӣ пеш аз оғози он Суруди Миллии Тоҷикистонро зинда қироат карданд.
Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ бо сухани ифтитоҳии муовини ректори ДМТ оид ба илм, доктори илмҳои кимиё, профессор Сафармамадов С.М. оғоз гардид. Мавсуф зимни ироаи сухани ифтитоҳии хеш ҳозиринро ба муносибати рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон табрику шодбош намуда, иброз намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланди илмӣ дар инкишофи низоми ҳуқуқии кишвар ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ нақши боризи худро мегузорад. Мавсуф нақш ва мавқеи миллати тоҷикро дар масири таърих дар роҳи шинохти ҳуқуқи инсон ва эҳтиром гузоштан ба он бисёр баланд арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки Эъломияи Куруши Кабир бори нахуст ҳуқуқҳои инсонро дар таърихи башарият муайян намуда, минбаъд баҳри қабул намудани санадҳои дигар дар самти ҳуқуқи инсон заминаи асосиро гузоштааст.
Сипас, декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Дилшод Сафарбек бо сухани шодбошӣ баромад намуда, нақш ва мавқеи Эъломияи умумии ҳуқуқи инсонро дар инкишофи қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ дар самти ҳуқуқи инсон тавзеҳ дод. Зимни ироаи сухани шодбошӣ қайд намуд, ки ҶТ дар самти ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст, ки дар ин кор саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳое, ки бевосита ба ҳуқуқи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард мебошанд. Бинобар ҳамин, баргузории конференсияи мазкурро идомаи сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳуқуқи инсон унвон намуданд ва ба ҳозирин дар кори конференсия барору комёбӣ таманно карданд.
Дар кори конференсия олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, намояндагон аз вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ВАО ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи пленарии конференсия зиёда аз 15 маърӯза дар мавзӯъҳои гуногуни ҳуқуқӣ, ба мисли нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар низоми сарчашмаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳимояи ҳуқуқи беморон дар доираи санадҳои байналмилалӣ; соҳибихтиёрии халқӣ ва давлатӣ: таносуби озодиҳои ботинӣ ва зоҳирии давлат дар партави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; зарурати қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ қарор доранд ва авфи онҳо; ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар бахши танзими байналмилалӣ-ҳуқуқии меҳнат; мафҳуми ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ; ҷаҳонишавӣ ва манфиатҳои миллии Тоҷикистон; аҳамияти маҳдудсозии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд; мубрамияти таълими ҳуқуқи инсон дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир ва ғ. пешниҳод ва мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Конференсия кори худро дар се бахш ба роҳ монда, дар он зиёда аз 60 маърӯза бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шакли бевосита ва ғоибона пешниҳод гардиданд. Маърӯзаҳои мавриди баррасӣ қароргирифта фарогири масъалаҳои мубрами назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ; ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ; гражданӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон буданд.
Зимни баррасии мавзӯъҳои зикргардида аз ҷониби олимон пешниҳодҳо оид ба инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ ва мукаммал намудани қонунгузории миллӣ ироа карда шуд. Қайд гардид, ки Конститутсияи ҶТ ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эълон кардааст. Аз ин рӯ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон бояд меҳвари фаъолияти мақомоти давлатӣ, корхонаву муассиса, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ташкил диҳад.
Иштирокчиён баргузории чунин конференсияи сатҳи баландро нишон аз Ваҳдати миллӣ, тинҷиву амонӣ ва самараи Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки арзиши олӣ эълон шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ маҳз самараи даврони соҳибихтиёрӣ аст.
Дар фарҷоми конференсияи байналмилалӣ иштирокчиён қатънома қабул намуданд. Таъкид гардид, ки таклифу пешниҳодҳо ва натиҷаҳои конференсия барои такмили қонунгузорӣ ва рушди низоми ҳуқуқии кишвар ба мақомоти дахлдори давлатӣ дастрас карда мешаванд.
Изҳори умед карда шуд, ки конференсияи мазкур дар баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии мутахассисони соҳа, инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ ва таҳкими қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши арзандаи худро хоҳад гузошт. Иштирокчиён таъкид доштанд, ки новобаста аз гуногунии миллату халқиятҳо, дину мазҳаб, ранги пуст ва дигар аломатҳои иҷтимоӣ миллати ягона, дину мазҳаби ягона сокинони сайёраро бо ҳам мепайвандад, ки он ҳуқуқи инсон аст. Аз ин рӯ, ҳар як шахс бояд ҳуқуқу озодиҳои худро донад ва ҳуқуқу озодиҳои дигар аъзои ҷомеаро эҳтиром, намояд ва барои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии худ ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон дар ҷомеа саҳмгузор бошад.