Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд, таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд саҳми беназир дорад.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: “Аҳаммияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи миллати фарҳангсолори моро инъикос кардааст ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор додааст”.
Дар воқеъ Конститутсияи кишвар тамоми орзуву ормон ва ҳувияти озодихоҳиву озодиандешии мардуми тоҷикро дар худ ифода намуда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагонии босаодати ҳар фард заминаи мусоидро фароҳам овард.
Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш бо камоли ифтихору сарфарозӣ устодону кормандон, донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва мардуми шарафманди Тоҷикистони азизро ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ, ободиву осоиш, хушҳоливу хушрӯзӣ ва ба Тоҷикистони азиз пешрафту инкишофро орзумандам.
Бо камоли эҳтиром,
Садорати факултети ҳуқуқшиносии
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон