Факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд. Бо ин мақсад дар ҳаёти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии факултети ҳуқуқшиносӣ як қатор рӯйдодҳои муҳим ва воқеаҳои фараҳбахш ба вуқуъ пайвастанд.
Нимаи аввали рӯзи 12-уми марти соли 2020 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими муаррифӣ ва ба фаъолият шурӯъ кардани Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-059 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯи ихтисос доир ба ихтисосҳои 6D030100 – Ҳуқуқшиносӣ ва 6D030300 – Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ (ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рӯи ихтисосҳои 12.00.08 – Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ; 12.00.09 – Мурофиаи ҷиноӣ ва 12.00.12 – Криминалистика; фаъолияти судӣ-экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ) дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки бо фармони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2020, №62 таъсис ёфта буд, баргузор гардид. Дар маросими муаррифӣ ва ҷаласаи нахустини Шӯро Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Имомзода М.С., ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Хувахтзода Қ.Х., декани факултети ҳуқуқшиносӣ дотсент Раҳмон Д.С., намояндагони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони дигар муассиса, ташкилот ва мақомоти давлатӣ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, аъзоёни Шӯро ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Имомзода М.С. ҳусни оғоз бахшид. Зимни ироаи сухани муқаддамотии хеш мавсуф изҳор дошт, ки дар маросими муаррифӣ ва ба фаъолият шурӯъ кардани боз як Шӯрои диссертатсионии миллӣ, ки бо шарофати касби Истиқлолияти давлатӣ, амалӣ сохтани сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гаштааст, иштирок дорем. Таъсиси шурои мазкур имкони хело муносиб ба кафедраҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ, криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ дар самти ҳимояи рисолаҳои номзадӣ фароҳам меорад. Ин иқдом имконият медиҳад, ки барои дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар низ кадрҳои унвони илмидор тайёр карда шаванд. Ҳамзамон изҳор доштанд, ки дар шароити кунунӣ факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз марказҳои асосӣ ва бонуфузи омода кардани кадрҳои соҳибунвони илмӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад. Маҳз дар натиҷаи дуруст роҳандозӣ кардани корҳои ташкиливу тарғиботӣ аз ҷониби садорати факултет ва дастгириҳои ҳамешагии Раёсати донишгоҳ иқтидори илмӣ ва кадрии факултет афзун гашта, ин амал ба таъсиси Шӯроҳои нави диссертатсионӣ аз руи ихтисосҳои гуногуни илми ҳуқуқшиносӣ мусоидат менамояд. Таъсиси Шӯро дастоварди беназир барои муаррифии илми ҳуқуқшиносии миллӣ буда, умед дорем, ки бо кӯмаку дастгирӣ, ҳидояту роҳбарии аъзоёни Шӯро беҳтарин донишмандону муҳаққиқон дар он ба ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ комёб мегарданд. Дар охир бори дигар ташрифи меҳмонони олиқадрро ба ДМТ хайрамақдам гуфта, аъзоёни Шӯроро ба фаъолияти босамар ва созанда ҳидоят намуд.
Дар сухани табрикотии хеш раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Розиқзода А.Ш. зикр намуданд, ки таъсиси Шӯроҳои миллӣ бо шарофати касби Истиқлолияти давлатӣ ва таъсиси КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир гашта, заминаҳои боэътимоди ҳуқуқӣ-ташкилиро барои инкишофу пешрафти илми миллӣ ва ҳамзамон муаррифии илми тоҷик ба дунё бунёд мегузоранд. Номбурда кулли ҳозиринро ба ин дастоварди нодир шодбош гуфта, аз аъзоёни Шӯро даъват ба амал овард, ки ба мазмуну сифати омода кардани рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, инчунин таҳқиқи мавзӯъҳои рӯзмарраи барои ояндаи давлату миллати тоҷик манфиатбор таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд.
Дар ҳамин рӯз дар идомаи амалишавии Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 бо мақсади омода кардани кадрҳои баландихтисос, ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнат, баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳи саводнокии донишҷӯён нахуст маросими ифтитоҳи Лабораторияи криминалистии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ баргузор гардид. Дар расми ифтитоҳи он Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуданд, ки ба истифода додани Лабораторияи криминалистӣ ва ҷиҳозонидани он бо техникаҳои муосири криминалистӣ ба низоми омода намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ заминаи мусоидро фароҳам меорад.
Лабораторияи криминалистӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, дорои палигони (толори) гузаронидани амалҳои тафтишӣ, синфхонаи суратгирии криминалистӣ, лабораторияи трассалогӣ ва дактилоскопӣ (пайи ангушт), лабораторияи баллистикӣ, лабораторияи силоҳи сард, лабораторияи хатшиносӣ ва тадқиқоти техникӣ-криминалистии ҳуҷҷат, синфхонаи габитологӣ, толори конфронс ва бойгонӣ мебошад. Дар лаборатория шароити мусоид барои донишҷӯён ҳам барои фасли сармо ва ҳам фасли гармо фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон тарҳи нав ва замонавии лаборатория имконият медиҳад, ки дар толорҳои он конференсияҳо, мизҳои мудаввар, маҳфилҳои илмии донишҷӯён ва дарсҳои амалӣ-криминалистӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ гузаронида шаванд. Дар умум аз ҷониби ҳозирин ба сифати корҳои таъмириву азнавсозӣ баҳои баланд дода шуд.