Ин факултаро самар

Ба факултаи ҳуқуқшиносӣ

Макони илму ҳунар,

Ҳуқуқу адли башар.

Ёрӣ ба ҳар як нафар,

Ин факултаро самар!

Адолату софкорӣ,

Маданияту созгорӣ.

Ақлу заковатдорӣ,

Ин факултаро самар!

Одаму одамгарӣ,

Ҳам ба корҳо сарварӣ.

Некиҳиссагузорӣ,

Ин факултаро самар!

Сарқонунро дорӣ пос,

Бо қонун рафтори хос,

Адлу ҳуқуқро шинос.

Ин факултаро самар!

Дар додгоҳ коромӯз,

Бо ҷабрдидаҳо сӯз,

Парвандаҳоро омӯз.

Ин факултаро самар!

Ба инсон ҳуқуқварӣ,

Ба соҳибе корбарӣ,

Ба мақоми сарварӣ

Ин факултаро самар!

Ганҷи илму ҳунарро,

Ёбӣ ту дар ҳамин ҷо,

Донӣ ту, Дониёро,

Ин факултаро самар!

Дониёрҷон Сангинӣ