Нақши интихобот дар инкишофи демократия дар Тоҷикистон

Изатулло Маҳмудов

мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ

ва назорати прокурорӣ

    Яке аз нишонаҳои асосии демократӣ будани давлат дар он ифода меёбад, ки ҳокимияти давлатӣ дар қаламрави он бо кадом тарз амалӣ карда мешавад. Агар ташкили мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ (масалан президент, парламент, ҳукумат, низоми судӣ) дар ҳолати истифода аз сохторҳои демократӣ, яъне бо истифода аз усулҳои интихобот, раъйпурсӣ, соҳибихтиёрии халқ, иштироки ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва ғайра асос ёфта бошанд, пас хулоса кардан мумкин аст, ки дар ҳудуди ин давлат режими сиёсии демократӣ амал мекунад. Ва баръакс, зимни сарфи назар намудани падидаҳои демократӣ, аз ҷумла тавассути маҳдуд намудани ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон, ташкили мақомоти олии давлат бидуни интихобот, маҳдуд намудани ҳуқуқи интихобот, муттаҳид намудани ҳокимият дар дасти танҳо як шохаи ҳокимият, манъи ҳизбҳои сиёсӣ ва ғ. дар ҳудуди давлатҳои алоҳида, кас ба андешае меояд, ки режими давлат ғайридемократӣ аст. Ба сохти идораи давлати демократӣ интихоботи озодона хос аст ва моҳияти демократии давлат низ рӯи ҳамин поя қарор дорад. Ҳокимияти давлатӣ бояд мувофиқи иродаи воқеии халқ ташкил карда шуда ба манфиати халқ нигаронида шавад. Ба маънои умум демократия пурраҳокимиятии халқро ифода мекунад. Мувофиқи моддаи 1-уми Сарқонун – Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Мувофиқи муқаррароти қисми 1-и моддаи 6-уми он халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд. Ҳамзамон дар қисми 2-юми ҳамин модда омадааст, ки ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ба ҳисоб меравад. Яке аз ҳуқуқҳои асосии сиёсии шаҳрвандонро ин ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ ташкил медиҳад. Мувофиқи моддаи 27-и Конститутсияи ҶТ шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё бавоситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳукуқи интихоб шуданро дорад. Шахсоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок карданро надоранд. Бинобар ҳамин, бо назардошти ҳолатҳои ҷойдошта, бо ифтихор қайд кардан бамаврид аст, ки қонунгузории ҶТ дар бораи интихобот ба арзишҳои демократии байналмиллалӣ ва стандартҳои эътирофшудаи ҷаҳонӣ пурра мувофиқат мекунад.

  Тавре ки натиҷаи омӯзиши сарчашмаҳои муътамади таърихӣ, таҳлили адабиёти махсуси таълимӣ ва рисолаҳои арзишманди илмӣ шаҳодат медиҳанд, интихобот яке аз қадимтарин падидаҳои ҷомеаи башарӣ ба ҳисоб меравад. Дар замони муосир низ интихобот яке аз унсурҳои ҷудонопазири ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Интихобот ба хотири пиёда намудани мақсадҳои муайян амалӣ карда мешавад. Вазифаи асосӣ ва муҳимтарини интихобот аз қонунӣ гардонидани ҳокимияти мавҷуда иборат мебошад. Бо роҳи гузаронидани интихобот мардум намояндагони худро барои иҷрои вазифа ва мансабҳои муайяни давлатӣ интихоб менамоянд. Мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ халқ дар замони муосир ба воситаи интихобот ва раъйпурсӣ мақсаду мароми худро амалӣ карда ба ин восита дар идоракунии давлат саҳм мегузорад.

    Интихобот имкон фароҳам меоварад, ки шаҳрвандон бо назардошти манфиатҳои худ ҳизбу иттиҳодияҳои гуногунро таъсис дода, ба ин васила дар кори идоракунии давлатӣ ва пешбурди ҳаёти сиёсӣ фаъолона иштирок намоянд. Бори аввал Сарқонуни ҶТ низоми бисёрҳизбиро пешбинӣ намуд, ки он раванди интихоботро демократитар намуда, имконият фароҳам овард, ки ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёбад. Бояд хотирнишон сохт, ки мувофиқи қонунгузории амалкунандаи ҶТ асосан шахсони мансабдори давлатӣ ё ба вазифа таъин мешаванд ва ё бевосита аз ҷониби шаҳрвандон интихоб карда мешаванд. Аз ин рӯ, маҳз тавассути интихобот шаҳрвандон имкон пайдо менамоянд, ки беҳтарин намояндагони хешро барои иҷрои ормону иродаи худ ба вазифаҳои масъул интихоб намояд. Натиҷаи таҳлили қонунгузории ҶТ аз он шаҳодат медиҳад, ки айни замон бо роҳи гузаронидани интихобот шаҳрвандон ба вазифаҳои Президенти ҶТ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, вакилони маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ ва вакилони ҷамоатҳо бевосита интихоб карда мешаванд. Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ бошанд, бавосита интихоб мешаванд.