[vc_row][vc_column width=”1/4″][vc_widget_sidebar sidebar_id=”td-td_demo_category”][/vc_column][vc_column width=”3/4″][vc_column_text]
Мудири кафедра — д.и.ҳ., дотсент Сафарзода Анвар Ислом | ||
Суроға: | 735000, ш. Душанбе, куч. Буни Ҳисорак, бинои 11, ошёнаи 5, утоқҳои 515, 521, 522, 524. | |
Телефон: | 224-63-95 | |
E-mail: | anvar_safarov85@mail.ru |
[/vc_column_text][cq_vc_separator title=”” bgcolor=”#333333″ fontcolor=”#ffffff”][vc_tta_accordion style=”modern” color=”sky” spacing=”1″ gap=”1″ active_section=”1″ no_fill=”true” collapsible_all=”true”][vc_tta_section title=”Суратҳои устодони кафедра” tab_id=”1584072225856-b51c62e7-4dbd”][vc_column_text]
[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Таърих” tab_id=”1584072253901-5e3361b2-2078″][vc_column_text]
ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ҲУҚУҚИ ҶИНОЯТЇ ВА МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
Факултети ҳуқуқшиносии ДМТ махзани илму дониш ва поягузори илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад. Чунки дар ин даргоҳ олимони бузурги ватанию хориҷӣ фаъолияти илмию омӯзгорӣ намудаанд ва ин анъана то ба ҳол идома дорад. Нашқи факултет дар рушди илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва таъминоти мақомоти давлатӣ ба кадрҳои баландихтисос низ назаррас арзёбӣ мегардад.
Сохтори факулет аз ёздаҳ кафедра иборат мебошад, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи донишҷӯён, инчунин ба амал баровардани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ тамоми тадбирҳоро меандешанд. Яке аз чунин кафедраҳои факултет ин кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия мебошад.
Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия соли 1957 бо номи “кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ” сеюмин кафедра дар сохтори факултет таъсис ёфта буд.
Нахустин мудири кафедра дотсент Юрий Петрович Касаткин буд.
Дар давраи роҳбарии Ю.П. Касаткин дар кафедра омӯзгорони шинохта Е.А. Андрусенко, В.Г. Гранберг, К.М. Каратсев, Ш.Р. Розиқов, Ҷ.С. Орипов ва дигарон фаъолият намудаанд. Ю.П. Касаткин дар ташкили ҷараёни таълим, тарҳезии барномаҳои дарсӣ ва тахассусӣ кӯшишҳои зиёде ба харҷ додааст ва нақши пурсамари худро дар фаъолияти кафедра гузоштааст. Ҳамзамон, Ю.П. Касаткин аз соли 1957 то соли 1961 роҳбарии садорати факултетро бар уҳда дошт. Инчунин, ӯ аз соли 1962 то соли 1978 дар Суди Олии ИҶШС фаъолият намудааст. Пас аз ҳимояи рисолаи докторӣ дар соли 1978 то ба нафақа баромаданаш дар вазифаи мудири кафедраи назорати прокурорӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ дар судҳо, воқеъ дар Пажӯҳишгоҳи такмили ихтисоси Прокуратураи генералии Федератсияи Русия кор кардааст.
Минбаъд, солҳои 1961-1967 роҳбарии кафедраро дотсент Ҳамроқулов Раббимқул Назарович бар уҳда доштанд. Р.Н. Ҳамроқулов ҳамчун устоди дорои маданияти баланд, сахтгиру меҳрубон, дар ҷодаи илму тарбия хеле масъулиятнок медонанд. Р.Н. Ҳамроқулов дар мураттаб сохтани Кодекси ҷиноятии ҶШС Тоҷикистон, Кодекси мурофиаи ҷиноятии ҶШС Тоҷикистон ва Кодекси мурофиаи граждании ҶШС Тоҷикистон (соли 1961) фаъолона ширкат намудааст.
Дар давраи роҳбарии Р.Н. Ҳамроқулов якчанд омӯзгорони кафедра, аз ҷумла Ш.Р. Розиқов, Е.А. Андрусенко, Ҳ.С. Салимов рисолаҳои номзадии худро ҳимоя карда намуданд.
Минбаъд, аз соли 1974 то 1979 Ш.Р. Розиқов ба ҳайси мудири кафедра фаъолият намудааст. Ш.Р. Розиқов ҳамчун олими тавоно ва суханвари хушбаён миёни ҷамъи кормандону омӯзгорони факултет ва берун аз он шуҳрат пайдо карда буд. Дар давраи роҳбарии Ш.Р. Розиқов як зумра омӯзгорони бомаҳорати ҷавон ба воя расидаанд, ки рисолаҳои номзадии худро зери дастгирии устод дифо намуданд. Аз он ҷумла, З.Д. Ямоқова, И.М. Зобина, И.Я. Оврутский, Ю.А. Қурбонов, А.Х. Ҳотамов ва дигарон.
Доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор М.М. Муллоев бошанд, се маротиба, яъне солҳои 1967-1973 ва 1979 ба вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия интихоб шудаанд.
Соли 1973 дар заминаи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ ду кафедра: кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ таъсис ёфт. Минбаъд, фанҳои таълимӣ ба монанди ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика, ҳуқуки ислоҳи меҳнатӣ ва якчанд курсҳои махсус аз ҷониби устодони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва қисмати дигар, ба монанди ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ, ҳуқуқи судӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, бухгалтерияи судӣ ва санъати нутқ аз ҷониби устодони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ тадрис мегардиданд.
Солҳои 1982-2007 роҳбарии кафедра ба зиммаи дотсент Ҳ.С. Салимов вогузор гардида буд. Дар ин муддат кафедраро ҳамаҷониба бо коршиносу омӯзгорони пуртаҷриба, таҷҳизоти зарӯрӣ ба қадри имкон таъмин карда, як зумра шогирдони хеле болаёқатро ба кор қабул намуданд.
Тибқи Қарори Шӯрои олимони ДМТ аз 5 феврали соли 2007 дотсент Т.Ш. Шарипов мудири кафедра таъин гардида, дар ин вазифа то 23 майи соли 2015 фаъолият намуданд.
Дар ин муддат, омӯзгорони кафедра рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро ҳимоя намуданд. Аз ҷумла, дотсент Т.Ш. Шарипов соли 2008 дар Донишгоҳи давлатии Москав ба номи М.Ломоносов (МГУ), ассистентон З.А. Камолов рисолаи номзадиашро дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Иркутски ФР, ассистентон А.И. Сафарзода, Р.И. Шарипов Б. Саидвализода бошанд рисолаҳои номзадиашонро дар шаҳри Москва сарбаландона ҳимоя намудаанд. Айниҳол бошад, устод профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия мебошанд.
Айни ҳол роҳбарии кафедра дотсент Сафарзода А.И. мебошад.
Тибқи Фармоиши ректори ДМТ аз 23 майи соли 2015 номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Сафарзода А.И. иҷрокунадаи вазифаи мудири кафедра ва аз 25 ноябри соли 2015 мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ интихоб гардид.
Имрӯз дар баробари устодони собиқадор – профессор Т.Ш. Шарипов, дотсентон Ѓ.С. Сатторов, Сафарзода А.И., З.А. Камолов, Р.И. Шарипов, Ф.А. Мирзоахмедов, Г.М. Юлдошева, омӯзгорони умедбахши ҷавон, ба монанди Холиқзода Ш.Л., Мирзоев С.Т., Миралиев Э.Б., Сайфуллозода У.А., Раҳмонзода М.Ҷ., Мирзоев Қ.Х., Амиров А.А., Каримов Д., Маҷидзода П., ва аспирантону унвонҷӯён фаъолият намуда, дар таълиму тарбияи донишҷӯён фаъолона иштирок доранд.
Кафедра таърихи 62 соларо соҳиб аст. Дар тули солҳои сипаришуда аз ҷониби аъзоёни кафедра садҳо монографияву дастурҳои илмӣ-методӣ ва мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои гуногун ба забонҳои тоҷикию русӣ, англисӣ ва олмонӣ аз чоп баромадаанд, ки ба таҳқиқи масъалҳои марбут ба ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва кримналистика бахшида шудаанд. Аз он ҷумла, монографияҳои К.М. Каратсев «Расследование автотранспортных происшествий» (Тафтиши ҳодисаҳои нақлиёти автомобилӣ), Я.М. Яковлев «Расследование убийств» (Тафтиши куштор) ва «Половые преступления» (Ҷиноятҳои ҷинсӣ), Р.Н. Ҳамроқулов «Уголовно-процессуальное законодательство Таджикской ССР» (Қонунгузории ҷиноятӣ-мурофиавии ҶШС Тоҷикистон), М.М. Муллоев «Уголовно-правовая борьба с хищениями социалистической собственности» (Муборизаи ҷиноятӣ-ҳуқуқӣ муқобили тасарруфи моликияти сотсиалистӣ), «Комментарий к Уголовному кодексу Таджикской ССР» (Тафсир ба Кодекси ҷиноятии ҶШС Тоҷикистон); Т.Ш. Шарипов «Условное освобождение от отбывания наказания» (Шартан аз адои ҷазо озод кардан); Сафарзода А.И. «Уголовная ответственность за легализации (отмывание) денежных средств либо иного имущества, полученных противозаконным путем», «Противодействие легализации (отмывания) денежных средств или иного имущества, полученных преступным путем»; «Уголовно-правовая охрана предпринимательской деятельности в Республики Таджикистан»; Ш.Н. Саидзода «Уголовная ответственность за контрабанду по законодательству РТ»; Р.И. Шарипов «Уголовная ответственность за мошенничества по законодательства РТ»; Ф.А. Мирзоахмедов «Уголовная ответственность за терроризм по законодательству Республики Таджикистан и Российской Федерации»; Б.Ш. Қурбонзода «Уголовная отвественость за организацию экстремисткого сообщества в Республики Таджикистан», китоби дарсӣ бо забони давлатӣ «Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ” муалифон Т.Ш. Шарипов, Сафарзода А.И., З.А. Камолов», «Ҳуқуқи ҷиноятӣ бо истифодаи усулҳои интерактивӣ» зери муаллифии Сафарзода А.И., Т.Ш. Шарипов. Ѓайр аз ин, дар кафедра бо қалами устод Ѓ.С. Сатторов аввалин шуда аз фанни ҳуқуқи ҷиноятии ҶТ (қисмҳои умумӣ ва махсус) васоити таълимӣ бо забони давлатӣ ва русӣ, аз ҷониби дотсентон Сафарзода А.И. ва Ш.Н. Саидзода «Ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ», «Тафсири Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ» (2018), «Ҳуқуки иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ» (2018- нашри нав) аз чоп баромадаанд.
Соҳибистиқлолӣ ва ба даст гирифтани тақдири минбаъдаи давлату миллат олимони ватанаиро муаззаф менамояд, ки дар ҳамаи соҳаи ҳаёти кишвар фаъолияти шабонарӯзӣ намуда, натиҷаҳои назаррасро баҳри ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ба даст оваранд. Ин аст, ки дар кишвар баҳри таъмини истиқлолияти миллӣ КОА таъсис дода шуд, ки баҳри миллигардонии дастовардҳои илмӣ ва ба забони илм табдил додани забони ноби тоҷикӣ саҳми бориз дорад. Дар робита ба ин, пас аз таъсис ёфтани Шӯрои миллии дифоъ, як қатор устодони кафедра бо истифода аз ин имкониятҳои муносиб рисолаҳои илмии худро дар Шурои миллии дифоъ сарбаландона ҳимоя намуда истодаанд. Аз ҷумла, аспиранти кафедра Қурбонзода Б. Ш., Ш.Л. Холиқзода ва А.И. Сафарзода бори аввал аз ихтисоси 12.00.08-ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷои ҷазои ҷиноятӣ рисолаҳоии номзадию доктории худро ҳимоя намуданд, ки ҳамаи ин аз пешрафти фаъолияти кафедра дар давраи истиқлолият шаҳодат медиҳад.
Ҷиҳати иҷои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Перзиденти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 10 – солагии таъсисёбии Агентии назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иброз намуда буданд, бо Қарори Шурои олимони ДМТ аз 30.06.2018 ва фармоиши ректори ДМТ аз 8 августи соли 2018, №247-6 кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ тағйири ном намуда, минбаъд кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия номида мешавад.
Устодони кафедра дар такмили қонунгузории кишвар низ саҳми арзанда мегузоранд. Ин аст, ки профессор Т.Ш. Шарипов ба ҳайси аъзои Шурои илмию машваратии Суди Олӣ, аъзои гуруҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси ҷиноятӣ, дотсентон А.С. Сафарзода ва З.А. Камолов дар таҳияи лоиҳаҳои Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ, Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, саҳи арзандаи худро гузоштаанд.
Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия фаъолияти илмию амалиии худро бо тамоми вазорату идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ ба роҳ мондааст. Имрӯз устодони кафедра бо Прокуратураи Генералӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, Вазоратҳои адлия, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии милиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судмандро пиёда месозанд.
Кафедра дар даврони соҳибистиқлолии кишвар равобити худро бо муассисаҳои таълимии дохил ва хориҷӣ кишвар вусъат дода истодааст. Аз ҷумла, ҳамкориҳои кафедра бо Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Академияи ВКД, Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар н. Рашт бо мақсади расидан ба мақсадҳои илмию амалӣ ба роҳ мондааст.
Устодони кафедра бо муассисаҳои хориҷи кишвар низ ҳамкориҳои худро ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, имрӯз кафедра бо донишгоҳҳои бонуфузи хориҷи кишвар – Донишгоҳи давлатии ш. Москва, Донишгоҳи давлатии лингвистикаи ш. Москва, Донишгоҳи ҳуқуқи ш. Москва, Академияи давлатии ҳуқуқшиносии Саратов, Академияи ВКД ФР дар ш. Нижний Новгород, Донишгоҳи славянии Қирғизистону Россия, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии ш. Тошкент робитаҳои ҳасанаро ба роҳ монда, олимони ин муассисаҳои илмию таълимӣ мунтазам ба ҳайси муқаризони расмӣ дар ҳимояи рисолаҳои илмии устодони кафедра даъват карда мешаванд.
Хизматҳои шоёни устодони кафедраро давлату ҳукумати кишвар ба инобат гирифта, бо унвонҳо ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд. Аз ҷумла, дотсент Ҳ. Салимов (соли 1998) бо унвони “Ҳуқуқшиноси шоистаи ҶТ”, профессор Т.Ш. Шарипов (соли 1999) бо унвони “Ҳуқуқшиноси шоистаи ҶТ” ва унвони “Арбоби хизматнишондодаи илм ва техникаи ҶТ” (соли 2011), дотсентон Ш.Н. Саидзода (соли 2015) ва А.И. Сафарзода (соли 2016) ба ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника сазовор гардидаанд.
Устодони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия дар назди худ вазифа гузоштааст, ки дар партави сиёсати инсонмеҳварии Пешвои миллат садоқатмандона фаъолияти худро ба роҳ монда, бо кушишу ғайрати тамом дар тайёр намудани мутахассисони воқеан миллӣ, такмили қонунгузории кишвар ва амалияи татбиқи онҳо бо дарназардошти манофеи давлату миллат саҳми назарраси худро гузоранд.
[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Фаъолияти илмӣ” tab_id=”1584072284699-6851c30d-54dd”][vc_column_text]
Дар тӯли 60 соли сипаришуда аз ҷониби аъзоёни кафедра садҳо монографияву брошюраҳои илмӣ- методӣ ва мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои гуногун ба забонҳои тоҷикию русӣ, англисию олмонӣ аз чоп баромадаанд, ки ба таҳқиқи масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва кримналистика бахшида шудааст. Аз он ҷумла монографияҳои К.М. Каратсев «Расследование автотранспортных происшествий» (Тафтиши ҳодисаҳои нақлиёти автомобилӣ), Я.М. Яковлев «Расследование убийств» (Тафтиши куштор) ва «Половые преступления» (Ҷиноятҳои ҷинсӣ), Р.Н. Ҳамроқулов «Уголовно-процессуальное законодательство Таджикской ССР» (Қонунгузории ҷиноятӣ- мурофиавии РСС Тоҷикистон), М.М. Муллоев «Уголовно-правовая борьба с хищениями социалистической собственности» (Муборизаи ҷиноятӣ-ҳуқуқӣ алайҳи тасарруфи моликияти сотсиалистӣ), «Комментарий к Уголовному кодексу Таджикской ССР» (Комментария ба Кодекси ҷиноятии РСС Тоҷикистон); И.Я. Оврутский ва З.Д. Ямоқова «Судебная экспертиза в расседовании и предупреждении преступлений»; Ҳ.С. Салимов «Научные основы экспертного эксперимента при производстве трасологических экспертиз» (Асосҳои илмии эксперименти экспертӣ дар мавриди истеҳсоли экспертизаҳои пайшиносӣ), «Наблюдение как метод познания в криминалистике и доказывани» (Мушоҳида чун усули даркнамои дар криминалистика ва исботнмоӣ); китоби дарсӣ бо забони давлатӣ «Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ) (Уголовно-исполнительное право); «Криминалистика»; Т.Ш. Шарипов «Условное освобождение от отбывания наказания» (Шартан аз адои ҷазо озод кардан), Институт условного неприменения наказания в уголовном праве (Институти шартан татбиқ накардани ҷазо дар ҳуқуқи ҷиняотӣ); Н.Б. Азимов «Особенности уголовной ответственности и наказания несовершеннолетних по новому уголовному законодательству Республики Таджикистан» (Хусусияти хоси ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо нисбати ноболиғон аз рӯи қонунгузории ҷиноятии навини Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Ҷиноятҳо ба муқобили инкишофи ноболиғон ва манфиатҳои оила», «Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ», «Ҷинояткории ноболиғон ва роҳҳои пешгирӣ намудани он», «Имплементация норм международного права в нормах Особенной части УК РТ», «Имплементация норм международного права в Общую часть УК РТ»; А.И. Сафаров «Уголовное ответственность за легализацию (отмывание) денежных средств либо иного имущества, полученных противозаконным путем»; Ш.Н. Саидов «Уголовная ответственность за контрабанду по уголовному законодательству Республики Таджикистан». Дар кафедра бо қалами устод Ѓ.С.Сатторов аввалин шуда, Қисмҳои умумӣ ва махсуси васоити таълимӣ «Ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забони давлатӣ ва русӣ (солҳои 1999 ва 2009) аз чоп баромадаанд. Ѓайр аз ин, устодони кафедра, профессор Т.Ш. Шарипов, дотсентон З.А. Камолов ва А.И. Сафаров китоби дарсии «Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва чоп намуданд.
Кафедра аз тадриси фанҳои асосӣ – «Ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Криминалистика» ва ирсолҳои махсус– «Асосҳои экспертизаи судӣ», «Банду баст ва таҳқиқи ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ», «Ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ», «Истифодаи воситаҳои илмӣ-техникӣ ҳангоми таҳқиқи ҷиноятҳо» ва «Асосҳои илмии квалификатсияи ҷиноятҳо», «Ҷиноятҳо дар соҳаи фаъоли иқтисодӣ»- ро дар шӯъбаҳои рӯзона, ғоибонаи факултет ва фанҳои «Асосҳои ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Асосҳои криминалистика» ва «Ҳуқуқи ҷиноятии байналмилалӣ»- ро аз лаҳзаи ташкилшавии шӯъбаи фаъолияти ҳуқуқи байналмилалӣ ва шӯъбаи ҳуқуқшинос- омӯзгор дарс мегӯяд.
Масъалаҳои такомули ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва криминалистика самти асосии таҳқиқи илмии ҳайати устодони кафедра мебошад.
Дар баробари ин, баҳри омӯзиш ва таълиму тадриси фанҳои асоси ва курсҳои махсуси аз ҷониби устодони кафедра барномаҳои «Ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забони давлатӣ ва русӣ (дотсентон Т.Ш.Шарипов, Г.С.Сатторов), «Ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забони давлатӣ соли 2011 (профессор Т.Ш. Шарипов, дотсент А.И. Сафаров), «Криминалистика» (дотсент Ҳ.С. Салимов.), «Асосҳои ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон устодон (Н.Б. Азимов, Ф.А. Мирзоахмедов) «Основы криминалистики» («Асосҳои криминалистика») саромӯзгор Ф.А. Еремеева, «Асосҳои илмии квалификатсияи ҷиноятӣ» (д.и.ҳ. Шарипов Т.Ш.) ва ғайра инитишор шудаанд.
Аъзоёни кафедра ҳаммуаллифи китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқук», «Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ», «Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҳуқуқи ҷиноятӣ. Қисми умумӣ, Ҳуқуқи ҷиноятӣ. Қисми умумӣ (курси мухтасари лексияҳо), Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мебошанд.
Устодони кафедра Ҳ.С. Салимов ва Т.Ш. Шарипов ҳамчун узви гурӯҳи корӣ оид ба тайёр намудани Лоиҳаи «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Лоиҳаи «Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар инкишофи сифатан нави қонунгузориҳои ҷиноятӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии кишвар ҳиссаи арзандае гузаштаанд. Дар иртибот ба ин амал устодон Ҳ.С. Салимов ва Т.Ш. Шарипов бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори унвони ифтихори «Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2011 Т.Ш. Шарипов бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Н.Б. Азимов барандаи «Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ» соли 2012 сазовор гардиданд.
Дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён «Криминалист» таҳти роҳбарии устодони собиқадор дотсентон Ҳ.С. Салимов ва Ѓ.С. Сатторов амал мекунад, ки сол то сол фаъолияти он беҳтар мегардад. Тавассути маҳфили мазкур донишҷӯён дар доираи донишгоҳ ва берун аз он маҳорати худро нишон дода, онро сайқал медиҳанд.
Аз соли 2008 дар назди кафедра Маркази миллии таълимии оид ба мубориза бар зидди хариду фурӯши инсон фаъолият дорад.
Кафедраи мазкур бо вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мактабҳои олии дигар кишварҳо ва институтҳои байналмилалӣ робитаи устувори ҳамкориҳои илмию амалӣ дорад. Дар ин ҷода алоқаи густаришбандии кафедраро дар омодасозии барномаҳои тадриси барои марказҳои таълимии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кардан қобили қабул аст.
Махсусан бояд тазаккур дод, ки устодони кафедра робитаи зич бо мактабҳои олии кишварҳои Ўзбекистону Русия доранд. Устодони кафедра Ҳ.С. Салимов, З.Д. Ямоқова ва Т.Ш. Шарипов пайваста ба диссертатсияю авторефератҳои номзадии муҳаққиқини кишварҳои Муштарок- ул- Манофеъ тақризҳо менависанд.
Устодони кафедра дотсентон Ҳ.С. Салимов ва З.Д. Ямоқова дар (Федератсияи Русия), Т.Ш. Шарипов (Федератсияи Русия, ИМА, Ҷумҳурии Исломии Ирон, Федератсияи Олмон, Мисри Араб), Н.Б. Азимов (Ҷумҳурии Молдова, Федератсияи Русия), А.Қ. Назаров (Ҷумҳурии Белорус, Федератсияи Русия), А.И. Сафаров (Федератсияи Русия, ИМА), Ф.А. Мирзоахмедов (Федератсияи Русия), Ҷ.З. Икромов (Ҷумҳурии Белорус), Ш.Н. Саидов, Р.И. Шарипов, З.С. Тайфуров, Г.М. Юлдошева (Федератсияи Русия) такмили ихтисос гузаштаанд ва дар баробари ин, бо маърӯзаҳо, гузоришҳо баромад намудаанд. Дар иртибот бо ин бахусус густаришу ҳамкориҳои рушдёбанда ва босамари кафедра бо институтҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, гуманитарии байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида аз қабили Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Институтҳои ҷомеаи Кушоди Фонди Сорос, Оҷонси рушди Шветсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ИМА ва ғайра назаррас мебошад. Ин гуна ҳамкориҳо дар навбати худ баҳри беҳтар шудани фаъолияти илмию омӯзгории устодони кафедра таъсири мусбии худро мерасонанд.
[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Фаъолияти омӯзгорӣ” tab_id=”1584094067568-65efbbbb-9af6″][vc_column_text]
Фанҳои таълимӣ:
- Ҳуқуқи ҷиноятӣ;
- Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
Фанҳои тахасусӣ:
- Ҷиноятҳои иқтисодӣ;
- Асососҳои илмии банду басти ҷиноятҳо;
- Сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ;
- Асосҳои умумии таъини ҷазо;
- Ҷазоҳое, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд нестанд;
- Сиёсати иҷрои ҷазои ҷазои ҷиноятӣ;
- Ҷиноятҳои ҳарбӣ;
- Криминологияи пенитенсиарӣ;
- Субкултураи ҷиноятӣ.
[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Оид ба фаъолият ва дастовардҳои кафедра” tab_id=”1584094153993-da2daf0d-5cf9″][vc_column_text]
ҲИСОБОТ
оид ба фаъолияти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли таълимии 2016 – 2017
Муқаддима
Дар солҳои 2016 – 2017 дар ҷараёни фаъолияти худ кафедра нақшаи таълимиро пурра иҷро намуда истода, тадқиқотҳои илмиро мувофиқи нақша мегузаронад. Ҳамзамон аъзоёни кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ дар давоми давраи ҳисоботӣ дар коркарди якчанд лоиҳаҳои қонунҳо ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои раёсати донишгоҳ саҳми худро гузоштанд. Бо мақсади таъмини самаранокии фаъолият, аъзоёни кафедра корҳои зайлро, ба монанди ҷалби мутахассисони пуртаҷриба аз амалия, бештар ва пурзур намудани иштироки устодони кафедра дар дарсҳои ҳамдигар, бо назардошти талаботҳои нави ҷамъиятӣ ва илми муосири ташаккулёбанда аз нав таҳия намудани мавзӯи рисолаҳои дипломӣ ва корҳои курсӣ, инкишоф додани усули дар дарсҳои семинарӣ истифода намудани маводҳои айёнӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ анҷом доданд. Бояд қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботи дастовардҳои қафедра назаррас буда фаъолияти онро дар маҷмӯ мусбӣ арзёбӣ кардан мумкин аст.
Аъзоёни кафедра
Дар солҳои 2016 – 2017 дар кафедра 11 – нафар устодони штатӣ ва 3 – нафар устодони ҳамкор (соатбайъ) сарбории кафедраро иҷро намуданд. Ҳоло устодони штатии кафедра шахсони зерин мебошанд:
1. Сафарзода А.И – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, мудири кафедра;
2. Шарипов Т.Ш. – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор;
3. Сатторов Г.С. – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент;
4. Шарипов Р.И. – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент;
5. Камолов З.А – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент;
6. Мирзоахмедов Ф.А. – номзади илмҳои ҳуқуқ, муалими калони кафедра;
7. Холиқов Ш.Л. – ассистент;
8. Юлдошева Г.М. – ассистент;
9. Мирзоев С.Т. – ассистент;
10. Сайфуллоев У.А. – ассистент;
11. Миралиев Э.Б. – ассистент.
Устодони ҳамкор:
1. Саидов Ш.Н. – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, сардори Раёсати илм ва навоварии техники ДМТ;
2. Саийдвализода Б.С.-номзади илмҳои ҳуқуқ, муовини сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3. Сафарализода З.С. – номзади илмҳои ҳуқуқ, корманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Фанҳои кафедра
Дар солҳои 2016-2017 дар кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ дар номгӯи фанҳои таълимӣ ихтисор ба вуҷуд омад. Ҳоло дарсҳои лексионӣ ва семинарӣ аз фанҳои зерин гузаронида мешаванд:
1. Ҳуқуқи ҷиноятӣ, қисми умумӣ;
2. Ҳуқуқи ҷиноятӣ, қисми махсус;
3. Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
Курсҳои махсус
1. Сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ;
2. Асосҳои илмии банду басти ҷиноятҳо;
3. Ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ;
4. Ҷиноятҳо ба муқобили моликият ;
5. Асосҳои умумии таъини ҷазо;
6. Тартиби иҷрои ҷазоҳое, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд нестанд;
7. Ҷиноятҳои ҳарбӣ;
8. Муқовимат бо савдои одамон;
9. Ҷиноятҳои байналмиллалӣ;
10. Идоракунии муассисаҳои ислоҳӣ;
11. Субкултураи пенитенсиарӣ.
Маводҳои таълимии кафедра
Дар соли ҷорӣ аз ҷониби устодони кафедра китоби дарсии «Ҳуқуқи иҷои ҷазои ҷиноятӣ», васоити таълимии «Сиёсати ҳуқуқи ҷиноятӣ» ва «Муқовимат бо савдои одамон» ба нашр омада гаштааст. Дар баробари ин, кафедра тасмим гирифтааст, ки охири соли ҷорӣ тафсир ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори аввал ба забони давлатӣ таҳия ва чоп намояд.
Ташкили тадқиқоти илмӣ дар кафедра
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кафедра як конфронси ҷумҳуриявӣ бо ҷалби намояндагони мақомоти давлатӣ ва доираҳои илмии ҷумҳурӣ дар мавзуи «Муқовимат бо коррупсия ва ҷиноятҳо ба муқобили моликият» рӯзи 9 декабри соли 2016, бахшида ба рӯзи байналмиллаии мубориза бар зидди коррупсия баргузор гардид. Дар баробари ин, устодони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ мақолаҳои илмии худро дар маҷаллаҳои илмии дохил ва хориҷи кишвар низ нашр намуданд. Аз ҷумла, дотсент Сафарзода А.И. ва аспиранти кафедра Қурбонзода Б.Ш. дар конфронси байналмиллалии “Хониши Кутафинӣ”(ш.Москва, 22-27 ноябри соли 2016), дотсент Сафарзода А.И. ва ассистент Юлдошева Г.М. дар конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи “Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва қонуни ҷиноятӣ: назария ва амалия” (14 апрели соли 2017, Санкт-Петербург) иштирок ва баромад намуданд.
Устодон ва аспирантони кафедра мунтазам мақолаҳои илмии худро маҷалаҳои илмии дохили кишвар, ба монанди “Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон”, “Паёми Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон”, “Паёми Донишгоҳи омузгорӣ”, “Ҳаёти ҳуқуқӣ”, “Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон” ва хориҷи кишвар, ба монанди “Юридическая техника”(Нижний Новгород), “Юридическая наука: история и современность” (Санкт –Петербург), “ Журнал гражданского и уголовного права” (Сочи) ба нашр мерасонанд.
Маҳфили илмии донишҷӯён
Дар кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ аз солҳои аввали таъсисёбии он маҳфили илмии “Криминалист” фаъолият менамуд. Бо дарназардошти ҷудо шудани кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ аз ҳайати кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ маҳфили илмӣ бо номи “Ҷиноят ва ҷазо” фаъолияти худро давом дода истодааст. Маҳфили илмӣ бо роҳбарии дотсент Сатторов Г.С. ҳар ҳафта як маротиба бо ҷалби донишҷуёни тамоми ихтисосҳои амалкунандаи факултети ҳуқуқшиносӣ баргузор гардида, маърӯзаҳои беҳтарин барои конфронси апрелӣ тавсия карда мешаванд.
Мутобиқи нақшаи тасдиқ гардидаи ДМТ оид ба баргузории конфронси апрелӣ дар бахши ҳуқуқи ҷиноятӣ 29 нафар бо маърузаҳо баромад намуда, бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуд.
Дар баробари ин, устодони кафедра донишҷуёни аълохону забондони факултетро бо маърузаҳояшон ба конфронси чоруми байналмилалии донишҷуён дар мавзуи “Ҳолати муосир ва дурнамои рушди қонунгузории Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ”, ки рӯзи 28 апрели соли 2017 дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Руссия баргузор гардид, сафарбар намуданд.
Корҳои тарбиявӣ
Устодони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ дар баробари таълим ба тарбияи донишҷуён саҳми арзанда мегузоранд. Бо дарназардошти мавҷудияти ихтисоси фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ дар назди кафедра, устодон дар ин гуруҳҳои академӣ ба ҳайси сарпараст фаъолият менамоянд.
Гузашта аз ин, дар ду моҳ як маротиба мутобиқи нақшаи кории кафедра натиҷаи фаъолияти сарпарастони кафедра дар ҷаласаҳои кафедра мавриди муҳокима гирифта, барои самаранок намудани кори онҳо тавсияҳо дода мешавад.[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Ҳайати кадрӣ” tab_id=”1584397013834-cffe77ae-7e21″][cq_vc_accordion contentcolor=”#333333″][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Шарифов Тақдиршоҳ Шарифович”]
Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ
Мансаб: профессори кафедра
Унвони илмӣ: профессор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
Ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Мукофот ва унвон:
Алочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
1980 – 1985, факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 1992 рисолаи номзадиро дар мавзуи «мавзӯи «Шартан татбиқ накардани ҷазо» дифоъ намудааст.
Соли 2008 рисолаи докториашро дар мавзӯи «Шартан озод кардан аз ҷазо» дар Донишгоҳи давлати шаҳри Москва ба номи М. Ломоносов ҳимоя намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Аз соли 1985 дар факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ ба фаъолияти омузгорӣ машғул аст.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд 14.11.1956 с.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Сатторов Гаффор Сатторович”]
Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ
Мансаб: Дотсенти кафедра
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣ: н.и.ҳ.
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
Ҳуқуқи ҷиноятӣ, асосҳои илмии банду басти ҷиноят
Мукофот ва унвон: –
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
1974 – 1978, факултаи ҳуқуқшиносии Мактаби олии ВКД ИҶШС дар шаҳри Тошкент
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 1987 рисолаи номзадиро дар мавзуи «Таърихи бавуҷудоии Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон» дар шаҳри Тошкент ҳимоя намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
1991 – 1993 мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Мактаби Олии ВКД ҶТ,
1993 – айни ҳол омузгор дар факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 15.05.1951 с., ноҳияи Фархор.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Камолов Зубайдулло Аюбович”]
Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ
Мансаб: дотсенти кафедра
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣ: н.и.ҳ.
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
Ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Мукофот ва унвон: –
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
1992-1998, факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2008 рисолаи номзадиро дар мавзуи «Низоми ҷазоҳои ҷиноятӣ мутобиқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Иркутски ФР ҳимоя намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
1998 – айни ҳол омузгор дар факултаи ҳуқуқшиносии
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 21.04.1972 с., ш. Исфара
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Сафарзода Анвар Ислом”]
Кафедраи ҳуқуқи ҷиноят
Мансаб: мудири кафедра
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
Ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ, сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мукофот ва унвон: Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
Солҳои 2002-2007 донишҷӯи шуъбаи рӯзонаи факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ.
Солҳои 2007-2009 ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ.
Солҳои 2009-2012 аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ.
Солҳои 2011-2012 унвонҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДДЛ ш.Москваи ФР.
Дифои рисолаи номзадӣ ва докторӣ:
Соли 2011рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ғайриқонунӣ бадастовардашуда (аз руи маводҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон)” (ш. Москва) ва соли 2019 рисолаи докториро дар мавзуи “Ҳифзи ҳуқуқии ҷиноятии фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (ш. Душанбе) дифоъ намуда аст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
2007 – айни ҳол омузгор дар факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 26.08.1985 сол дар ноҳияи Фархор.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Сафарзода Анвар Ислом”]
Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ
Мансаб: ассистенти кафедра
Унвони илмӣ: –
Дараҷаи илмӣ: н.и.ҳ.
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
Ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Мукофот ва унвон: –
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
1998 – 2003, факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2012 рисолаи номзадиро дар мавзуи «Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои қаллобӣ мутобиқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Москва ҳимоя намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
2008 – айни ҳол омузгор дар факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 31.01.1982 с, н. Восеъ.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Мирзоахмедов Фирдавс Аҳмадович”]
Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ
Мансаб: дотсенти кафедра
Унвони илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: дотсент
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
Ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Мукофот ва унвон: надорад
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
1996 – 2001, факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2016 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои терроризм аз рӯи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия (таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқӣ)” дифоъ намуда аст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2001 то ҳол омузгори факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 13.09.1977с. ш. Душанбе
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Холиқзода Шералӣ Лоиқ”]
Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия
Ному насаб: Холиқзода Шералӣ Лоиқ
Мансаб: муаллими калони кафедра
Унвони илмӣ: надорад
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи ҷиноятӣ
Мукофот ва унвон: надорад
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: 2006-2011 Донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2018 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои расонидани зараи вазнин ба саломатӣ” дифоъ намуда аст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Аз соли 2011 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
29.09.1987 сол таваллуд шудааст
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Мирзоев Садриддин Талбакович”]
Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия
Ному насаб: Мирзоев Садриддин Талбакович
Мансаб: Ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия
Унвони илмӣ: Ассистент
Дараҷаи илмӣ: Ассистент
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи ҷиноятӣ
Мукофот ва унвон: надорад
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: 2007-2012 Донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Аз соли 2014 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
17.08.1989 сол таваллуд шудааст.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Сайфуллозода Унвониддин Абдулҳамид”]
Ному насаб: Сайфуллозода Унвониддин Абдулҳамид
Мансаб: Ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия
Унвони илмӣ: Ассистент
Дараҷаи илмӣ: Ассистент
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи ҷиноятӣ
Мукофот ва унвон: надорад
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: 2010-2015 Донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Аз соли 2015 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
16.04.1993 сол таваллуд шудааст
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Миралиев Эмомалӣ Бобоевич”]
Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия
Ному насаб: Миралиев Эмомалӣ Бобоевич
Мансаб: ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия
Унвони илмӣ: ассистент
Дараҷаи илмӣ: ассистент
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи ҷиноятӣ
Мукофот ва унвон: нест
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: 2011-2016 Донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
аз соли 2016 то инҷониб дар мавзӯи «институти шартан татбиқ накардани ҷазо: проблемаҳои назариявӣ, қонунгузорӣ ва амалиявӣ» тадқикоти илмӣ мебарад.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Аз соли 2016 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
29.12.1992 сол таваллуд шудааст
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Раҳмонзода Муҳаммад Ҷамшед”]
Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия
Ному насаб: Раҳмонзода Муҳаммад Ҷамшед
Мансаб: Ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия
Унвони илмӣ: Ассистент
Дараҷаи илмӣ: Ассистент
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи ҷиноятӣ
Мукофот ва унвон: нест
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: 2012-2017 Донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Дар мавзӯи «Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ тибки қонунгузории ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон» тадқиқоти илмӣ мебарад.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Аз соли 2017 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
24.04.1994 сол таваллуд шудааст
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Каримов Даврон Бобомуродович”]
Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия
Ному насаб: Каримов Даврон Бобомуродович
Мансаб: Ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия
Унвони илмӣ: Ассистент
Дараҷаи илмӣ: Ассистент
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи ҷиноятӣ
Мукофот ва унвон: нест
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: 2012-2017 Донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Аз соли 2018 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
08.07.1994 сол таваллуд шудааст
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Юлдошева Гулминой Мирзомуродовна”]
Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия
Ному насаб: Юлдошева Гулминой Мирзомуродовна
Мансаб: Муаллимаи калони кафедра
Унвони илмӣ: Муаллимаи калон
Дараҷаи илмӣ: Муаллимаи калон
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи ҷиноятӣ
Мукофот ва унвон: надорад
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: 1980-1987 Донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Аз соли 1992 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
23.12.1961 сол таваллуд шудааст
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Зоирова Парвина Ҷурахоновна”]
Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия
Ному насаб: Зоирова Парвина
Мансаб: Ассистенти кафедра
Унвони илмӣ: Асссистент
Дараҷаи илмӣ: Ассистент
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи ҷиноятӣ
Мукофот ва унвон: нест
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: 2013-2018 Донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Аз соли 2018 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
12.12.1995 сол таваллуд шудааст
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Юлдошева Гулминой Мирзомуродовна”]
Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия
Ному насаб: Юлдошева Гулминой Мирзомуродовна
Мансаб: Муаллимаи калони кафедра
Унвони илмӣ: Муаллимаи калон
Дараҷаи илмӣ: Муаллимаи калон
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи ҷиноятӣ
Мукофот ва унвон: надорад
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: 1980-1987 Донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Аз соли 1992 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
23.12.1961 сол таваллуд шудааст
[/cq_vc_accordion_item][/cq_vc_accordion][/vc_tta_section][/vc_tta_accordion][/vc_column][/vc_row]