Садорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим дорад, ки ба истиқболи ҷашни 70-солагии факултет бо мақсади баланд бардоштани масъулияти омӯзгорону донишҷӯён, сайқал додани сатҳу сифати кор ва ҳавасмандгардонии онҳо озмунҳои беҳтарин омӯзгори сол (2 ҷой), беҳтарин донишҷӯи сол (1 ҷой), беҳтарин сарпарасти сол (2 ҷой)-ро ба роҳ монад. Бо ин мақсад комиссияи озмунӣ то моҳи майи соли таҳсили 2018-2019 кори худро ба роҳ мемонад.
Шахсоне, ки дар иҷрои вазифаҳои худ бо дарки масъулияти баланд муносибат менамоянд, албатта ғолиб меоянд. Ѓолибонро туҳфаҳои арзишманд ва ифтихорномаҳо интизоранд.