Бахши магистратура соли 2010 дар асоси розигии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ кушода шудааст. Дар соли хониши 2011-2012, 4 нафар магистрантон ба таҳсил фаро гирифта шудан. Аз ин шумора се нафарашон Раҷабов Ф., Наимова Н. ва Қурбонов Ш. магистрони соли дуюми Донишгоҳи шабакавӣ мебошанд. Магистрони номбурда дар асоси созишномаи байни вазоратӣ соли аввал дар Донишгоҳи дустии халқҳои ба номи П.Лумумбаи шаҳри Маскав ва соли дуюм онҳо дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ таҳсилашонро идома доданд. Пас аз хатми магистратура номбурдагон дар ҳузури комисияи муштарак аз ҳисоби устодони кафедраи ҳуқуқи байналхалқии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи дустии халқҳои шаҳри Маскав ва факултети ҳуқуқшиносии ДМТ имтиҳон супорида рисолаҳояшонро низ дифоъ намуданд. Дар интиҳои таҳсил ба магистрон диплом аз Донишгоҳи дустии халқҳо ва Донишгоҳи мили Тоҷикистон дода шуд. Як нафар магистри дигар шаҳрванди Давлати Исломии Афғонистон буда ду сол дар ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ) таҳсил намуда соҳиби дипломи магистри ҳуқуқ гардид.
Айни ҳол дар назди кафедраи ҳуқуқи байналхалқии факултет 11 нафар магистрон аз руи барномаи тасдиқнамудаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд. Аз ин шумора ду нафар магистрони Донишгоҳи шабакавӣ мебошанд.
Шакли таҳсид дар магистратураи факултети ҳуқуқшиносӣ рӯзона ва шартномавӣ мебошад.
Магистрон асосан аз фанҳои зерин дарс мехонанд: ҳуқуқи байналхалқӣ, ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ, масоили муосири ҳуқуқи байналхалқӣ, ҳуқуқи робитаи беруна, ҳуқуқи гражданӣ ва савдои мамлакатҳои хориҷӣ, ҳуқуқи аврупоӣ, ҳуқуқи байналхалқии инсондустӣ, танзими ҳуқуқии фаъолияти иқтисоди беруна,, мурофиаи байналхалқии гражданӣ. ҳуқуқи байналхалқии нақлиёт. ҳуқуқи байналхалқии иқтисодӣ, масъалаҳои актуалии ҳуқуқи гумрукӣ, арбитражи байналхалқии тиҷоратӣ.