Шакли таҳсид дар магистратураи факултети ҳуқуқшиносӣ рӯзона ва шартномавӣ мебошад.
Таҳсил дар магистратура дар «Низомномаи магистратура», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007 № 650 тасдиқ гардидааст ба танзим дароварда мешавад.
Қабули ҳуччатҳои дохилшавӣ ба магистратура дар бахши таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Довталабон ҳуҷҷатҳои зеринро бояд супоранд:
- Ариза ба номи ректори ДМТ;
- Реферат;
- Диплом (нусхаи аслаш);
- Замима ба диплом (вкладыш к диплому);
- Нусхаи шиноснома;
- 4 дона расми 3х4;
- Нусхаи шартнома ва квитансия оиди супоридани маблағи он;
- Маълумотномаи тиббӣ (шакли № 086-У).