Мувофиқи қоидаҳои қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ба факултети ҳуқуқ шахсони зерин имтиёзҳо доранд:
- довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаиумумиро бо медали тилло хатм намудаанд, ба Донишгоҳ ба тариқи сӯҳбат (беимтиҳон) қабул карда мешаванд.
- довталабоне, кимуассисаҳоитаҳсилотимиёнаиумумиробо медали нуқра ва биринҷӣ хатм намудаанд, ба истиснои ихтисосҳои ҳуқуқшиносии умумӣ, муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ), ба дигар ихтисосҳои факултети ҳуқуқӣ тариқи сӯҳбат (беимтиҳон) қабул карда мешаванд.
Дар сурати натиҷаи манфии сӯҳбат довталабони мазкур дар асоси «Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2012-2013» имтиҳон месупоранд.
Ѓолибони ҷойҳои якуми олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми олимпиадаҳои байналмиллалӣ аз рӯи фанҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки тавсияномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, зимни мувофиқати ихтисос тариқи сӯҳбат ба курси якуми факултети ҳуқуқии ихтисоси идораи давлатӣ ва ҳуқуқ (26010200), танзими ҳуқуқии молия ва қарз (24010302), фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ (93010100) қабул карда мешаванд.
Имтиҳони қабул барои довталабони имтиёздор (соҳибони медали нуқра ва биринҷии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ), китанҳо аз фаннитахассусӣимтиҳонмесупоранд, пеш аз мӯҳлатимуқарраршудасуратмегиранд.
Баъди гирифтани баҳои мусбат аз кори хаттӣ ва ҳаддиақали муайяншудаи холҳои умумӣ шахсони зайл берун аз озмун ба факултети ҳуқуқии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон қабул карда мешаванд:
- хизматчиёни ҳарбие, ки аз сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб шудаанд ва дорои имтиёзҳои давлатӣ ҳастанд;
- маъюбони гурӯҳи 1-ум ва 2-юм (аз ҷумла, нобино ё нидорои истеъдоди фавқуллода), агар таҳсили онҳо мувофиқи ҳуҷҷати тиббӣ дар ихтисосҳои интихобкардаашон (тибқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ) манъ набошад;
- ятимони бепадару модар тибқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқ кунанда.
Шунавандагони шӯъбаи тайёрии донишгоҳ, ки 8 моҳ дар ин шӯъба таҳсил кардаанд ва имтиҳонҳои хатми шӯъбаи тайёриро бо баҳои «аъло» супоридаанд, баъд аз пардохти пули шартнома ба факултети ҳуқуқ бе имтиҳон қабул карда мешаванд.