Қоидаи Қабули донишҷуён ба факултети ҳуқуқшиносӣ дар асоси қоидаҳои муайян намудаи Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ҳар сол муайян карда мешавад. То соли 2012 дар факултети ҳуқуқшиносӣ ҳуҷҷатҳо барои панҷ ихтисос қабул мегардиданд. Инҳо ихтисосҳои:
- ҳуқуқшиносӣ (24010200);
- муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ) (240101100);
- фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ (93010100);
- идораи давлатӣ ва ҳуқуқ (26010200);
- ҳуқуқшинос маълумоти дуюм(24010233)
- ҳуқуқшиносӣ ихтисоси танзими ҳуқуқии молия ва қарз (24010302)
I. Муқаррароти умумӣ
Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ва «Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2011-2012» таҳия гардидааст.
II. Тартиби қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
1.Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қабули донишҷӯёнро дар соли 2012 аз рӯи ихтисосҳои мувофиқ дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ эълон менамояд.
2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, метавонанд дар Донишгоҳ таҳсилро идома диҳанд. Ҳамчунин шахсони дорои маълумоти олӣ барои дарёфти таҳсилоти дуюми олӣ дар асоси қоидаҳои амалкунандаи қабул мутобиқи шартнома ба ихтисосҳои муайяннамудаи Донишгоҳ пазируфта мешаванд.
3. Ба Донишгоҳ шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ (ба истиснои тоҷикони бурунмарзии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ) дар асоси «Қоидаҳои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси шартҳои зерин қабул карда мешаванд:
- мутобиқи созишномаи дутарафаи байнидавлатӣ;
- дар ҳудуди ҷойҳои муқарраршудаи қабул бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мувофиқи шартномаи тарафайн бо Донишгоҳ барои ҳар як ҷой дар ҳудуди миқдори муайяншудаи иҷозатнома (литсензия) бо пардохти ҳаққи таҳсил тибқи қоидаҳои қабул.
4.Тоҷикони аққалиятҳои миллии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сурате, ки ба қатори шаҳрвандони ватанӣ имтиҳони қабулро супорида ба холҳои гузариш муваффақ шаванд, маблағи таҳсилро ҳамчун шаҳрвандони ҷумҳурӣ пардохт менамоянд.
5.Ҳамаи довталабон, сарфи назар аз аслу насаб, ҷинсият, забон, мансубияти нажодиву миллӣ, баромади иҷтимоиву хусусияти касбу кор, эътиқод, мазҳабу муносибат ба дин ва мансубияти ҳизбӣ зимни гирифтани таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқи баробар доранд.
6.Таҳсил дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ сурат гирифта, мӯҳлати он барои дарёфти дараҷаҳои бакалавриат 4 сол, барои мутахассис 5 сол ва барои магистратура 2 сол (магистратураи ғоибона 3 сол) муқаррар карда шудааст.
7. Ба шӯъбаҳои рӯзона шаҳрвандони синни то 35-сола қабул карда мешаванд. Қабули довталабон ба шӯъбаҳои ғоибона бе маҳдудияти синну сол сурат мегирад.
8.Довталабон ба гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ дар ҳаҷми нақшаи қабул ба тариқи озмун, инчунин ба тариқи имтиёз қабул карда мешаванд. Довталабон зимни қабул ба Донишгоҳ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- ариза ба номи ректори Донишгоҳ;
- ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумӣ (пурра), ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ (намунаи давлатӣ – нусхаи асл);
- маълумотномаи тиббӣ (шакли №086-У);
- 6 адад расм (андозаи 3х4 см);
- шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуд;
- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;
- нусха аз дафтарчаи меҳнатӣ, агар довталаб собиқаи корӣ дошта бошад;
- маълумотнома (справка) дар бораи хатми мактаби таҳсилоти
- умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ қабул карда намешаванд;
- қарори Шӯрои омӯзгории мактаб, тавсияи шӯъбаи маорифи ноҳия ва роҳхати ҳукумати ноҳия (барои духтарон ва писароне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ДМТ тавсия карда мешаванд)
- қарори Шӯрои ноҳиявии меҳнатӣ ва роҳхати ҳукумати ноҳия (барои духтарон ва писароне, ки бевосита дар истеҳсолот кор мекунанд).
Дар ҳуҷҷати хатми таҳсилотии довталабоне, ки мактаб ва литсейҳои хусусиро хатм намудаанд, ба ғайр аз мӯҳри муассисаи таълимӣ инчунин мӯҳри шӯъбаи маорифи шаҳру ноҳия низ ҳатмист.
9.Довталабон танҳо дар яке аз ихтисосҳои факултети интихобнамудаашон ҳуқуқи супоридани ҳуҷҷат ва имтиҳонҳоро доранд.
10.Мӯҳлати ҳуҷҷатсупории довталабон ба гурӯҳҳои буҷавӣ аз 20-уми июн оғоз ёфта, то 31-уми июли соли 2012 идома меёбад. Қабули ҳуҷҷатҳо барои гурӯҳҳои шартномавӣ (шакли таҳсили рӯзона, ғоибона ва таҳсилоти дуюм) аз 20-уми июн то 10-уми августи соли 2012 муқаррар карда шудааст.
Қабули ҳуҷҷатҳо дар шӯъбаи магистратура вобаста ба талаботи “Низомномаи магистратураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” (масъул: раёсати таълим) то 20.08.2012 ба роҳ монда мешавад.
11.Довталабон ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳо ва иштирок дар имтиҳонҳои қабул бояд талаботи «Дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя намоянд. Ҳамчунин овардан ва истифодабарии телефонҳои мобилӣ дар рӯзи супоридани имтиҳонҳо қатъиян манъ аст.
12.Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони русӣ хатм намудаанд ва ба гурӯҳҳои русии ихтисосҳои Донишгоҳ ҳуҷҷат супоридаанд, аз забон ва адабиёти рус иншо менависанд.
Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони аққалиятҳои миллӣ хатм намудаанд ва ба ихтисосҳои (гурӯҳҳо) русӣ ҳуҷҷат супоридаанд, мувофиқи хоҳиши онҳо аз забони русӣ ва ё забони давлатӣ диктант менависанд.
13.Дар сурати аз як қисми (блоки) имтиҳони тестӣ хол нагирифтан баҳои умумии имтиҳони тестӣ «ғайриқаноатбахш» ҳисобида шуда, довталаб ҳуқуқи минбаъд дар озмун иштирок карданро аз даст медиҳад.
14.Натиҷаи санҷиши иншо баъди 48 соат (дар ихтисосҳое, ки теъдоди довталабон дар як ҷой аз се нафар зиёд аст, натиҷаи санҷиши иншо баъди 60 соат)-и навиштани иншо ва натиҷаи санҷиши тестӣ на дертар аз 24 соати супоридани имтиҳон эълон карда мешавад.
15.Саволҳои имтиҳонҳои тестӣ дар асоси барномаҳои дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ амалкунандаи таълимӣ дар се қисм (нигаред ба ҷадвали имтиҳоноти тестӣ) мураттаб карда шудаанд.
16.Комиссияи қабули донишгоҳ доир ба ҳар як қисми имтиҳони тест миқдори холҳои заруриро муайян карда, зимни арзёбии ниҳоӣ натиҷаи ҳар як қисмро ба назар мегирад. Дар ҳолати баробарии холҳои якчанд довталаб афзалият ба довталабе дода мешавад, ки аз қисми якум (тахассусӣ) холи бештар гирифта бошад. Ба ҳар як савол 5 варианти ҷавобҳо пешниҳод мешавад, ки яке аз онҳо дуруст аст. Довталаб варақаҳои тестӣ ва саволҳои имтиҳониро гирифта, ҳар як саволро меомӯзад ва аз байни 5 варианти пешниҳодшуда дурусташро пайдо карда, дар варақаи тестӣ доираи ба ин вариант маҳсубро сиёҳ мекунад.
Дар варақаи тестӣ бояд ягон аломати зиёдатӣ гузошта нашавад. Дар сурати мавҷуд будани аломати зиёдатӣ, ишора ва ё танҳо як нуқта (•) варақаи тестӣ беэътибор дониста шуда, довталаб аз иштирок дар озмун маҳрум мегардад.
17. Барои навиштани иншо 4 соат (240 дақиқа) ҷудо карда мешавад. Мӯҳлати имтиҳони тестӣ барои ихтисосҳои факултетҳои фалсафа, таърих, ҳуқуқшиносӣ, филология, забон ва адабиёти рус, журналистика, шарқшиносӣ 3 соат (180 дақиқа), барои ихтисосҳои дигар факултетҳо 4 соат (240 дақиқа) муқаррар шудааст. Вақти шарҳу эзоҳи тартибу низоми имтиҳони тестӣ ба вақти ҷудошуда дохил намешавад.
18. Аз рӯи натиҷаҳои имтиҳони дохилшавӣ довталаб ҳуқуқ дорад, ки апеллятсияи хаттӣ диҳад ва дар вақти баррасии апеллятсия шахсан иштирок намояд. Довталабе, ки барои аз нав дида баромадани баҳои имтиҳон ариза навиштаанд, бояд бо худ шиноснома дошта бошад. Довталаби ноболиғро (то 18-сола) метавонанд падар ё модараш ҳамроҳӣ намоянд. Баррасии аризаи апеллятсионӣ кӯшиши аз нав супоридани имтиҳон набуда, балки танҳо санҷиши дурустии баҳои имтиҳони дохилшавӣ мебошад.
Комиссияи аппелятсионӣ аризаи довталабонро пас аз эълони натиҷаи имтиҳон дар давоми то 2 рӯз қабул ва баррасӣ менамояд.
Номгӯи имтиҳонҳо аз рӯи ихтисос
р/т | Номгӯи ихтисосҳо | Қисмҳои имтиҳони тестӣ | ||
Қисми I | Қисми II | Қисми III | ||
8 | Ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ), фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, танзими ҳуқуқии молия ва қарз. | Асосҳои давлат ва ҳуқуқ | Таърих | Забони хориҷӣ |
19.Довталабоне, ки бе сабаб дар соати муқарраршуда барои супоридани имтиҳон ҳозир нашудаанд, ба имтиҳон роҳ дода намешаванд. Довталабоне, ки бесабаб ба имтиҳони қабул ҳозир нашудаанд ва ё дар қисмҳои имтиҳони тестӣ холи ҳадди ақали муайяншударо нагирифтаанд, ҳамчун довталабоне, ки баҳои «ғайриқаноатбахш» гирифтаанд, ҳисобида мешаванд.
20. Хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба шӯъбаҳои ғоибона (ба истиснои ихтисосҳои омӯзгорӣ) новобаста аз собиқаи корӣ ва ихтисос қабул карда мешаванд. Дар гурӯҳҳои буҷавии шӯъбаи ғоибонаи ихтисосҳои омӯзгорӣ танҳо довталабоне қабул карда мешаванд, ки дар мактаб кор мекунанд ва дар ин хусус ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (роҳхат аз шӯъбаи маорифи шаҳру ноҳия, гувоҳномаю тавсифнома аз мактаб ва нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ аз ҷойи кор) пешниҳод менамоянд.
21. Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали тилло хатм намудаанд, ба Донишгоҳ ба тариқи сӯҳбат (бе имтиҳон) қабул карда мешаванд.
Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали нуқра ва биринҷӣ хатм намудаанд, ба Донишгоҳ (ба истиснои ихтисосҳои ҳуқуқшиносии умумӣ, муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ), молия ва қарз, иқтисодиёти ҷаҳон, баҳисобгирии иқтисодӣ, таҳлил ва аудит, технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт), фаъолияти бонкӣ, менеҷмент, иқтисод ва идоракунӣ дар корхонаҳо, ва забони арабӣ) ба тариқи сӯҳбат (бе имтиҳон) қабул карда мешаванд.
Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро аз рӯи равияҳои табиию риёзӣ ва гуманитарӣ-ҷамъиятӣ бо медали нуқраю биринҷӣ хатм кардаанд, танҳо дар ин равияҳо ба Донишгоҳ тариқи сӯҳбат (бе имтиҳон) қабул карда мешаванд.
Дар сурати натиҷаи манфии сӯҳбат довталабони мазкур дар асоси «Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2011-2012» имтиҳон месупоранд.
22.Ѓолибони ҷойҳои якуми олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми олимпиадаҳои байналмиллалӣ аз рӯи фанҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки тавсияномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, зимни мувофиқати ихтисос тариқи сӯҳбат ба курси якум қабул карда мешаванд.
Ѓолибони ҷойҳои дуюм ва сеюми олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз рӯи фанҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки тавсияномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, танҳо бо мувофиқати равия тариқи сӯҳбат ба курси якум ба истиснои ихтисосҳои ҳуқуқшиносии умумӣ, муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ), молия ва қарз, иқтисодиёти ҷаҳон, баҳисобгирии иқтисодӣ, таҳлил ва аудит, технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт), фаъолияти бонкӣ, менеҷмент, иқтисод ва идоракунӣ дар корхонаҳо ва забони арабӣ) қабул карда мешаванд.
Имтиҳони қабул барои довталабони имтиёздор (соҳибони медали нуқра ва биринҷии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ), ки танҳо аз фанни тахассусӣ имтиҳон месупоранд, пеш аз мӯҳлати муқарраршуда сурат мегиранд.
23.Баъди гирифтани баҳои мусбат аз кори хаттӣ ва ҳадди ақали муайяншудаи холҳои умумӣ шахсони зайл берун аз озмун ба донишгоҳ қабул карда мешаванд:
- хизматчиёни ҳарбие, ки аз сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб шудаанд ва дорои имтиёзҳои давлатӣ ҳастанд;
- маъюбони гурӯҳи 1-ум ва 2-юм (аз ҷумла, нобиноёни дорои истеъдоди фавқуллода), агар таҳсили онҳо мувофиқи ҳуҷҷати тиббӣ дар ихтисосҳои интихобкардаашон (тибқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ) манъ набошад;
- ятимони бе падару модар тибқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда.
24.Хатмкунандагони литсейи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (равияи табиӣ-риёзӣ), ки имтиҳонҳои хатми литсейро бо баҳои «аъло» супоридаанд, ба гурӯҳҳои буҷавии равияҳои табиию риёзӣ бе имтиҳон қабул карда мешаванд. Ҳамчунин хатмкунандагони литсей, ки ба гурӯҳҳои шартномавии ихтисосҳои роиҷи донишгоҳӣ ҳуҷҷат месупоранд, дар асоси баҳои имтиҳонҳои хатми литсей бе имтиҳон ба донишгоҳ қабул карда мешаванд.
25. Шунавандагони шӯъбаи тайёрии донишгоҳ, ки 8 моҳ дар ин шӯъба таҳсил кардаанд ва имтиҳонҳои хатми шӯъбаи тайёриро бо баҳои «аъло» супоридаанд, ба гурӯҳҳои буҷавии ихтисосҳои омӯзгорӣ ва табиию риёзии Донишгоҳ бе имтиҳон қабул карда мешаванд. Хатмкунандагони ин шӯъба, ки 8 моҳ таҳсил карда, ба гурӯҳҳои шартномавии ихтисосҳои донишгоҳ ҳуҷҷат супоридаанд, дар асоси баҳои имтиҳоноти хатми шӯъба қабул карда мешаванд.
26. Хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки то 3 фанни таълимиро нахондаанд ва дар шаҳодатномаи таҳсилоташон ифодаи «нахондааст» қайд гардидааст, мувофиқи ихтисоси ба фанҳо алоқаманд ҳуқуқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро барои дохилшавӣ ба факултетҳои Донишгоҳ надоранд.
27. Қабули духтарон ва писарон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2006, № 58 «Дар бораи қабули донишҷӯён ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» ва «Дастурамали қабули духтарон ва писарон ба мактабҳои олӣ (бе имтиҳон) тибқи квотаи Президентӣ» (қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.02.2006, №3/4) сурат мегирад.
28. Довталабон ба донишгоҳ ба таври шартномавӣ дар асоси натиҷаҳои мусбати имтиҳоноти хаттӣ ва тестӣ аз рӯи озмун қабул карда мешаванд. Ҳаҷми маблағи ҳарсолаи таҳсилро раёсати донишгоҳ муайян ва тасдиқ менамояд ва он дар эълонҳои комиссияи қабул (дар ҷои қабули ҳуҷҷатҳо) нишон дода мешавад.
29. Шахсони ҳуқуқӣ (муассиса, корхона ва ташкилот), ки барои таҳсили довталабон дар Донишгоҳ роҳхат медиҳанд, дар асоси шартномаи дутарафа ва шахсони алоҳида дар асоси шартномаи инфиродӣ бояд то қабули ҳуҷҷатҳои довталаб маблағи таҳсилро ба суратҳисоби Донишгоҳ гузаронанд.
30. Фармони ректор оид ба қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон то оғози соли таҳсил ба имзо мерасад. Дар сурати пурра иҷро нашудани нақшаи қабул вобаста ба ихтисосҳо ректори Донишгоҳ ҳуқуқ дорад, ки то 30-юми сентябри соли ҷорӣ ба фармони иловагии қабули донишҷӯёни ҳамаи намудҳои таҳсилотро ба имзо расонад.
31. Довталабоне, ки ба донишгоҳ қабул мешаванд, агар дар ибтидои таҳсил 15 рӯз бе сабаб ба дарсҳо наоянд, аз донишгоҳ хориҷ карда мешаванд. Дар ин ҳолат маблағи пешакӣ пардохткардаи донишҷӯёни гурӯҳҳои шартномавӣ баргардонида намешавад.
32. Раёсати донишгоҳ бо довталабоне, ки дар гурӯҳҳои буҷавӣ ба сафи донишҷӯён қабул шудаанд, дар асоси банди 7-уми «Низомнома дар бораи бо маром тайёр кардани мутахассисони маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ бо роҳи шартномавӣ» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.04.1996, №137) созишномаи сеҷониба ба имзо мерасонад. Тибқи ин созишнома донишҷӯ баъди хатми донишгоҳ бо роҳхат ба кор фиристода мешавад. Дар мавриди иҷро нагардидани бандҳои ин созишнома маблағи таҳсил аз ҷониби донишҷӯ ба буҷаи давлат баргардонида мешавад.