ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ҶОМЕА

Имрӯз (14.06.2024) дар доираи эълон гаштани соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар густариши маърифати ҳуқуқии ҷомеа» баргузор гардид. Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.

Дар оғози конференсия меҳмонон аз сохторҳои мухталифи ҷумҳурӣ, аз ҷумла муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ: намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ализода Зариф, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад, директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғаффор ва директори Маркази қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло Ҳабибулло иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ректори Донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода зимни сухани муқаддимавии хеш ташрифи меҳмононро ба Донишгоҳ хайрамақдам гуфта, роҷеъ ба муҳиммияти мавзуи конференс суханронӣ намуд.

Афзуд, ки баррасии мавзуи мазкур баҳри баланд бардоштани маърифатии ҳуқуқии устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ мусоидат намуда, дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди қабули қонуни асосии кишвар – Конститутсия муҳим мебошад.

Тавре Пешвои муаззами миллат иброз доштаанд: “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».

Дар идомаи конференсия меҳмонон суханронӣ намуда, иброз дошта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити имрӯза марҳилаи нави тараққиёт ва пешрафтро паси сар карда истодааст, ки бо назардошти ин муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, ба танзими ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон эҳтиёҷ дорад. Аз ин ҷост, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, асоси бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад, ки он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Гуфта шуд, ки ҳуқуқ моҳияти умумииҷтимоӣ дошта, беистисно ба манфиати ҳамаи одамон хизмат мекунад, ҷиҳатҳои ташкил кардан, ба тартиб овардан, устувор намудан ва инкишоф ёфтани алоқаҳои иҷтимоиро таъмин менамояд. Ҳамзамон, моҳияти умумииҷтимоии ҳуқуқ ба таври мушаххас дар фаҳмиши он ҳамчун меъёри озодӣ ифода меёбад. Инсон дар доираи ҳуқуқҳои худ озодона амал мекунад ва қонун озодии инсонро аз ҳама гуна амалҳои манфӣ ҳифз менамояд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеа бояд зарурати риояи бечунучарои қонунро амиқ дарк намояд ва итоат ба қонун бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад.

Дар идомаи конференсия Шерзода Бурҳоналӣ – устоди кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ низ суханронӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки конференсия аз бахшҳои “Асосҳои назариявии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун омили рушди давлатдории миллӣ” иборат буда, дар кори он беш аз 20 маърӯза мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Leave a Reply