ИСТИҚЛОЛИЯТ ЧУН РАМЗИ ОЗОДИЮ ЯГОНАГӢ

Истиқлол неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлол чун рамзи озодию ягонагӣ ба мо тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда, чун хуршеди дурахшон роҳи ояндаи моро нуру зиё бахшид ва баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои накӯ неруи тозаро эҳдо сохт. Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик ин беҳтарин неъмат ва дастоварди гаронарзише аст, ки онро бо заҳмату талоши зиëд ба даст овардаанд.

Расо 33 сол мешавад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои Истиқлолият умр ба сар мебаранд. Аз ин рў, Истиқлолият ин неъмати бебаҳои мо буда, мустақилият, соҳибдавлатӣ, соҳибихтиёрӣ ва озодиро ифода менамояд.

Пеш аз ҳама бояд ёдовар шавем, ки заминагузорӣ ин ҳама сулҳу субот ва тинҷиву оромии ин миллат маҳз хизмати шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар давоми 33 сол бо сиёсати оқилонаи худ, президенти маҳбуби кишвар Тоҷикистони азизу соҳибистиқлолро ободу зебову дилоро намуда, ваҳдату ягонагиро дар дили халқ ҷой намуд. Пас, мо бояд шукрона аз он кунем, ки чунин як кишвари соҳибистиқлол дорем.

Аз рӯзҳои нахустини бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид менамуданд, ки мо ҷонибдори бунёди давлати демокративу, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастем. Воқеан ҳамин ягона роҳе мебошад, ки метавонад ниёзҳои табақаҳои гуногуни ҷомеаи моро бароварда созад. Илова бар ин, Пешвои муаззами миллати мо дар самти эҳёи арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳанг, забон, дин мазҳаб ва расму оини ниёгон корҳои назарасеро ба анҷом расонида, ҷиҳати таблиғ ва эҳёи онҳо шароити мусоидеро фароҳам оварданд. Дар ин замина аз ҷониби Пешвои муаззами миллат даҳҳо китобҳо таълиф гардидаанд, ки имрӯзҳо ба ҳайси консепсияи фарогири миллӣ хизмат намуда, дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ватандорӣ тарбия намудани насли ҷавон беҳтарин раҳнамо мебошад.

Дигар паҳлуи маъала он аст, имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёду демократӣ аз ҷонибӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохтанд ва ба он робитаҳои дипломатӣ барқарор намуданд. Маҳз бо шарофати Истиқлолият нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон пайваста боло меравад ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири саодати тамоми сокинони сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мешаванд. Аз ин рў, мо шукрона мекунем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар устувор нигаҳдоштани Истиқлолияти давлатӣ саҳми босазое гузоштаанд, ки иродаву ормонҳои мардуми шарифи Тољикистон аз он гувоҳї медиҳад.

Таърих гувоҳ аст, ки дар солҳои сипаришуда Тоҷикистон ба пешравиҳои зиёде ноил гардидааст. Мисоли баръалои он, ин сохтмони роҳҳои мошингарду нақбҳои зеризаминӣ ва биноҳои баланд ошёнаву замонавӣ, ба истифода додани нерӯгоҳи барқии обии Роғун, бунёди китобхона, мактабу литсейҳо, донишгоҳу донишкадаҳои замонавӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки имрӯз мо ҷавонони кишвар истиқлоли давлатиро пос дорем ва баҳри рушду нумӯи он ҷиду ҷаҳд намоем. Ҳифзи бақо ва устувории истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳу воситаҳои ҳимоя аз он на танҳо вазифаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомотҳои дахлдор, балки вазифаи муқаддаси ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди соҳибмаърифат, соҳибилм ва ватандӯсту ватанпарвар мебошад.

33 соли Истиқлолият, 33 соли якдигарфаҳмию ягонагии мардуми шарафманди тоҷик муборак бошад.

Зинда бод Истиқлол, поянда бод сулҳу суботи кишвари азизам Тоҷикистони биҳиштосо!

Қурбонов Сайфиддин Насриддинович – унвонҷӯи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия