НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ҶОМЕА

Бо чунин унвон имрӯз (24.10.2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва омимону мутахассисони мухталифи соҳа конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Конференсияи мазкур бо садо додани Суруди миллӣ ва бо сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт.

Ректори Донишгоҳ меҳмонон ва иштирокчиёни нишастро ба муносибати ин ҷашни муҳимми давлатӣ табрик намуда, зикр кард, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун раҳнамо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа нақши созгор дорад. Гуфта шуд, ки дар давоми 30 соли Конститутсия ҷиҳатҳои ҳуқуқии тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар рушд кард, ки ин ҳама аз сулҳу субот ва пойдории ваҳдати миллӣ дар ҷомеа вобаста аст.

Зимнан муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло иброз намуд, ки Конститутсия қонуни асосӣ ва шаҳодатномаи миллат ба шумор рафта, маҳз дар асоси он зиндагии моддиву маънавии ҷомеа ва фазои мусоиди кору ҳаёти ҳар як сокини кишвар ба танзим медарояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бархурдорӣ аз миллият ва ҷавобгӯ будан ба тамоми ниёзҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хосаеро касб кардааст.

Ҳамзамон, дар кори конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи комилҳуқуқи Президент дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Ализода Зариф, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимзода Дилором, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Бозоралӣ, инчунин, намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати, маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ иштирок ва маърузаҳо намуданд.

Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти ҷомеа, махсусан соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дигаргуниҳои амиқ ба вуҷуд овард. Ташаккули маърифат ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ масъалаи калидии давлату ҳукумат ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи хосса равона шуд ва дар ин замина якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд.

Зикр карда шуд, ки Конститутсия мазмун ва моҳияти маърифати ҳуқуқиро ифода менамоянд. Меъёрҳои конститутсионӣ, ба монанди арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, дахлнопазир будани ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон, аз ҷониби давлат кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд ва ғайра дар умум ҷавҳари маърифати ҳуқуқиро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз масоили мубрамест, ки ҳар як шаҳрванд аз ҳуқуқу озодиҳои хеш ҳифз ва истифода карда тавонад.