КОНСТИТУТСИЯ – ЗАМИНАИ БОЭЪТИМОДИ КИШВАР АСТ

Воқеан кӯшиши баёни андеша ва ибрози назар дар хусуси Қонуни асосии кишвар – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо боиси ифтихор ва сарбаландист.

Ҳанӯз 30 сол муқаддам 6-ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати қонуни асосии кишвар қабул гардид. Қабули ин санади муҳиму тақдирсоз дар маҷмӯъ ба амалишавии орзуву ормон ва ҳадафҳои ҳазорсолаи мардуми сарбаланду тамаддунофари тоҷик мусоидат намуд.

Аз нигоҳи ҳуқуқӣ Конститутсия қонуни асосии кишвар буда муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва маънавиёт танзим менамояд. Месазад, ки имрӯз мо тоҷикистониён бо Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли хеш ифтихор дошта бошем. Зеро он заминаҳои боэътимоди ҳуқуқиву ташкилии дурнамои пешрафти низоми сиёсиву иқтисодӣ ва шакли давлатдориро муайян карда бо назардошти анъана, таммаддун ва урфу ойини таърихии давлатдории миллӣ, дастовард ва таҷрибаи қонунгузории давлатҳои мутаммаддини хориҷӣ ва ҳамчунин воқеияти низоми ҳуқуқии кишвар таҳия, муҳокима ва қабул шудааст. Шаҳодати он, ин аз ҷониби мутахассисону коршиносони маъруфи як қатор кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ баланд арзёбӣ гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Воқеан қабули Конститутсия Тоҷикистонро ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишоф раҳнамун сохта дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар давраи дигаргуниҳои куллиро оғоз намуд. Аз ин нигоҳ Конститутсия роҳи рушди ояндаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро муайян намуда, заминаҳои асосии сохтори давлатӣ ва низоми сиёсиро фароҳам овард ва барои бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, татбиқи ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ ва дар натиҷаи ин ҳама болоравии нуфузу эътибори кишвари мо дар арсаи байнамиллалӣ пойдевори боэътимод гузошт. Дар Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конситутсионӣ ва ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, шакли давлатдорӣ, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд. Конуститутсия барои гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ замина гузошта гуногунии шаклҳои моликият, кафолати давлатии фаъолити озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусро эътироф намудааст. Нақши он дар таъмини устувории иқтисодиёти миллӣ назаррас аст.

Бо назардошти тағйиротҳои куллӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, пуштибонӣ аз дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, таъмини амнияту қонуният, ваҳдати миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ба Конститутсияи амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд. Аввалин маротиба дар таърихи сиёсии кишвар парламенти думаҷлисаи доимамалкунанда, такмили мақомоти иҷроия ва сохтори иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳи мустақилияти мақомоти судӣ, эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ ва дигар ниҳоду андешаҳои демократӣ ба Конститутсияи мо ворид гардиданд. Ин ҳама навовариҳои конститутсионӣ барои пойдору устувор гардидани сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам овард. Қабули Конститутсия дар маҷмӯъ ба пойдории низоми нави ҳуқуқӣ дар кишвар мусоидат намуд. Дар заминаи он дар давоми 30 сол садҳо қонунҳои нави мувофиқ ба талаботи замон ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналхалқӣ қабул карда шудаанд, ки муносибатҳои мухталифи ҷамъиятиро танзим менамоянд.

Дар тӯли 30 соли амали Конститутсия миллати сарбаланди тоҷик бо ташаббусу ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурге ноил гашт. Пеш аз ҳама аз ҷониби давлат дар самти амалишавии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон корҳои назаррасе анҷом дода шудаанд. Чунин дастоварду муваффақиятҳо барои мо – намояндагони соҳаи маориф ва аҳли зиё дар соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус соҳаи маориф қобили дастгирӣ ва зикр аст. Маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки фаъолияти давлатӣ эътироф гардида мавриди таваҷҷӯҳи ҳамешагии Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикисон қарор дорад.

Мувофиқи маълумоти дар ихтиёр дошта дар давоми 30 – соли охир барои таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил аз ҳисоби маблағхои давлатӣ ва дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бинои аксарияти мактабҳо таъмиру таҷдид гардида мактабҳои зиёди замонавӣ аз нав бунёд карда шуданд. Дар асоси барномаи копютерикунони муассиаҳои таҳсилоти умумии мамлакат аксарияти мактабҳо бо компютер таъмин гардида барои хонандагон имконияти омӯзиши техникаи компютерӣ фароҳам оварда шуд. Халқи тоҷик метавонад дар ҳамгироӣ дар дигар соҳаҳои муҳими фаъолияти давлатӣ низ ба муваффақиятҳои бузург комёб шавад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо дар сурати таъмини субот ва тартибу интизом дар ҷомеа, пойдор намудани волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти давлат ин ҳадафҳои бузург ба мо имконпазир мегардад.

Сисоли амали Конститутсия гувоҳи интихоби дурусти шакли идораи давлату давлатдории тоҷикон аст. Бо шарофати қабули Конститутсия ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд.

Агар мо воқеан хоҳони пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азиз – ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду соҳибистиқлол, таъмини воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагонии мардуми кишвар бошем, бояд риояи аниқ ва бемайлони Конститутсия, қонунҳои дар заминаи он қабулшуда ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро ҳамчун ӯҳдадорӣ ва одати ҳаррӯзаи худ қарор бидиҳем.

Хоҷаева Наргис Б. – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ факултети ҳуққуқшиносии ДМТ