НАҚШИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ ШУУРИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН

Дар ҷомеае, ки шаҳрвандонаш дорои дарки шуури ҳуқуқӣ мебошанд, пешрафт ва инкишофи он ҷомеаро метавон кафолат дод. Ин буд, ки соли 2024 аз ҷониби роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо роҳи татбиқ гардидани лоиҳаҳои дар ин самт омодагардида ва шинос намудани аҳолии кишвар бо меъёрҳоиаввалиндараҷаи қонунгузории давлат метавон амалӣ карда шавад. Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон боис бар он мегардад, то сатҳи дарки шаҳрвандон вобаста ба шинохти ҳуқуқҳои худ баланд бардошта шавад. Шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ бархурдор гарданд ва тавонанд аз дарки меъёрҳои қонунгузорӣ бархурдор бошанд. Шуури ҳуқуқии шаҳрвандон ин дарки ҳуқуқии аҳолиро дар назар дошта, барои фаҳмиши арзишҳои маънавии ҷомеаи хуқуқбунёд маҳсули асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҷомеае, ки шаҳрвандон дорои дарки баланди ҳуқуқӣ мебошанд, меъёрҳои қонун амалӣ гардиданашон имконпазир мегардад.

Маърифати ҳуқуқӣ раванди иттилоонии ҳуқуқӣ доир ба қоидаҳои ҳатмии рафтори иштирокчиёни муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки мақсади он баланд бардоштани шуурнокии субъектони ҷамъиятӣ, инчунин, пешгири намудани ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад.

Барои таҳким бахшидан меъёрҳои ваҳдати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои он ба ифтихори 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат “Соли маърифти ҳуқуқӣ» эълон гардид. Паёми Президенти кишвар рамзи соҳибихтиёрии давлат ва озодии баёни он мебошад. Дар паёми Пешвои миллат мо ба меъёри асосии самтҳои фаъолияти давлат сарфаҳм меравем. Дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар Пешвои миллат иброз дошта буданд, ки асоси сиёсати давлатии кишварро сиёсати дарҳои кушод ва таҳким бахшидани меъёрҳои Конститутсияи кишвар мебошад. Барои дар амал тадбиқ намудани ин сиёсат лозим аст то ки шаҳрвандон ба меъёрҳои қонунгузории он сарфаҳм раванд.

Сатҳи баланди меъёри ҳуқуқӣбоиси он мешавад, ки шаҳрвандон аз оддитарин ҳуқуқу озодиҳои худ, ки дар Конститутсияи кишвар дарҷ гардидаанд, бархурдор бошанд. Яъне, ин беҳтарин иқдоми давлат ба ҳайси давлати демократӣ мебошад. Ин ба шаҳрвандон имконият медиҳад, то шаҳрвандон дар муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки худ иштирокчии ин муносибатҳо ҳастанд, тадбиқ намоянд. Таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ маҳаки асосии баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Тавассути таълими тарбияи ҳуқуқӣ, ки яке аз ҷузъҳои ҷудонопазири сиёсати давлатӣ ба шумор меравад, метавон тарбияи ҳуқуқӣ, ахлоқӣва эстетикии он низ анҷом дода шавад, чунки тарбияи ҳуқуқӣ дар асоси мадди назар гирифтани меъёрҳои ахлоқӣ, одоб ва расму русуми миллӣ, ба роҳ монда мешавад.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ бо роҳи қабули санадҳои Қонунгузории хосси давлат алоқаманд мебошад. Ба мисли Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро метавон ёдовар гардид. Бояд зикр намуд, ки ба маърифти ҳуқуқӣ ҳанӯз дар солҳои пешин низ аҳамият дода мешуд. Дар чанд соли пеш вобаста ба маърифати ҳуқуқӣ «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2020-2030» қабул гардида буд. Инчунин,Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандон аз соли 2015 мавриди истифодабуд. «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои соли 2030» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» аз қабили ҳуҷҷатҳои муҳиме мебошанд, ки барои таҳкимбахшии маърифтаи ҳуқуқии шаҳрвандон метавонанд таъсиргузор бошанд.

Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, на танҳо барои шуури ҳуқуқӣ, балки барои баланд бардоштани сатҳи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ дар тамоми соҳаҳо таъсирбахш мебошад. Шаҳрвандон бо ташкил намудани барномаҳои дар боло зикргардида метавонанд бо дарки шуури ҳуқуқӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷоднамоии ҷомеа иштироки фаъолона меварзанд ва метавонанд, аз ҳуқуқҳои сиёсии худ, ки дар Конститутсияи кишвар кафолат дода шудаанд, озодона истифода намоянд.

Дар умум баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон боиси риоя намудани меъёрҳои Конститутсия аз ҷониби онҳо, инчунин,дарк намудани дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣба шумор меравад. Соли маърифати ҳуқуқӣ боис бар он мегардад, то дар ҷомеа фазои якнавохти ҳуқуқӣташкил карда шавад. Муҳимияти маърифати ҳуқуқӣ дар он зоҳир мегардад, ки набудани маърифати ҳуқуқӣна танҳо ба амалӣ нагардидани меъёри қонунгузорӣ таъсир мерасонад, балки боиси афзоиши ҳуқуқвайронкуниҳо мегардад. Роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣбо роҳи таълиму тарбияи ҳуқуқӣ, машварати ҳуқуқӣ, иттилоотрасонии ҳуқуқӣ, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, тафсири қонунгузорӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ метавонад ташаккул дода шавад. Яъне, аксари меъёрҳои Конститутсия бевосита ё бавосита ба падидаи маърифати ҳуқуқӣ зич алоқаманд аст.Ин заминаҳои конститутсионӣ-ҳуқуқӣимконият медиҳанд, ки дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар шаклҳои мухталиф қабул гардида ва мавриди иҷроиш қарор гиранд.

Маърифати ҳуқуқӣ сатҳи таърихан муайяншудаи инкишофи ҷомеа буда, қобилияти ҳуқуқэҷодкунӣ, муносибати аҳолиро байни ҳамдигар ва нисбати арзишҳои маънавӣ ва модии дар ҷамъият вуҷуддоштаро инъикос менамояд. Маърифати ҳуқуқӣ қисми таркибии маданияти ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Маърифати ҳуқуқӣ асоси ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нишондиҳандаи камолоти низоми ҳуқуқӣмебошад. Ин омил ба равандҳои мухталифи ҷомеа таъсир расонида метавонад. Тавре ки маълум аст, меҳвари сиёсати ҳуқуқии кишварро арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад. Эҳтироми ҳуқуқи инсон чун принсипи асоси ҳама намудҳои фаъолияти дар давлат амаликунандаро дар назар дорад. Дар такя ба ин принсипи волоияти қонун –муносибати боэҳтиромонаи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба хуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад, ки ба шаъну шарафи инсон чун волотарин арзиши ҳастӣ асос меёбад. Ин намуди фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба эътироф ва муттаҳид намудан дар сарчашмаҳои меъёрӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва манфиати қонунии ҳар як шахс мебошад. Тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун дар асоси принсипҳои асосии зерин амалӣ мегардад.

А) шинохти Қонун ҳамчун меъёри олии ҳуқуқӣдар низоми ҳуқуқӣ ва қувваи олии ҳуқуқӣ доштани он;

Б) ҳама гуна меъёрҳо, ки ба Қонун мухолиф мебошанд тадбиқ намешаванд;

В) риояи қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба фароҳам овардани қоидаву расмиёти равшану пешгуишаванда таъмин мегардад.

Сатҳи инкишофи маърифати ҳуқукӣ метавонад бевосита ба дастрасии итилооти ҳуқуқӣ таъсир расонад ва ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба Қонун ва дигар намуд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ чун воситаи калидии ба танзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, кам намудани сатҳи бетарафӣ дар ҷамъият ва дар ҳар як шахсият эҷод намудани шуури ҳуқуқӣ, баланд бардоштани масъулити ҳуқуқ нисбат ба ҷамъият ва низоми дар он мавҷудбуда мусоидат намояд.

Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 90-уми қарни гузашта масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро хеле муҳим ҳисобида буданд. Дар ин замина 9-уми апрели соли 1997 Фармон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ин Фармон бо мақсади таъмини волоияти Қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо мебошад. Баъди ин тадбир Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» аз 1 декабри соли 1999, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» аз 22 августи соли 1997, Дар бораи «Барномаи низоми давлатии омӯзиши ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз соли 2001 ва амсоли инҳо. Ба ин маҳдуд нашуда дар баромадҳои минбаъда низ Пешвои миллат ба маърифати ҳуқуқӣ ва роҳҳои баланд бардоштани он аҳаммияти хосса зоҳир менамуданд. Инро дар даҳҳаи аввали асри навин дидан мумкин аст. Дар самти тадбиқи Қонунҳои миллӣ бошад соли 2009 Пешвои миллат зимни суханронӣ ба Маҷлиси Олии кишвар ба муносибати 15-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошта буданд, ки «Эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқиро тақозо менамояд».

Дар асоси ин таъмин ва иҷрои қонунҳои амалкунанда бе таълим ва тарбияи ҳуқуқӣимкон надорад. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» қабул гардида буд.

Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 бояд марҳилаи нави рушди ҳуқуқиро дар ҷомеа инъикос намояд. Дар ин 33 соли ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва тай намудани солҳои пуречутоби пешравии кишвар лозим аст, ки дигар қонун ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ маҳаки асосии пешравиро дар бар гиранд.

Маърифати ҳуқуқӣ сараввал бояд миёни ҷавонон хосса донишҷӯён баланд бардошта шавад. Дар байни ин табақа, пеш аз ҳама, ташаккул додани ақидаю эътиқоди устувори ҳақиқӣ дар муносибат бо қонунҳои давлат ва иштироки фаъолона дар тадбиқи меъёрҳои қонунгузорӣ ба ҳисоб меравад. Маърифати ҳуқуқӣ ин раванди паҳн намудани донишҳои ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ мебошад, ки ин эҳтиром ба қонун ва адолатро вусъат медиҳад. Метавон гуфт, ки маърифати ҳуқуқӣ ба иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии кишвар мусоидат менамояд, ки тартиб роҳи ягонаи ташкил додани шаҳрвандии ташакулёфта ба ҳисоб меравад.

Исмонқулзода С.И.,

муаллими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ