Ҳайати кадрии кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ

РАҶАБЗОДА Маҳмадёр Носир

Мансаб: дотсенти кафедра

Унвони илмӣ: дотсент

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ, ҳуқуқи байналмилалии гумрукӣ, ҳуқуқи созмонҳои байналмилалӣ

Мукофот ва унвон: 

– соҳиби «Ҷоизаи олимони ҷавони Академияи илмҳои ҶТ». Душанбе, 1998.

– Ҷоизаи таъсисдодаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии наздии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ. Душанбе, 2006

– Аълочии маорифи Тоҷикистон. Душанбе, 2007.

– медали ҷашнии «90-солагии адлияи Тоҷикистон». Душанбе, 2015.

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1990-1995, факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ (ҳоло ДМТ) 

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2004 рисолаи номзадиашро  дар мавзӯи «Вазъи гражданӣ-ҳуқуқии хориҷиён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимоя кардааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

аспирантураи Пажуҳишгоҳи илмҳои фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ (1998). Муаллим (1995-2005), муаллими калон (2005-2007), дотсент (2007). Муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ доир ба  илм (2007-2008), муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ доир  ба таълим дар шӯъбаҳои муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ) ва ҳуқуқшинос-омӯзгор (2008-.2012), мудири кафедраи ҳуқуқи байналхалқии ДМТ (2012-2020). Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2020, таҳти №358 ба вазифаи  Ректори муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи  Рашт  таъйин гардидааст..

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

20-уми марти соли 1973

ҚОДИРҚУЛОВ Хуршед Раҳмонович

Мансаб: дотсенти кафедра

Унвони илмӣ: дотсент

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Ҳуқуқи дипломатӣ ва консулӣ, ҳуқуқи муҳоҷирати меҳнатӣ

Мукофот ва унвон:  Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1992-1998, факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2004 рисолаи номзадиашро  дар мавзӯи «Масоили танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ дар ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ» ҳимоя кардааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

солҳои 1998-2006 –  ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносӣ; солҳои 2006-2008 – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносӣ; 2008 то ҳоло дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ аст.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

30-юми марти соли 1971

БОБОЗОДА Умедҷон

Мансаб: дотсенти кафедра

Унвони илмӣ: дотсент

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ

Мукофот ва унвон:  Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,

– соҳиби «Ҷоизаи олимони ҷавони Академияи илмҳои ҶТ». Душанбе, 2005.

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1993-1998, факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2004 рисолаи номзадиашро  дар мавзӯи «Шаклҳои ташкили-ҳуқуқии фаъолияти муштараки хоҷагидорӣ» ҳимоя кардааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз моҳи сентябри соли 1998 ба ҳайси ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намудааст. .  Солҳои 2004 – 2007 дар вазифаи муовини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТоид ба илм  фаъолият намудааст. Солҳои 2005-2007 муаллими калони кафедраи ҳуқуқи байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли 2007 то имрӯз дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ  (дар нимбасти штатӣ) фаъолияти дорад. Солҳои 2007 -2009   мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ ва ҳамзамон  намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 2009- 2012  муовини аввали директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 2012-2014  мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ ,солҳо 2014- 2019 мушовири бахши ба ҳайси Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ фаъолият намудааст. Аз 4 марти соли 2019  дар вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

25 январи соли 1972

СУЛАЙМОНОВ Фируз Сафаралиевич

Мансаб: дотсенти кафедра

Унвони илмӣ: дотсент

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ, ҳуқуқи гражданӣ ва савдои мамалакатҳои хориҷа

Мукофот ва унвон: – Аълочии маорифи Тоҷикистон. Душанбе, 2007.

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1995-2000, факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2004 рисолаи номзадиашро  дар мавзӯи «Ҷумҳурии Тоҷикистон – иштирокчии муносибатҳои байналмилалӣ-хусусӣ. Душанбе» ҳимоя кардааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

соли 2000 ҳамчун ассистенти кафедра ва дар як навбат солҳои 2000-2003 аспиранти рӯзонаи шӯъбаи «Давлат ва ҳуқуқӣ»-и  Институти фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 2007 – муаллими калони кафедра; аз соли 2008 то ҳоло дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

25 майи соли 1979

ИДИЗОДА Файзалӣ Фузайлшо

Мансаб: дотсенти кафедра

Унвони илмӣ: дотсент

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи Аврупо, ҳуқуқи байналмилалӣ 

Мукофот ва унвон: 

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1993-1998, факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2001 рисолаи номзадиашро  дар мавзӯи «Асосҳои байналмилалӣ- ҳуқуқии иштироки созмонҳои байналмилалӣ дар ҳалли низоъи мусаллаҳонаи Тоҷикистон» ҳимоя кардааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Дар шуъбаи полиси андози гуруҳи ноҳияҳои Рашт ба ҳайси таҳқиқотчӣ (1998-2001). Муфаттиши прокуратураи ҳарбии минтақаи Қаротегин (2001-2008). Аспирантураи Сектори ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Россия дар шуъбаи рӯзона (2008-2011). Ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2011-2015), муаллими калон (2015-2017), дотсент (аз соли 2017 то кунун дар  нимбасти  штатӣ), муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба илм (2012-2013), муовини аввали декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба таълим (2013), муовини ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт (2013-2014), муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба тарбия (2014-2015), Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018), ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт (2019). Раиси кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии махалии Мачлиси Намояндагони Мачлиси Олии ҶТ (2020 то ҳол)

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

3-юми январи соли 1977

Салеҳзода Зафар Исматулло

Мансаб: муаллими калони кафедра

Унвони илмӣ: –

Дараҷаи илмӣ: –

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ, ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ

Мукофот ва унвон:  –

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

2001-2006, факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ

Дифои рисолаи номзадӣ:

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

солҳои 2007-20014 ҳамчун ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносӣ ва дар як навбат аз соли 2007-то имрӯз – унвонҷӯи кафедраи номбурда; солҳои 2014-то имрӯз – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносӣ фаъолият намудааст.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

16 ноябри соли 1982

САИДЗОДА Ҳикматулло Хуҷаназар

Мансаб: дотсенти кафедра

Унвони илмӣ: дотсент

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Ҳуқуқи байналмилалии гумрукӣ, ҳуқуқи гумрукӣ, Баррасии баҳсҳои арбитражӣ

Мукофот ва унвон:  Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

2005-2010, факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2017 рисолаи номзадиашро  дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон: татқиқоти таърихӣ-ҳуқуқӣ» ҳимоя кардааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Солҳои 2010-2011 мутахассиси Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии санадҳои меъёрҳои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 19 ноябри соли 2011 ассистенти кафедра ва майи соли 2020 муаллими калони кафедра, аз 16 апрел то 1 августи соли 2020 мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз 1 августи соли 2020 то соли 2022  мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ, аз соли 2022 то айни замон дар  вазифаи Сардори Раёсати кадрҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

26-уми апрели соли 1987

МИРЗОЕВ Амонулло Мирзодавлатович

Мансаб: дотсенти кафедра

Унвони илмӣ: дотсент

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ, Ҳуқуқи байналмилалии обӣ

Мукофот ва унвон: 

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

2005-2010, факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2015 рисолаи номзадиашро  дар мавзӯи «Ҳуқуқи татбиқшаванда ба муносибатҳои шартномавӣ дар ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ» ҳимоя кардааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ (2010-2015), ассистент, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2015-2017), дотсенти кафедра (2017 то айни замон). Муҳаққиқи соҳаи ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

7 августи соли 1987

САЛОМОВ Исроил Исматуллоевич

Мансаб: муаллими калони кафедра

Унвони илмӣ: –

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ 

Мукофот ва унвон: 

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

2010-2015, факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2019  рисолаи номзадиашро  дар мавзӯи «Проблемаҳои падидаи қайду шарт оид ба тартиби оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимоя кардааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (2015-2018), муаллими калони кафедра (2021 то ҳоло). Муовини декани факултети ҳукуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба тарбия  (2018 то ҳоло). Муҳаққиқи соҳаи ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

6-уми сентябри соли 1992

ҚУРБОНОВ Ҷумахон Сайвалиевич

Мансаб: ассистенти кафедра

Унвони илмӣ: –

Дараҷаи илмӣ: –

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ, ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ 

Мукофот ва унвон: 

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

2007-2012, факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

Дифои рисолаи номзадӣ:

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 2012- то ҳоло дар кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси ассистент фаъолият кардааст

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

30 июни соли 1989

ОДИНАЕВ Убайдулло Саймахмудович  

Мансаб: ассистенти кафедра

Унвони илмӣ: –

Дараҷаи илмӣ: –

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ, ҳуқуқи созмонҳои байналмилалӣ, ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ 

Мукофот ва унвон: 

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

2013-2018, факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

Дифои рисолаи номзадӣ:

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

солҳои 2019 то ҳоло ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  буда, дар як навбат аз соли 2019 то имрӯз  унвонҷӯи кафедраи номбурда мебошад. 

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

13 октябри соли  1996

ИСМАТЗОДА Исматулло Бобохуҷа

Мансаб: ассистенти кафедра

Унвони илмӣ: –

Дараҷаи илмӣ: –

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ, асосҳои ҳуқуқии сиёсати хориҷии ҶТ

Мукофот ва унвон: 

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

2014-2019, факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

Дифои рисолаи номзадӣ:

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 2019- то ҳоло дар кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси ассистент фаъолият карда, дар як навбат аз соли 2019-то имрӯз – унвонҷӯи кафедраи номбурда аст.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

01-уми сентябри соли 1996