Ғаюрзода Шукрулло Кароматулло
Мансаб: Мудири кафедра
Ғаюрзода Шукрулло Кароматулло,
E-mail: shukrullo67@mail.ru
Тел.: (+992) 93 510 38 62
Унвони илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: профессор
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: муаллифи 10 монография, 10 китоби дарсӣ, 4 тафсир ба қонунҳо (ҳаммуаллифӣ), 10 воситаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва 214 мақолаҳои илмӣ дар дохил ва хориҷи кишвар нашршуда.
Мукофот ва унвон: Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
Соли 1990 шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро аз рӯйи ихтисоси 24010200 – ҳуқуқшинос бо дипломи аъло хатм намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Фаъолияти меҳнатиашро аз ҳамин донишгоҳ оғоз намуда, солҳои 1990-1992 ассистенти кафедраи қонунгузории хоҷагӣ ва ҳуқуқи меҳнат, солҳои 1993-1995 аспиранти ҳамин кафедра дар шӯъбаи рӯзона, солҳои 1996 – 1997 ассистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносӣ, солҳои 1998-2010 дотсенти ҳамин кафедра буда, ҳоло мудири кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ мебошад.
Бо Қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми июни соли 2019, таҳти №7 соҳиби унвони илмии профессор аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ гардидааст.
Аъзои Шӯрои илмӣ – методии донишгоҳ, аъзои Шӯрои экспертии донишгоҳ, Шӯрои олимони факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ, аъзои Шӯрои олимони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аъзои Шӯрои диссертатсионии назди донишгоҳ (6D. КОА – 018) ва Раиси Шӯрои илмӣ – методии факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ мебошад.
Санаи таваллуд: 4-уми ноябри соли 1967.
Мирзомуродзода Дустмурод Гулмурод
E-mail: dustmurod0000@mail.ru
Тел.: (+992) 918-15-83-82.
Унвони илмӣ: надорад.
Дараҷаи илмӣ: надорад.
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Муаллифи 1 китоби дарсӣ, 5 воситаи таълимӣ (ҳаммуаллифӣ), зиёда аз 25 мақолаҳои илмию оммавӣ.
Мукофот ва унвон: надорад.
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
Соли 2013 шӯъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз руйи ихтисоси ҳуқуқшинос-омӯзгор бо диплломи аъло хатм намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Аз соли 2013 то соли 2014 мудири кабинети таълимии кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Аз соли 2014 то соли 2023 ассистенти кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии ҳамин донишгоҳ. Аз соли 2023 то инҷониб муаллими калони кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии ҳамин донишгоҳ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол: оиладор, соҳиби фарзанд.
Санаи таваллуд: 8 марти соли 1990.
Маҳмудзода Маҳқам Азам
E-mail: makhkammahmudzoda@gmail.com
Тел.: (+992) 907-33-74-00
Унвони илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Дараҷаи илмӣ:профессор, академик
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: муаллифи зиёда аз 500 асарҳои илмӣ ва илмӣ оииавӣ, аз ҷумла 70 китоб (монография, китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ) ва зиёда аз 400 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар дохил ва хориҷи кишвар нашршуда.
Мукофот ва унвон: Ордени Исмоили Сомонӣ, ордени иттиҳод, унвони Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, медалҳо ва дигар мукофотҳо.
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
Соли 1979 шуъбаи рӯзонаи (ихтисоси ҳуқуқшиноси умумӣ)- факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро бо дипломи аъло хатм кардааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: 2006 ассистент, муаллими калон, дотсент, профессори кафедраи ҳуқуқи маданӣ.
Аз соли 1993 то соли 2006 декани факултети ҳуқуқшиносӣ. Солҳои 2006-2009 муовин, муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2009 то соли 2019 Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз соли 2019 то имрӯз мушовири Раёсати АМИТ, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ, профессори кафедраи ҳуқуқи мадании Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол: солҳои 1990-1995 вакили Маҷлиси вакилони халқӣ ш.Душанбе солҳои 2002-2005, 2005-2009 (ду даъват) бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ таъин гардидааст. 15 апрели соли 2005 дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб гардид. М.Маҳмудзода соли 2004 узви вобаста ва соли 2008 узви пайвастаи (Академики) АМИТ интихоб гардидааст. Маҳмудзода М.А. узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи италиявии Roma E America. Diritto Romano Comune (Рим) буда, бо редакисияи маҷалла ҳамкории илмӣ дорад. Инчунин аъзои ҳаяти таҳририяи “Маҷаллаи академии ҳуқуқ” (Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ), маҷаллаи “Ҳаёти ҳуқуқӣ” (Донишгоҳи милии Тоҷикистон), маҷаллаи “Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон” (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) мебошад. Академик Маҳмудзода М.А. Раиси Семинари байналмилалии Осиё-Аврупо оид ба ҳуқуқи Римӣ.
Санаи таваллуд: 17 июли соли 1957.
Худоёрзода Бахтиёр Тавар
E-mail: kmir.tj
Тел.: (+992) 372 21 13 75
Унвони илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: дотсент
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: муаллифи 1 монография, 1 китоби дарсӣ, 2 воситаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ ва зиёда аз 30 мақолаҳои илмию оммавии дар дохил ва хориҷи кишвар нашршуда.
Мукофот ва унвон: Ҳуқуқшиноси хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
Соли 1979 шуъбаи рӯзонаи (ихтисоси ҳуқуқшиноси умумӣ)-и факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: солҳои 1979 – 1981 муфаттиши прокуратураи ноҳияи Роҳи Оҳани ш. Душанбе. Солҳои 1981 – 1983 хизмати ҳарбӣ дар қисми махсуси Вазорати корҳои дохилии ИҶШС, солҳои 1983 – 1987 дар вазифаи муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Марказии ш. Душанбе ва муфаттиш оид ба корҳои махсуси Прокуратураи ҶШС Тоҷикистон. Солҳои 1987 – 1992 раиси Суди шаҳри Ваҳдат. Солҳои 1992 – 1996 дар вазифаи муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 1996 то соли 2000 дар вазифаи Раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат кардааст. Солҳои 2012 – 2016 роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2016 то инҷониб раиси Комиссияи марказии интихобот ва райпурсӣ мебошад.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол: оиладор, соҳиби шаш фарзанд.
Санаи таваллуд: 27-уми ноябри соли 1956.
Тағойназаров Шариф Тағойназарович
Мансаб: профессори кафедра
Унвони илмӣ: профессор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқуқшиносӣ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ
Мукофот ва унвон: Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
1959-1964, факултети ҳуқуқшиносии ДДТ ба номи В. И. Ленин
Дифои рисолаи докторӣ:
Соли 1990 рисолаи докториашро дар мавзӯи «Проблемаҳои ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ шаҳрвандон» ҳимоя кардааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Аз соли 1964 аспиранти кафедра, 1970 дотсент, аз соли 1996 профессори кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
12. 07. с. 1942
Муртазозода Ҷамшед Саидалӣ
Мансаб: профессори кафедра
Унвони илмӣ: профессор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқуқшиносӣ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: проблемаҳои субъектони ҳуқуқи маданӣ
Мукофот ва унвон: медали «20 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2011), медали «Хизмати шоиста» (соли 2019).
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
1990-1995, факултети ҳуқуқшиносии ДДТ ба номи В. И. Ленин
Дифои рисолаи докторӣ:
Соли 2012 рисолаи докториашро дар мавзӯи «Проблемаҳои ташкилӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимоя кардааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Аз соли 1995 ассистенти кафедра, соли 2004 дотсент, аз соли 2017 профессори кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
04. 05. с. 1972
Ҳиматов Ҳабибулло Нематович
Мансаб: дотсенти кафедра
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқуқшиносӣ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: ҳуқуқҳои молумулкии ҳамсарон дар муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ
Мукофот ва унвон: аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
1993-1998, факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2008 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Масъалаҳои танзими ҳуқуқии муносибатҳои молумулкии ҳамсарон: аз рӯйи маводҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимоя кардааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Соли 1998 ассистент, аз соли 2017 дотсенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
18. 01 соли1972
Қурбонов Қобилҷон Шарифбоевич
E-mail: kurbonovkobiljon83@jmail. com
Тел.: (+992) 900 229 718
Унвони илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: профессор
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: муаллифи 2 монография, 1 китоби дарсӣ, 1 воситаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ ва зиёда аз 60 мақолаҳои илмию оммавии дар дохил ва хориҷи кишвар нашршуда.
Мукофот ва унвон: Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
Соли 2005 шуъбаи рӯзонаи (ихтисоси ҳуқуқшиноси умумӣ)-и факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Солҳои 2005-2011 ассистенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2011-2012 ходими калони илмии муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот” – и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2011 то соли 2020 ба ҳайси дотсенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ҳамин донишгоҳ фаъолият намуда, аз соли 2020 то соли 2024 мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии ҳамин донишгоҳ фаъолият намудааст. Ҳоло мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва профессори кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол: оиладор, соҳиби ду фарзанд.
Санаи таваллуд: 09-уми июни соли 1983.
Ғаффорзода Илёсҷон Ғаффор
E-mail: il.1987@bk.ru
Тел.: (+992) 987788888
Унвони илмӣ: профессор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: муаллифи 60 асарҳои илмии дар дохил ва хориҷи кишвар нашршуда.
Мукофот ва унвон: Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон.
Шарҳи мухтасари ҳол.
Маълумот:
Соли 2009 шӯъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси 24010200 – ҳуқуқшиносӣ бо дипломи аъло хатм намуда, солҳои 2009 – 2014 ассистенти кафедраи ҳуқуқи граждании ҳамин факултет, аз солҳои 2014 то 2015 муовини декани факултети номбурда оид ба корҳои тарбия буданд. Солҳои 2015 то 2018 сардори шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони ҳамин Донишгоҳ. Солҳои 2018 – 2022 директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳ ва аз соли 2022 то инҷониб муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ мебошад.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол: оиладор, соҳиби се фарзанд.
Санаи таваллуд: 08. 12 соли 1987.
Қурбонализода Нурулло Шамсулло
Мансаб: дотсенти кафедра
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқуқшиносӣ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: масъалаҳои субъекти ҳуқуқи маданӣ будани шахсони воқеӣ
Мукофот ва унвон: Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар бахши илмҳои гуманитарӣ (соли 2022).
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
2005-2010, факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2014 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои иттилоотии граждании кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимоя кардааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Соли 2010 лаборанти кафедра, аз солҳои 2011 – 2015 ассистент, аз соли 2020 дотсенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
17. 03 соли1988
Қосимов Фаррух Абдулмуминович
E-mail: kasimovfarrukh1@jmail.com
Тел.: (+992) 711 401 010
Унвони илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: профессор
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: муаллифи 2 монография, 1 китоби дарсӣ, 2 воситаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ ва зиёда аз 50 мақолаҳои илмию оммавии дар дохил ва хориҷи кишвар нашршуда.
Мукофот ва унвон: Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
Соли 2010 шуъбаи рӯзонаи (ихтисоси ҳуқуқшиноси умумӣ)-и факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Солҳои 2010-2015 ассистенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2015 ба сифати дотсенти ҳамин кафедра фаъолият намудааст. Аз соли 2016 то соли 2023 ба ҳайси директори Институти Конфутсийи назди ҳамин донишгоҳ фаъолият намуда, аз моҳи январи соли 2024 то инҷониб мушовири Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва профессори кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол: оиладор, соҳиби се фарзанд.
Санаи таваллуд: 27-уми октябри соли 1987.
Саидов Ҳуснуддин Миршакарович
Мансаб: дотсенти кафедра
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқуқшиносӣ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: масъалаҳои ҳуқуқи мадании истифодаи об
Мукофот ва унвон: Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2019)
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
2006-2011, факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2018 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Масъалаҳои асосии таъмини шаҳрвандон бо оби нӯшокӣ дар танзими ҳуқуқи хусусӣ» ҳимоя кардааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Солҳои 2011 – 2020 ассистент, аз соли 2021 дотсенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол: 18. 08.1988
Шерзода Бурҳоналӣ Сабзалӣ
Мансаб: ассистенти кафедра
Унвони илмӣ: надорад
Дараҷаи илмӣ: надорад
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: масъалаҳои ҳуқуқи мадании молумулки ғайриманқул
Мукофот ва унвон: надорад
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
2014-2018, факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ: накардааст
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: аз соли 2022 ассистенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол: 7. 01 соли1999
Қурбонов Қурбон Бобоевич
E-mail: kurbonzoda82@bk.ru
Тел.: (+992) 907-56-07-07
Унвони илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: дотсент
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: муаллифи1 монография, 2 китоби дарсӣ, 3 тафсир ба қонунҳо (ҳаммуаллифӣ), 6 воситаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ ва зиёда аз 45 мақолаҳои илмию оммавии нашршуда.
Мукофот ва унвон: надорад
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
Соли 2004 шуъбаи рӯзонаи (ихтисоси ҳуқуқшиноси умумӣ)-и факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: солҳои 2005-2006 иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳамоҳангсозӣ ва ояндабинии ДДМТ, солҳои 2006-2009 сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати маорифи ҶТ, солҳои 2009-2010 лаборанти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, солҳои 2010-2015 ассистенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, солҳои 2013-2015 муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, солҳои 2015-2023 мудири кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, солҳои 2023-2024 муовини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ оид ба таълим, аз соли 2024 то ҳол муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ дар шуъбаи магистратура ва шуъбаи маълумоти дуюми олӣ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол: солҳои 2015-2023 – раиси Шурои методии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, солҳои 2017-2020 – коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Санаи таваллуд: 28 апрели соли 1982.