Чун анъана ҳар сол рӯзи 1 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш қайд намуданд: “Ин сана ба мо – калонсолон ҳамеша хушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.” Дар ин суханони пур аз меҳру муҳаббат ба кӯдакон масъалаҳои ҳуқуқи маданӣ низ вуҷуд доранд, ки дар хусуси онҳо мехоҳам ибрози назар намоям.
Мувофиқи қисми якуми моддаи 2 Кодекси мадании ҷумҳурӣ муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкие, ки ба баробарӣ, мухторияти ирода ва мустақилияти молумулкии иштирокдоронашон асос ёфтааст, мавзуи танзими ҳуқуқи маданӣ мебошад. Кӯдакон дар ин муносибатҳо иштирок намуда, вобаста ба синну сол, қобилияти дарки кирдор ва оқибатҳои ҳуқуқии он ва дигар унсурҳои балоғати инсонӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъективӣ пайдо мекунанд. Яке аз унсури муҳимми вазъи ҳуқуқи мадании ӯ ҳифзи манфиатҳои қонунӣ буда, субъекти мазкур дар ин муносибатҳо имкониятҳои ба худ хос дорад. Мувофиқи қисми 2 моддаи 21 Кодекси мадании ҷумҳурӣ маҳалли истиқомати кӯдакони то 14 сола ё кӯдаконе, ки таҳти васоят қарор доранд, маҳалли истиқомати намояндагони қонунии онҳо эътироф мегардад. Барои амалӣ намудани имкониятҳои болозикр муайян намудан лозим аст, ки қонунгузор маҳалли истиқоматӣ гуфта чиро дар назар дорад. Дар ин маврид сухан дар бораи ҷойе меравад, ки кӯдак доимӣ ё бештар дар он зиндагӣ мекунад. Мисоли он шуда метавонад, манзили истиқоматӣ.
Дар оила тибқи моддаи 34 Кодекси оилаи ҷумҳурӣ, молумулке, ки зану шавҳар баъди бастани нигоҳ пайдо намудаанд, моликияти муштараки онҳо мебошад. Оё дар ин моликии муштарак кӯдак ҳамчун молик иштирок мекунад? Не, вай ҳаммолик намебошад. Ҳамзамон тибқи моддаи 60 Кодекси оилаи ҷумҳурӣ кӯдак ҳуқуқ ба таъминоти андозаи ҳадди ақалли масоҳати манзили истиқоматӣ ба як нафарро дорад. Вай аъзои оилаи молики манзили истиқоматӣ эътироф мешавад.
Кӯдак ҳуқуқ ба моликият дошта, метавонад молумулкро ба мерос гирад. Тибқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак, аз соли 1989 (Ҷумҳурии Тоҷикистон онро соли 1993 эътироф намудааст) дар соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории объектҳои ҳуқуқи моликиятӣ кӯдак имкониятҳои баробар дорад. Ин имкониятҳо аз ҷониби давлат эътироф ва ҳифз карда мешаванд. Кӯдаконе, ки қобилияти пурраи амалкунӣ доранд, ҳарчанд ба синни 18 сола нарасидаанд (дар синни 17 солагӣ бо риояи тартиби судӣ – мурофиавӣ бастани никоҳ ва ё кӯдакони эмансипатсияшуда) метавонанд аз тарзҳои ҳимояи ҳуқуқҳои маданӣ истифода намоянд. Кӯдаконе ки чунин имконият надоранд, ҳуқуқ доранд ба мақомоти васоят ва парасторӣ муроҷиат намоянд.
Васоят барои хурдсолон, инчунин кӯдаконе муқаррар карда мешавад, ки суд онҳоро дар натиҷаи бемории руҳӣ ё сустақлиашон ғайриқобили амал эътироф намудааст.
Парасторӣ бошад барои кӯдакони аз 14 сола то 18 сола, инчунин одамони ба балоғат расидае муқаррар карда мешавад, ки суд қобилияти амалкунии онҳоро бо сабаби мубталои қиморбозӣ, суиистеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва маводи нашъаовар маҳдуд намудааст.
Дар асоси қисми 1 моддаи 35 Кодекси мадании ҷумҳурӣ мақомоти васояту парасториро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Мувофиқи банди 7 Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ ба чунин сифат мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баромад мекунад. Низомномаи зикршуда то мавриди амалшудани Кодекси маданӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25. 01. 2017, таҳти № 30 тасдиқ шудааст. Аз банди 8 ин санади зерқонунӣ бармеояд, ки Комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак дар назди мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифа ва функсияҳои мақомоти васоят ва парасториро дар нисбати кӯдакони ниёзманд амалӣ менамоянд.
Бояд зикр намуд, ки ақида дар хусуси ҷашни Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз ҷониби субъектони болиғи ҳуқуқ 1 июни соли 1925 дар Женева ҳангоми баргузории Конференсияи махсуси байналмилалӣ иброз шудааст. Ҳамин одамони калонсол дарк намудаанд, ки дар натиҷаи ҷанги якуми ҷаҳон маҳз кӯдакони бечора азобу шиканҷа кашидаанд, объекти хариду фурӯш ва дигар кирдорҳои манъшуда гардидаанд. Онҳо дарк намуданд, ки бинобар сабаби хурдсолӣ, бетаҷрибагӣ ва дигар имкониятҳои маҳдуди зеҳнию ҷисмонӣ ба ғамхории давлат, муассиса, корхонаҳо, ташкилотҳои молиявию қарзӣ ва дигар соҳибкорон, ба меҳрубонии волидайн ва муҳити созандаи оилавӣ ниёз доранд.
Дар ин конференсия ҳалли масъалаҳои таъминоти маънавию моддии кӯдакон гузошташуд. Дар он даъват карда шуд, ки ҳарсол Рӯзи ҳимояи кӯдакон ҷашн гирифта шавад.
Тирамоҳи соли 1949 Конференсияи байналмилалии Федератсияи байналмилалии демократии занҳо гузаронида шуд, ки дар он 1 июн Рӯзи ҳимояи кӯдакон эълон гардид. Ин қарор аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ шуд, Бунёди кӯдакони ин созмони бонуфуз (ЮНИСЕФ) таъсис додашуд ва аз соли 1950 то инҷониб Рӯзи ҳимояи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад.
Аз таҳлилҳои болозикр бармеояд, ки мафҳуми кӯдак, ки дар қисми 1 моддаи 55 Кодекси оилаи ҷумҳурӣ ва сархати 2 моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” аз 20.06.2024, таҳти № 2049, додашудааст, ба таҷдиди назар ниёз дорад, чунки дар синни 17 солагӣ бо риояи тартиби судӣ – мурофиавӣ аз ҷониби кӯдакон бастани никоҳ ва ё кӯдакони эмансипатсияшуда, аз рӯзи мавриди амал гардидани қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ кӯдак намебошанд.
Дар низоми судии ҷумҳурӣ ба ҳимояи манфиатҳои қонунии кӯдакон диққати ҷиддӣ дода мешавад. Мувофиқи сархати 4 қисми 3 моддаи 23 Қонуни конститутсионии ҷумҳурӣ “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ сохтори алоҳидаи Суди Олии ҷумҳурӣ мебошад.
Сархати 2 моддаи 4 Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар менамояд, ки ҳифзи ҳуқуқи иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз самтҳои иҷрои вазифаҳои мақомоти прокуратура мебошад.
Аз моддаи 32 примяки Қонуни ҷумҳурӣ “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бармеояд, ки вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар кишвар – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҷумҳурӣ гузоштани эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, риоя, ҳифз ва инкишофи ин ҳуқуқу озодиҳо мебошад.
Дар анҷоми таҳлилҳо, ин санаи некро ҳамчун рӯзи устувории оила, ваҳдати миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои қонунии кӯдакони Тоҷикистон ва ҷаҳон, ба ҳамаи Шумо самимона табрик мегӯям.
Шукрулло Ғаюрзода,
мудири кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор