Бо чунин ном санаи 16.11.2017 сол дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи омӯзгорону олимон, аспитрантону муҳаққиқон, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони соҳаҳои гуногун, васоити ахбори омма ва матбуоти даврӣ баргузор гардид.
Нахуст, декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Дилшод Сафарбек ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, дар хусуси зарурат ва аҳамияти баргузории он гузориш доданд. Аз ҷумла иброз намуданд, ки дар заминаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 22.12.2016 ироа гардида буд ва дар он ҷиҳати рушд додани бахши соҳибкорию сайёҳӣ нуқтаҳои муҳим баён шуда буданд, дар факултети ҳуқуқшиносӣ нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, яке аз бандҳои он дар хусуси ташкил намудани конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосгузори қонунгузории соҳибкорӣ ва сайёҳӣ» бахшида шудааст. Факултети ҳуқуқшиносӣ тасмим гирифт, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи номбурда дар ин санаи мубораку таърихӣ ва рӯзи Президент ин конфронсро баргузор намояд. Дар рӯзи Президент ва таҳти мавзӯи «Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосгузори қонунгузории соҳибкорӣ ва сайёҳӣ» баргузор намудани конференсия ба он нигаронида шудааст, ки аҳли устодони факултети ҳуқуқшиносӣ бо мақолаҳои илман асосноки худ баромад намуда, бо далелҳои кофӣ саҳм ва хизматҳои шоистаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бахши соҳибкорӣ ва сайёҳӣ ба доираи васеи хонандагон, донишҷӯён ва кулли шаҳрвандон пешкаш намоянд ва бо ин роҳ рӯзи Президентро ҷашн гиранд.
Декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Дилшод Сафарбек дар идомаи сухани ифтитоҳиашон баён намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали ба ҳайси Президент интихоб шуданашон гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар бобати таҳкими заминаҳои ҳуқуқии давраи гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ, танзими муносибатҳои нави бозорӣ, алалхусус вусъати соҳибкории хурду миёна, такмили низоми бонкӣ, роҳандозии сиёсати андозбандӣ, низоми мукаммали қарздиҳӣ, инкишофи соҳаи кишоварзӣ, энергетика, роҳсозӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, руушди илм, маориф ва фарҳанг, тақвият бахшидан ба ватандустӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории хеш мунтазам истифода мебаранд. Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ инкишоф ва такмили минбаъдаи қонунгузории давлат ҷузъи сиёсати ҳуқуқии давлат мегардад. Чи тавре мушоҳида карда мешавад, бо ташаббусҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунгузории соҳаи соҳибкорӣ, тиҷорат, сайёҳӣ, фаъолияти бонкӣ, молия, қарз, истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ аз ҷумла нафту газ ва бахшҳои дигари ҳаёти ҷомеа ташаккул ва такмил меёбанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар ҳама паёмҳои худ дар хусуси дастгирӣ намудани бахши соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва сармоягузорӣ фикру мулоҳизаи худро баён месозанд, ки ин далели амиқ оиди он аст, ки бахшҳои номбурда зери таваҷӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон мебошад. Чунончи дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 16 апрели соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини рушди воқеии бозори коғазҳои қиматнок, зарурати аз нав баррасӣ намудани ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ба талаботи иқтисоди бозорӣ мувофиқ гардонидани онҳоро таъкид намуда буданд.
Дар интиҳои сухани ифтитоҳии худ декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Дилшод Сафарбек ҳамаи аҳли нишастро ба Рузи Президент ва иҷлосияи 16 -уми Шӯрои Олии Тоҷикистон табрику муборак бод гуфта, ба кори конференсияи барору комёбиҳо орзу намуданд.
Ҳамчунин дар кори конференсия Сафармамадов С.М. муовини ректори ДМТ оид ба илм, доктори илмҳои кимиё, профессор иштирок ва вобаста ба мавзӯи баррасишаванда иброз намуд, ки дар воқеъ бо ин тарз аз рӯзи Президент истиқбол намудан аз ҷониби факултети ҳуқуқшиносӣ шоистаи таҳсин мебошад. Дар ҳақиқат соҳаи соҳибкорӣ ва сайёҳӣ баъди талошҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат рушд намуда истодааст. Натиҷаи таъкидҳои пайвастаи Президенти ҶТ муҳтарам Эмомали Раҳмон буд, ки имрӯзҳо аз мавзеъҳои таърихӣ ва тамошобоби кишвари мо сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ дидан менамоянд. Дар заминаи рушд ёфтани соҳаи соҳибкорӣ дар баробари ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ ҷойҳои зиёди кори таъсис дода мешавад, ки ин баҳри истифодаи қувваи корӣ дар ҶТ асос мегардад.
Сипас, аз рӯйи рӯзномаи барномаи конференсия маърӯзаҳои устодони факултет, олимон ва намояндагони мақомотҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ шунида шуд. Баромадкунандагон мазмуну моҳияти маърузаҳои хешро шарҳ дода, таҳқиқу омӯзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Дар музокира табодули афкори судманди ҳозирин ва маърузачиён сурат гирифт.
Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни конференсия фурсати муносибро истифода намуда, андешаю назари хешро оид ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои баррасишуда баён намуданд.
Дар ҷамбаста кори конференсия таъкид карда шуд, ки аз таҷрибаи қонунгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол бармеояд, ки барномаҳо, консепсияҳо ва нақшаҳои стратегии давлат, ки бо ташабусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул ва роҳандозӣ мешаванд, самтҳои стратегии фаъолияти қонунгузориро муайян намуда, замина барои қабули қонунҳои нав мебошанд. Возеҳ аст, ки ин барномаҳо ва нақшаҳои стратегии давлат дар заминаи қонунӣ амалӣ мешаванд. Аз ин рӯ, барномаву нақшаҳои стратегии давлат шакли нави амалӣ гаштани таклифҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар робита ба таҷлили ҷашни Рӯзи Президент, садорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кулли устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳро самимона табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломативу сарабаландӣ, пешрафту комёбиҳоро таманно менамоянд.
Дар интиҳо оид ба таклифу пешниҳодҳо ва мақолаҳои ироа шуда аз ҷониби кумитаи тадорукот қатънома қабул гардид.