Шарифов Исмоил Муҳибуллоевич
Шарифов Исмоил Муҳибуллоевич 19-марти соли 1991 таваллуд шудааст. Соли 2009 ба шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2014 онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 2014-2016 ҳамчун ассистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносӣ, солҳои 2015-2019 аспиранти шуъбаи ғоибонаи кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳууқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2014-2016 муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Минбари ҳуқуқшинос”, солҳои 2016-2017 муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба корҳои тарбиявӣ, аз нимаи дуюми соли 2017 то кунун муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба корҳои таълим дар шуъбаи муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ) ва низоми таҳсилоти кредитӣ ва ҳамзамон муаллими калони кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносӣ мебошад. Масъалаҳои вобаста ба танзими ҳуқуқии соҳибкории хурд, ташаккули қонунгузории соҳибкории хурд, ҳолати ҳуқуқии ин субъектҳо ва асосҳои ҳуқуқии дастгирии давлатии субъектҳои соҳибкории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯъҳои асосии таҳқиқоти илмии номбурда ба шумор мераванд. Соли 2015 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Танзими ҳуқуқии соҳибкории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Шӯрои олимони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ тасдиқ намуда, айни замон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Доир ба мавзӯи зикршуда номбурда дар конференсияҳои зиёде, аз қабили конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Мушкилоти танзими ҳуқуқии инноватсия дар фаъолияти соҳибкорӣ» (ДМТ, 10-уми июни соли 2014), конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба 22-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Конститутсия дар инкишофи соҳаҳои ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ДМТ, октябри соли 2016), мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи сиёсати ҳуқуқии кишвар» (ДМТ, 26-уми декабри соли 2016), мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди қонунгузории соҳибкорӣ ва сайёҳӣ дар ҶТ» (Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ, 13-уми апрели соли 2017), конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Рушди қонунгузории соҳибкорӣ, тиҷорат ва сайёҳӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии ҶТ» (ДМТ, 18-уми майи соли 2018) ширкат намудааст. Мавсуф аз фанҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи андоз ва курсҳои махсуси «Асосҳои андозбании соҳибкории хурд», “Ҳуқуқи рақобат» ва «Асосҳои танзими ҳуқуқии соҳибкории хурд» ба шогирдон дарс гуфта, муаллифи беш аз 30 кори илмию таҳқиқотӣ ва таълимию методӣ мебошад. Барои корҳои пурсамараш Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соли 2018) қадрдонӣ гардидааст. Ў 5 сол собиқаи кории илмию омӯзгорӣ дорад. Оиладор, соҳиби се фарзанд аст.