Интихобот воситаест, ки тавассути он шаҳрвандон дар ҷомеаи демократӣ ҳуқуқи худро барои иштирок дар идоракунии давлатӣ амалӣ менамоянд. Он робитаи байни халқ ва ҳокимият, қонунияти ниҳодҳои сиёсиро таъмин менамояд. Аҳаммияти интихоботро дар ҷомеаи имрӯза арзёбӣ кардан муҳим аст, зеро он дар ташаккули ҷомеаи устувор ва одилона нақши калидӣ дорад. Интихобот ҳамчун асоси демократия маҳсуб меёбад. Демократия ба принсипи ҳокимияти халқ асос ёфтааст, ки манбаи асосии ҳокимият халқ мебошад. Интихобот ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки намояндагони худро, ки аз номи онҳо қарор қабул карда, масъалаҳои муҳимми ҳаётиву ҷамъиятиро ҳал менамоянд, интихоб намоянд.
Интихобот қонунияти ҳокимиятро таъмин мекунад ва ба ҷомеа имкон медиҳад, ки ба номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ эътимод ё нобоварии худро изҳор намоянд. Осоиштагӣ ва суботи давлатӣ тавассути раванди софдилона ва шаффоф интихоб намудани интихобшавандагон тақвият меёбад. Дар шароити интихоби демократӣ принсипҳои баробарӣ, қонуният ва адолат риоя карда шуда, манфиатҳои миллӣ ҳимоя карда мешаванд. Интихобот ба рушди рақобати сиёсӣ мусоидат мекунад. Рақобати сиёсӣ рушди ғояҳои нав, навсозии институтҳо ва ҷустуҷӯи равишҳои самарабахшро барои ҳалли мушкилоти ҷамъиятӣ ҳавасманд мекунад. Баръакси режимҳои авторитарӣ ва тоталитарӣ, ки дар он тағйири роҳбарият аксар вақт бо зӯроварӣ сурат мегирад, дар демократия ин тавассути расмиёти интихобӣ сурат мегирад. Ин суботи ҷомеаро тақвият бахшида, муноқишаҳои иҷтимоиро пешгирӣ мекунад. Моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, ки “Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст”. Аз ин меъёри конститутсионӣ маълум мегардад, ки дар Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ҳокимият ба халқ тааллуқ дошта, интихоби намояндагоне, ки аз номи халқ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд, аз ҷониби шаҳрвандон сурат мегирад.
Интихобот на танҳо институтҳои давлатиро тақвият мебахшад, балки дар шаҳрвандон ҳисси масъулиятро барои ояндаи кишвари худ тарбия мекунад. Иштирок дар овоздиҳӣ ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки иштирокчиёни фаъоли ҳаёти ҷамъиятӣ бошанд, нуқтаи назари худро баён намоянд ва ба қарорҳои қабулшуда таъсир расонанд. Интихобот ҳастии демократия ба ҳисоб рафта, қонунияти қудратро таъмин намуда, барои рақобати сиёсӣ шароит фароҳам меорад. Бе интихоботи озод ва одилона ҷомеаи муосири демократиро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳар як шаҳрванде, ки дар интихобот иштирок менамояд, дар таҳкими демократия, рушду инкишофи давлат ва ташаккули ояндаи миллат саҳми худро мегузорад. Огоҳӣ аз аҳаммияти интихобот як қадам ба сӯйи ҷомеаи одилона, кушода ва устувор аст.
ФУНКСИЯҲОИ ИНТИХОБОТ ВА ТАЪСИРИ ОНҲО
Интихобот асоси низоми ҷомеаи демократӣ буда, дар раванди ташаккули сохторҳои ҳокимият, таъмини намояндагии сиёсӣ ва нигоҳ доштани субот нақши калидӣ мебозад. Яке аз функсияҳои интихобот ин функсияи намояндагии интихобот мебошад. Вазифаи асосии интихобот намояндагии манфиатҳои шаҳрвандон дар мақомотҳои ҳокимиятӣ мебошад. Дар ҷомеаи демократӣ шаҳрвандон кишварро мустақиман идора намекунанд, балки ин вазифаро ба намояндагони интихобшуда вогузор менамоянд. Интихобот ба ҳар як шаҳрванд имконият медиҳад, ки иродаи сиёсии худро баён карда, шахсонеро интихоб намояд, ки манфиатҳои онҳоро дар сатҳи давлатӣ намояндагӣ кунанд.
Функсияи дигари интихобот ин функсияи назоратӣ мебошад. Интихобот, инчунин, функияи назоратиро иҷро мекунад, зеро он ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки фаъолияти ҳокимиятро арзёбӣ кунанд. Интихоботи даврӣ ҳамчун механизме хизмат мекунад, ки тавассути он интихобкунандагон метавонанд назорат намоянд, ки намояндагоне ки онҳо интихоб кардаанд, то чӣ андоза самаранок фаъолият намуда, ваъдаҳои худро иҷро ва манфиатҳои ҷомеаро ҳимоя намуданд.
Функсияи иҷтимоӣ ва тарбия аз функсияи дигари интихобот дарак медиҳад. Интихобот инчунин дар иҷтимоикунонии шаҳрвандон ва тарбияи мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ нақш мебозад. Дар ҷараёни интихобот шаҳрвандон чунин тасаввур мекунанд, ки ҳуқуқҳои онҳо дар амал кафолат дода шуда, дар раванди сиёсӣ иштирок намуда, барои ояндаи кишвари худ масъулият доранд. Ҳар қадаре ки шаҳрвандон фаъолтар бошанд, ҳамон қадар институтҳои демократӣ қавитар мегарданд, зеро иштирок дар интихобот ҳисси масъулият, дарки аҳаммияти қарзи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқиро ташаккул медиҳад. Ин ба таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фароҳам овардани муҳити муколамаи созанда мусоидат мекунад.
Интихобот ба рушди ҷомеа ва пешрафт таъсири калон мерасонад. Ин имконияти гузаронидани ислоҳот, беҳтар кардани шароити зиндагӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ мебошад. Тавассути интихоб, шаҳрвандон метавонанд барномаҳоеро дастгирӣ намоянд, ки ба ҳалли масъалаҳои мубрам, аз қабили маориф, тандурустӣ, амният, кам кардани сатҳи камбизоатӣ нигаронида шудаанд. Илова бар ин, интихобот ба рушди гуногунандешии сиёсӣ, гуногунии ақидаву ғояҳо ва дар навбати худ ба рушди ҷомеаи мутавозинтар ва одилона мусоидат мекунад.
Интихобот дар ҷомеаи демократӣ нақши бисёрфунксионалӣ дорад. Он намояндагии манфиатҳои шаҳрвандонро таъмин намуда, қонунияти ҳокимиятро дастгирӣ ва ба иҷтимоикунонии сиёсӣ мусоидат карда, рақобати сиёсиро рушд медиҳад ва ба пешрафти ҷамъиятӣ мусоидат мекунад. Маҳз тавассути интихобот шаҳрвандон метавонанд ба ояндаи кишвари худ тавассути таъмини рушди равандҳои демократӣ ва пешгирии таҳдидҳои авторитарӣ таъсир расонанд.
НАҚШИ ИНТИХОБОТ ДАР РАВАНДИ ДЕМОКРАТӢ
Интихобот унсури бунёдии ҷомеаи демократӣ буда, дар ташкили ҳокимият, нигоҳ доштани қонуниятҳои низоми сиёсӣ ва ифодаи иродаи шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Маҳз тавассути интихобот халқ ҳуқуқи худро барои иштирок дар идоракунии давлат амалӣ менамояд, ки ин принсипи асосии демократия мебошад.
Аввалан, интихобот механизми ташаккули ҳокимиятро таъмин мекунад. Ин равандест, ки тавассути он шаҳрвандон намояндагони худро ба мақомоти қонунгузорӣ ва мансабҳои асосии давлатӣ интихоб мекунанд. Ба шарофати ин, низоме ба вуҷуд меояд, ки дар он ҳокимият ба иродаи аксарият асос ёфтааст ва манфиатҳои ҷомеа баробар ҳифз карда мешаванд.
Дуюм, интихобот дар таъмини қонунияти ҳокимият нақши муҳим мебозад. Демократия талаб мекунад, ки ҳокимият дар асоси эътимоди ҷамъият амал намояд.
Нақши интихобот дар раванди демократӣ бузург аст. Бе интихобот ҷомеаи демократӣ моҳияти худро гум карда, ба сохторе табдил меёбад, ки дар он ақидаи шаҳрвандон нақши ҳалкунанда надорад. Аз ин рӯ, интихобот унсури ҷудонопазири демократия мебошад, ки устуворӣ ва рушди онро кафолат медиҳад.
ГУЗАРОНИДАНИ СЕМИНАР-МАШВАРАТҲОИОМӮЗИШӢ ОИД БА ИНТИХОБОТ
Барои он ки шаҳрвандон дар интихобот самаранок иштирок намоянд, зарур аст, ки онҳо бо маълумоти кофӣ таъмин карда шаванд. Дар ин замина, гузаронидани семинар-машваратҳо оид ба интихобот ҷузъи муҳимми раванди таълим мегардад.
Вазифаи асосии чунин семинарҳо баланд бардоштани огоҳии шаҳрвандон дар бораи раванди интихобот, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо, инчунин аҳаммияти иштироки онҳо мебошад. Муҳим аст, ки иштирокчиёни семинарҳо донанд, ки чӣ гуна ҳуҷҷатҳои интихоботро дуруст пур кунанд, кадом намудҳои интихобот вуҷуд дорад ва инчунин чӣ гуна ҳуқуқҳои худро дар сурати вайрон кардани раванди интихобот ҳимоя карда метавонанд.
Дар навбати аввал, семинарҳо метавонанд ба шиносоии шаҳрвандон бо асосҳои ҳуқуқи интихобот равона карда шаванд. Ин маълумотро дар бар мегирад, ки киҳо ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд, кадом ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии интихобкунандагон заруранд, кадом расмиёти овоздиҳӣ ва ҳисобкунии овозҳо мавҷуданд. Инчунин фаҳмонидани принсипҳои кори комиссияҳои интихоботӣ ва асосҳои ҳуқуқии ҳимояи ҳуқуқҳои интихоботӣ муҳим аст.
Ҷанбаи дуюми муҳим омодагии амалӣ мебошад. Машваратҳо метавонанд нақшбозӣ ва симулятсияҳои интихоботро дар бар гиранд, ки ба иштирокчиён на танҳо дониши назариявиро меомӯзанд, балки малакаҳои дар участкаҳои интихоботӣ муфидро инкишоф медиҳанд. Масалан, омӯзиши дуруст тартиб додани бюллетенҳо, ҳалли ҳолатҳои баҳсбарангез ва ҳамкорӣ бо дигар интихобкунандагон метавонад эътимоди шаҳрвандонро ба амалҳои худ ба таври назаррас афзоиш диҳад. Муҳим аст, ки семинар ва машваратҳо бо назардошти хусусиятҳои гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангии иштирокчиён фарогир бошанд. Ҳамин тариқ, гузаронидани семинар-машваратҳо оид ба интихобот унсури зарурии ташаккули шаҳрвандон мебошад, ки метавонанд дар раванди демократӣ самаранок иштирок кунанд. Ин на танҳо ба баланд бардоштани фаъолияти интихоботӣ мусоидат мекунад, балки эътимодро ба интихобот ҳамчун воситаи муҳимтарини ифодаи иродаи мардум тақвият медиҳад.
Хулоса, интихобот дар ҷомеаи демократӣ нақши марказиро мебозад, ки ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки афзалиятҳои худро баён карда, дар раванди сиёсӣ иштирок намуда, ба рушди ҷомеа таъсир расонанд. Интихоби демократӣ на танҳо озодӣ ва баробариро кафолат медиҳад, балки барои ташаккули низоми устувор ва одилонаи сиёсӣ асос мебошад. Илова бар ин, интихоби демократӣ ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими эътимод байни ҳокимият ва халқ мусоидат мекунад. Ин на танҳо ҳуқуқ, балки ҷузъи муҳимми масъулияти иҷтимоӣ мебошад, ки некӯаҳволӣ ва ояндаи тамоми ҷомеа аз он вобаста аст. Танҳо бо иштироки фаъол ва огоҳонаи шаҳрвандон имконпазир аст, ки принсипҳои демократӣ нигоҳ дошта шуда, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ пешрафт ба даст оварда шавад.
Ғуломализода Шаҳром Ғуломалӣ – магистранти соли аввали факултети ҳуқуқшиносии ДМТ