ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ ЮНЕСКО ДАР БОРАИ «УСТУВОНАИ КУРУШИ КАБИР – НАХУСТЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР ВА ЭЪТИРОФИ ОН ҲАМЧУН МЕРОСИ УМУМИҶАҲОНӢ»

Таҳти чунин унвон имрӯз (13.11.2025) дар пояи кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бахшида ба қабули Қатъномаи ЮНЕСКО дар бораи «Устувонаи Куруши Кабир – нахустэъломияи ҳуқуқи башар ва эътирофи он ҳамчун мероси умумиҷаҳонӣ» доир гардид. Дар ҳамоиш мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саъдизода Ҷаҳонгир, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуданд.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии декани факултети ҳуқуқшиносӣ Мирзозода Парвон оғоз гардида, таъкид намуд, ки ин гуна ҳамоишҳои илмӣ аҳаммияти амиқи илмӣ дошта, ба арҷ гузоштан ва эҳтирому эътирофи ҳуқуқи инсон ва нобиғаҳои миллати тоҷик нигаронида шудааст.

Таъкид гардид, ки миллати тоҷик дорои таъриху фарҳанги қадима мебошад, ки далели ин гуфтаҳо яке аз сарчашмаҳои муҳимми таърихӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла Эъломияи Куруши Кабир мебошад. Эъломияи Куруши Кабир ҳамчун сарчашмаи таърихӣ-ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҳисоб рафта, бо меъёрҳои инсондӯстона, барои пешрафту инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, махсусан ҳуқуқу озодиҳои инсон дар аҳди қадим ва дар замони муосир нақши босазо дорад.

Зимнан мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саъдизода Ҷаҳонгир баромад намуда, зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2024 қайд намуданд, ки Тоҷикистон ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад.

Боиси сарфарозист, ки пешниҳоди Пешвои миллат аз ҷониби Иҷлосияи 43-юми ЮНЕСКО бобати ин масъала дастгирӣ ёфта, қаътнома дар бораи устувонаи Куруши Кабир Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи инсон гуногунрангии тамаддунӣ қабул гардид, ки ин қаътнома ба рӯзи қабули Конститутсияи кишвар рост меояд. Ин аз он далолат мекунад, ки миллати тоҷик дар қабули қонунҳо ва эъломияҳо таърихи зиёда аз 2500 сола дорад.

Мавриди зикр аст, ки 2550 сол муқаддам Куруши Кабир меъёрҳоеро муқаррар намудааст, ки онҳо то имрӯз ба ҳайси нишондиҳандаи рушди волои тамаддуни инсонӣ баромад намуда, ба санадҳои байналмилалӣ ва конститутсияҳои мамлакатҳои рушкардаи ҷаҳон, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун арзиши пурқимат ворид гардида амал менамоянд, чунончӣ:

-Ҳуқуқ ба озодӣ.

-Озодии эътиқод ва дин.

-Ҳуқуқ ба баробарӣ ва адолат.

-Озодӣ аз ғуломӣ ва манъи шиканҷа.

-Ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ

-Ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва интихоби ҷойи зист.

Меъёрҳои Эъломияи Куруши Кабир то имрӯз моҳияти худро гум накардаву истифодаи онҳо дар санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ ва дигар санадҳои миллию байналхалқӣ ба чашм мерасад.

Дар идомаи ҳамоиш ҳамчунин устодони факултети ҳуқуқшиносӣ ва факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Азиззода У.А., дар мавзуи «Эъломияи Куруши Кабир ва нақши он дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии миллӣ», мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мирализода И.Қ., дар мавзуи «Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи арзишҳои миллӣ дар мисоли Эъломияи Куруши Кабир», номзади илмҳои таърих, дотсент, директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат Шрифзода Ҷамолиддин дар мавзуи «Аҳаммияти шинохти шахсияти Куруши Кабир дар шароити муосир» ва мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Қодиров Н.А. дар мавзуи «Устувонаи Куруш: Аҳамияти таърихӣ-ҳуқуқӣ ва эътирофи байналмилалии он» маърӯза намуданд.

Таъкид гардид, ки имрӯз, аксари давлатҳои ҷаҳон ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ меъёрҳои Эъломияи мазкурро ҳамчун сарчашма ба таври васеъ мавриди истифода қарор додаанд. Аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон меърёҳои Эъломияи Куруши Кабирро дар самти эъмори давлатдории муосири тоҷикон ва бунёди ҷомеаи соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона васеъ истифода бурдааст ва бурда истодаанд.

Дар охир, изҳори умед карда шуд, ки ҳамоиши мазкур дар баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии мутахассисони соҳа, инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ ва шинохти шахсиятҳои нодири таърихӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муассири худро хоҳад гузошт.