Ҳамасола дар Донишоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи «Ҳафтаи илм» Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни ДМТ баргузор мегардад. Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни ДМТ имсола ба як қатор ҷашн ва чорабиниҳои муҳимми давлатӣ рост омад, аз он ҷумла «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «400-солагии Миробид Сайидои Насафӣ». Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад. Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «400-солагии Миробид Сайидои Насафӣ» кори худро аз 20-ум то 27-уми апрели соли 2019 идома дод. Мувофиқи барнома дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар 11 бахш аз 172 маърӯзаи аз тарафи устодону кормандон пешниҳод шуда, 170 маърӯза мутобиқи нақша 15 маърӯзаи иловагӣ шунида шуд. Дар конференсияи имсола масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ, ба монанди: масоили таҳқиқоти илмӣ ва афзалиятҳои он аз нигоҳи ҳуқуқшиносони тоҷик, асосҳои ҳуқуқии ҳимояи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷанбаҳои таърихии қабули Конститутсияи ҶТ, баъзе масъалаҳои ҳуқуқи гражданӣ дар Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018-2028, доир ба зарурияти қабули Кодекси соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъзе аз масъалаҳои мубрами такмили қонунгузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, иштироки прокурор дар муҳокимаи судии парвандаҳои ҷиноятӣ, таълимоти Саъдии Шерозӣ оид ба ҳуқуқи инсон, масъалаҳои мубрами ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ, масъалаҳои назариявии танзими ҳуқуқии моликияти созмонҳои байналмилалӣ, гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар мавриди тафтиши ҷинояти одамрабоӣ, муқаррароти умумӣ оид ба санксияҳои ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ, фаъолгардонии дарки донишҷӯён дар раванди таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ғайраҳо баррасӣ карда шудаанд. Аз маърӯзаҳои устодони факултет бармеояд, ки мақсади гузаронидани конференсияи илмӣ-назариявӣ баррасӣ намудани ҷиҳатҳои мубрам ва ҳалли муаммоҳои ҳалталаби соҳаҳои ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, аз маърӯзаҳои устодони факултет бармеояд, ки мундараҷаи конференсия ба нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва барномаи конференсия мувофиқат дошт.
Хурсандибахш аст, ки зиёда аз 130 устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ фишурдаҳои маърӯзаҳои худро омода намуда, барои чоп намудан дар Маводи Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиии ҳайати устодону кормандон бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «400-солагии Миробид Сайидои Насафӣ» пешниҳод намуданд, ки айни ҳол омодаи чоп аст. Қисми дигари фаъолияти илмӣ дар ҳафтаи илм ин баргузор гардидани Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии ҳайати донишҷӯёни ДМТ бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «400-солагии Миробид Саййидои Насафӣ» мебошад. Мувофиқи барнома дар 11 бахш 308 маърӯзаҳои донишҷӯён пешбинӣ шуда буд, ки аз ин 305 маърӯзаи донишҷуён шунида шуд. Имсол бо сабабҳои узрноку ғайриузрнок тибқи барнома 3 нафар донишҷӯён дар конференсия иштирок надоштанд. Берун аз нақшаи барнома 80 нафар дар конференсия маърӯза карданд. Аз маърӯзаҳои донишҷӯён бармеояд, ки мақсади конференсияи илмӣ-назариявӣ ин кушодан ва баррасӣ намудани ҷиҳатҳои мубрам ва масъалаву муаммоҳои ҳалталаби соҳаҳои ҳуқуқ мебошад. Дар конференсия донишҷӯён бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ баромад намуданд. Дар ҷараёни конфренсия аз воситаҳои технологию иртиботӣ ва воситаҳои аёнӣ ба таври васеъ истифода карда шуд. Дар сатҳи баланд баргузор гардидани Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣназариявии ҳайати донишҷӯёни факултети ҳуқушиносии ДМТ ин самараи фаъолияти бо низом ва мунтазами маҳфилҳои илмии назди кафедраҳои факултети ҳуқуқшиносӣ ба ҳисоб меравад, ки дар як моҳ ҳар як маҳфил аз 2 то 4 ҷаласаҳои худро баргузор менамояд. Яке аз навгониҳои ҳафтаи илм дар соли равон ин ташкил гардидани бахши магистратураи ҳуқуқшиносӣ мебошад. Мувофиқи барнома 60 нафар магистрон маърӯзаҳои худро пешниҳод намуданд. Дар давоми рӯзҳои 22-24-уми апрели соли 2019 мутобиқи барнома ба магистрон имконият дода шуд, ки дар китобхонаи илмии факултет маърӯзаҳои худро баромад намоянд. Бояд қайд намуд, ки конференсияи имсола дар сатҳи хеле хуб гузаронида шуд. Пешкаши мавзӯъҳо тариқи слайд бо воситаи тахтаҳои электронӣ яке аз пешравиҳо дар кори конференсияи имсола ба ҳисоб меравад. Аз таклифу пешниҳодҳои дар боло зикргардида маълум мегардад, ки олимони факултет пайваста дар пайи омӯзиш ва таҳқиқот қарор доранд ва ин боиси пешрафти илми ҳуқуқшиносӣ ва ҳам такмили қонунгузорӣ мегардад. Рафти иҷроиши барномаи конференсияи имсола таҳти назорати бевоситаи декани факултет, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Д.С. ва муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.ҳ., дотсент Абдуллоев П.С. қарор дошт.