Ҳайати кадрии кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия

Раҳмонзода Муҳаммад Ҷамшед

Мансаб: Мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Email: mrahmonzoda@mail.ru

Телефон: +992 880787828

Унвони илмӣ: дотсент

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Доираи тадқиқоти илмиаш дар бахшҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҷиноятҳо ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ, ҷиноятҳои дорои хусусияти террористидошта буда, муаллифи беш аз 40 маводи илмию тадқиқоти мебошад.

Мукофот ва унвон: Барои хизматҳои шоён дар рушди илми ҳуқуқшиносии кишвар бо мукофотҳои гуногун сарфароз гардонида шудааст, ки Сипосномаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ (соли 2020), Ифтихорномаи ДМТ (соли 2020), Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ (соли 2022), Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (соли 2022), Ҷоизаи  Давлатии Исмоили Сомонӣ   барои олимони  ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, ( соли 2023),

«Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2024)», «Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2024)», Сипосномаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2024) ва ғайра ба шумор мераванд.

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот

Соли 2017 – факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Дифои рисолаи номзадӣ: 26 феврали соли 2021 дар Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номзадияшро дар мавзуи «Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сафарзода А.И. дифоъ намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Аз соли 2017 то соли 2021 ба ҳайси ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда, аз соли 2022 то ба ҳол ба сифати дотсенти кафедра ва аз 3 ноябри соли 2021 то инҷониб  мудири  кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 24.04.1994 с.

Шарипов Маҳмадкарим Маҳмадсалимович 

Шарипов Маҳмадкарим Маҳмадсалимович   25 -уми июни 1985 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1992 ба синфи 1-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №50-и ноҳияи Данғара рафта, соли 2003-юм Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 – и  ноҳияи Данғараро хатм намудааст.

Соли 2003 ба шуъбаи  рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ дохил шуда, соли 2008 онро хатм намудааст. Худи  ҳамон сол ба шуъбаи ғоибонаи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дохил шуда, соли 2011 факултети мазкурро хатм кардааст.

Аз соли 2011 то соли 2016 ба ҳайси адвокат дар Колегияи адвокатҳои мустақили шаҳри Душанбе фаъолияташро ба роҳ мондааст. Соли 2016 бошад, ба сифати котиб – коргузори садорати факултети ҳуқуқшиносӣ фаъолиятро шуруъ намуда, айни ҳол бошад, ба ҳайси  муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бокаррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор ва фаъолият  менамояд.

Мавсуф муҳаққиқи масоили ҳуқуқии ҷиноятӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҷиноятҳои иқтисодӣ буда, санаи 26 августи соли 2022 дар Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ришвадиҳии тиҷоратӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ профессор Сафарзода Анвар Ислом дифоъ кардааст.

Шарипов Маҳмадкарим Маҳмадсалимович   ба донишҷуён аз фанҳои «Ҳуқуқи ҷиноятӣ», «Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» ва курси махсуси «Ҷиноятҳои иқтисодӣ» «Сиёсати ҳуқуқи ҷиноятӣ» дарс гуфта, муаллифи беш аз 16 асарҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимию методӣ мебошад. 

Шарипов Маҳмадкарим Маҳмадсалимович   10 сол собиқаи кории илмию омӯзгорӣ дорад.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Шарифзода Раҳматулло Файзулло

Мансаб: Ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Email: sharifzoda.05@mail.ru

Телефон: +992 918 19 69 15

Унвони илмӣ: ассистент

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Доираи тадқиқоти илмиаш дар бахшҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҷиноятҳое, ки ҳаёт ва саломатиро зиери хатар мегузоранд буда, муаллифи беш аз 19 маводи илмию тадқиқоти мебошад.

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот

Соли 2016 – факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Дифои рисолаи номзадӣ: Соли 2023 рисолаи номзадиашро дар шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дар хатар монондан мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дифоъ намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Соли 2017 мувофиқи тақсимоти давлатӣ ӯ ба сифати ассистенти кафедраи гуманитарии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсиони дар ш.Кулоб фаъолиятро оғоз намудааст. Аз соли 2018 то 2023 ҳамчун ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ фаъолият намуда ва аз сентябри соли 2023 то инҷониб ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 05.05.1994 с.

Холиқзода Шералӣ Лоиқ

Мансаб: Дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Email: kholikov88@mail.ru

Телефон: +992 905-55-90-82

Унвони илмӣ: дотсент

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Доираи тадқиқоти илмиаш дар бахшҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҷиноятҳо ба муқобили шахсият, ҷиноятҳои иқтисодӣ, банду басти ҷиноят буда, муаллифи беш аз 50 маводи илмию тадқиқоти мебошад.

Мукофот ва унвон: Барои хизматҳои шоён дар рушди илми ҳуқуқшиносии кишвар бо мукофотҳои гуногун сарфароз гардонида шудааст, ки «Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021)» ва ғайра аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот

Соли 2011 – факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Дифои рисолаи номзадӣ: Соли 2018 рисолаи номзадиашро дар шурои дисертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дифоъ намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Солҳои 2012-2013 ба шуъбаи рӯзонаи аспирантура дар кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва кариминалистикаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгощи миллии Тоҷикистон ва 28 октябри соли 2013 ба сифати ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолиятро оғоз намудааст. Аз соли 2018 то 2020 ҳамчун муаллими калон ва аз соли 2020 то инҷониб дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 29.09.1987 с.

Сайфуллозода Унвониддин Абдулҳамид

Мансаб: Муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Email: unvonidin@mail.ru

Телефон: +992 900-18-00-07

Унвони илмӣ:

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Доираи тадқиқоти илмиаш дар бахшҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҷиноятҳо ба муқобили ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизмати давлатӣ, ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта буда, муаллифи беш аз 25 маводи илмию тадқиқоти мебошад.

Мукофот ва унвон: Барои хизматҳои шоён дар рушди илми ҳуқуқшиносии кишвар бо мукофотҳои гуногун сарфароз гардонида шудааст, ки «Сипосномаи кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019)», «Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021)» ва ғайра аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот

Соли 2015 – факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Дифои рисолаи номзадӣ: Соли 2022 рисолаи номзадиашро дар шурои дисертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои гирифтани пора ҳамчун ҷинояти коррупсионӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», дифоъ намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Соли 2015 ӯ ба сифати ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолиятро оғоз намудааст. Аз соли 2023 то инҷониб муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 16.04.1993 с.

Насриддинзода Сайфиддин Насриддин

Вазифа: Лаборанти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултти ҳуқуқшиносии ДМТ

Email: kurbonov.saifiddin@mail.ru

Телефон: +992988121282

Унвони илмӣ:     надорад

Дараҷаи илмӣ:  надорад

Ҷанбаҳои фаъолиятӣ илмӣ: Доираи тадқиқоти илмиаш дар бахшҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ буда, муаллифи беш аз 11 маводи илмию тадқиқотӣ мебошад.

Мукофот ва унвон: Барои хизматҳои шоён дар рушди илми ҳуқуқшиносии кишвар бо мукофотҳои гуногун сарфароз гардонида шудааст, ки “Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019)”, “Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2023)”, “Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонӣ ш.Душанбе Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо”  (2024)”, ва ғайра аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот

Соли 2017 – факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: 20-уми ноябри соли 2018бо фармоиши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси котиби садорати факултети ҳуқуқшиносӣ фаъолияти кории худро шуруъ кард. Ҳамзамон аз 19-умуи сентиябри соли 2024 то инҷониб дар вазифаи лаборанти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият мекунад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Саннаи тавалуд: 27.03.1994 с.

Субҳонзода Хуршед Субҳон

Мансаб: Муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Email: khurshedullo.97@mail.ru

Телефон: +992 554-45-29-29

Унвони илмӣ:

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Доираи тадқиқоти илмиаш дар бахшҳои гуногуни ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҷиноятҳои иқтисодӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ буда, муаллифи беш аз 30 маводи илмию тадқиқотӣ мебошад.

Мукофот ва унвон: Барои хизматҳои шоён дар рушди илми ҳуқуқшиносии кишвар бо мукофотҳои гуногун сарфароз гардонида шудааст, ки «Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2022)», «Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2023)»  аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот

Соли 2019 – факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Дифои рисолаи номзадӣ: Соли 2023 рисолаи номзадиашро дар Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар мавзуи «Татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар қисми умумии қонунгузории ҷиноятии Тоҷикистон» дифоъ намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Соли 2019 мутобиқи тақсимоти давлатӣ у ба сифати ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти худро оғоз намудааст.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 27.03.1997 с.

Мирзоев Қобилҷон Холмуродович

Мансаб: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муаллими калоникафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Email: qobil9498@mail.ru

Телефон: +992 988949405

Унвони илмӣ: муаллими калон

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Доираи тадқиқоти илмиаш дар бахшҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҷиноятҳо ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ, ҷиноятҳои дорои хусусияти террористидошта буда, муаллифи беш аз 25 маводи илмию тадқиқоти мебошад.

Мукофот ва унвон: Барои хизматҳои шоён дар рушди илми ҳуқуқшиносии кишвар бо мукофотҳои гуногун сарфароз гардонида шудааст, ки «Сипосномаи кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2023)», ва ғайра аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот

Соли 2017 – факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Дифои рисолаи номзадӣ: Соли 2023 рисолаи номзадиашро дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-019 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Ғоратгарӣ: масоили танзими ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ ва муқовимат бо он» дифоъ намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Соли 2017 ба сифати ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолиятро оғоз намудааст. Аз соли 2024 то инҷониб муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 03.05.1994 с.

Мирзоахмедов Фирдавс Аҳмадович

Мансаб: Дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Email: mfa2@yandex.ru

Телефон: +992 919-53-36-11

Унвони илмӣ: дотсент

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Доираи тадқиқоти илмиаш дар бахшҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҷиноятҳо ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ, ҷиноятҳои дорои хусусияти террористидошта буда, муаллифи беш аз 90 маводи илмию тадқиқоти мебошад.

Мукофот ва унвон: Барои хизматҳои шоён дар рушди илми ҳуқуқшиносии кишвар бо мукофотҳои гуногун сарфароз гардонида шудааст, ки «Сипосномаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2019)», «Сипосномаи кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2023)», «Ифтихорномаи Институти илмӣ-таҳқиқотии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2024)», «Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2024)» ва ғайра аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот

Соли 2001 – факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Дифои рисолаи номзадӣ: Соли 2016 рисолаи номзадиашро дар Академияи прокуратураи генералии Федератсияи Россияи шаҳри Москва, дар мавзӯи «Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои терроризм аз рӯи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия (таҳқиқоти муқоисавӣ-ҳуқуқӣ)» дифоъ намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Соли 2001 мувофиқи тақсимоти давлатӣ ӯ ба сифати ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон фаъолиятро оғоз намудааст. Аз соли 2015 то 2019 ҳамчун муаллими калон ва аз соли 2019 то инҷониб дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 13.09.1977 с.

Миралиев Эмомалӣ Бобоевич

Мансаб: ёрдамчии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ

Email: law.tnu.tj@gmail.com

Телефон: +992 907672020

Унвони илмӣ: дотсент

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Доираи тадқиқоти илмиаш фарогири соҳаи ҳуқуқи ҷиноятӣ, илми криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, махсусан самти институтҳои ҷазои ҷиноятӣ, озод кардан аз ҷавобагрии ҷиноятӣ ва ҷазо, ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва экстремистию террористидошта буда, муаллифи беш аз 42 маводи илмию тадқиқотӣ ва  зиёда аз 49 мақолаҳои илмию оммавӣ мебошад.

Мукофот ва унвон: Барои фаъолияти пурсамар дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаи маориф, тарғиб ва амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон, ташаккули илми ҳуқуқшиносии кишвар бо мукофотҳои гуногун сарфароз гардонида шудааст, ки Медали 10-сологии таъсисёбии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Сипосномаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ғайра аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот

Соли 2016 – факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Дифои рисолаи номзадӣ: Соли 2022 рисолаи номзадиашро дар шурои диссертатсионии назди ДМТ, зери унвони «Институти шартан татбиқ накардани ҷазо: проблемаҳои назариявӣ, қонунгузорӣ ва амалӣ» дифоъ намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Соли 2016 мувофиқи тақсимоти давлатӣ ӯ ба сифати ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолиятро оғоз намудааст. Аз соли 2019 то 2023 ҳамчун муаллими калон ва аз соли 2024 то инҷониб дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳамзамон, аз соли 2023 то 2024 мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз соли 2024 инҷониб ёрдамчии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 29.12.1992 с.

Камолов Зубайдилло Аюбович

Мансаб: Дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Email: kamolov75@mail.ru

Телефон: +992 919-43-09-19

Унвони илмӣ: дотсент

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Доираи тадқиқоти илмиаш дар бахшҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, системаи ҷазо, таъини ҷазо буда, муаллифи беш аз 70 маводи илмию тадқиқоти мебошад.

Мукофот ва унвон: Барои хизматҳои шоён дар рушди илми ҳуқуқшиносии кишвар бо мукофотҳои гуногун сарфароз гардонида шудааст, ки «Сипосномаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2017)», «Сипосномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2020)», «Аълочии маорифи Тоҷикистон (2023)» ва ғайра аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот

Соли 1998 – факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст.

Дифои рисолаи номзадӣ: Соли 2009  рисолаи номзадиашро дар Донишгоҳи давлатии ш. Иркутск Федератсияи Россия, дар мавзӯи «Системаи ҷазо аз рӯйи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дифоъ намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Соли 1998  мувофиқи тақсимоти давлатӣ ӯ ба сифати ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон фаъолиятро оғоз намудааст. Аз соли 2005 то 2009 ҳамчун муаллими калон ва аз соли 2009 то инҷониб дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 21.04.1975 с.

Исматзода Рустам Абдусаллом

Вазифа: Ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултти ҳуқуқшиносии ДМТ

Email: anushervon1208@gmail.ru

Телефон: +992938333433

Унвони илмӣ:     надорад

Дараҷаи илмӣ:  надорад

Ҷанбаҳои фаъолиятӣ илмӣ: Доираи тадқиқоти илмиаш дар бахшҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ буда, муаллифи беш аз 12 маводи илмию тадқиқотӣ мебошад.

Мукофот ва унвон: Барои хизматҳои шоён дар рушди илми ҳуқуқшиносии кишвар бо мукофотҳои гуногун сарфароз гардонида шудааст, ки “Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоқикистон (2023)”, “Сипосномаи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (2023)”, “Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2023)”, “Сипоснома ва медали ҷашни 20-солагии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2023)”, ва ғайра аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот

Соли 2020 – факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: 5-уми октябри соли 2020 бо фармоиши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун лабаранти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолияти кории худро шуруъ кард. Ҳамзамон аз соли 2021 то 2023 дар шуъбаи магистрантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Аз 31-умуи августи соли 2024 то инҷониб дар вазифаи ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият мекунад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Саннаи тавалуд: 12.08.1995 с.

Зоирова Парвина Ҷурахоновна

Мансаб: ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷинояти ва муқовимат бо коррупсияи факултаи ҳуқуқшиносии Донигоҳи миллии Тоҷикистон

Email: zoirova.parvina@mail.ru

Телефон: +992 98 904 78 78

Унвони инмӣ: надорад

Дараҷаи илмӣ: надорад

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Доираи таҳқиқоти илмиаш бахшҳои фаъолияти соҳибкории ғайриқонуниро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Мукофот ва унвон: надорад

                            Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот

Соли 2018 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи “аъло” хатм намудааст.

Дифои рисолаи номзадӣ: накардааст

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Соли 2018 мувофиқи тақсимоти давлатӣ ӯ ба сифати ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолияти кории худро оғоз намудааст. Аз соли 2020  ҳамчун докторанти доктор Phd – доктор аз руи ихтисос қабул шуда кори илмии худро оғоз намудааст.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 01.09.1995 с.

Абдусаломзода Ҷовид Абдусалом

Мансаб: Асистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Email: j.abdusalomzoda@hakko.tj

Телефон: +992 988-14-99-99

Унвони илмӣ: асистент

Дараҷаи илмӣ: унвонҷу

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: доираи тадқиқоти илмиаш дар бахшҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҷиноятҳо ба муқобили моликият, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил бидуни мақсади тасарруф буда, муаллифи дорандаи беш аз 10 маводи илмию тадқиқоти мебошад.

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот

Соли 2011 – факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: соли 2022 ба сифати ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор қабул шудааст.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 06.08.1988 с.

Абдуллозода Баҳодур Валӣ

Мансаб: ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Email: bakhodur.vali@mail.ru  

Телефон: +992 904-93-99-99

Унвони илмӣ:

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Доираи тадқиқоти илмиаш дар бахшҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, сиёсати ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ, ҷиноятҳои иқтисодӣ, банду басти ҷиноят буда, муаллифи беш аз 20 маводи илмию тадқиқоти мебошад.

Мукофот ва унвон: Барои хизматҳои шоён дар рушди илми ҳуқуқшиносии кишвар бо мукофотҳои гуногун сарфароз гардонида шудааст, ки «Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавоно ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2023)», «Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (соли 2024)» ва ғайра аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот

Соли 2019 – факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Дифои рисолаи номзадӣ: Соли 2024 рисолаи номзадиашро дар шурои дисертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Ҳифзи ҳуқуқии ҷиноятии об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дифоъ намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Соли 2020 ба сифати ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолиятро оғоз намудааст.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 22.03.1996 с.