
Мансаб: Мудири кафедра, дотсент
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Проблемаҳои фаъолияти судӣ, фаъолияти прокурорӣ, фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ.
Мукофот ва унвон: Дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои ҷавонон дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ (2010); Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст (2015); Аълочии маорифи Тоҷикистон (2012); Бо Ифтихорномаи ДМТ сарфароз гардидааст (2009, 2015).
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
Олӣ, 1995-2000 – донишҷуйи факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2008 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Асосҳои назариявӣ ва илмӣ-амалии назорати прокурорӣ оид ба иҷрои қонунҳо дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ» (аз рӯи маводҳои ҶумҳурииТоҷикистон)» ҳимоя кардааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Солҳои 2000-2003 – ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; 2003-2004 – аспиранти шуъбаи рузонаи Институти илмӣ-таҳқиқотии проблемаҳои мустаҳкам намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқии Прокуратураи генералии Федератсияи Россия; 2005-2008 ассистенти кафедра; 2008-2009 – муаллими калони кафедра; аз соли 2010 то инҷониб дотсенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ; 2009-2011 – муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети ҳуқуқшиносӣ; 2011-2013 – муовини декан оид ба таълими факултети ҳуқукшиносӣ; аз соли 2013 то ҳоло – мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
08 марти соли 1978 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

ИСКАНДАРОВ ЗАЙНИДДИН ҲАМИДОВИЧ
Мансаб: профессор
Унвони илмӣ: профессор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
Масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар мурофиаи судии ҷиноятӣ; проблемаҳои фаъолияти судӣ, прокурорӣ, ҳимоявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ.
Мукофот ва унвон: Аълочии маорифи Тоҷикистон (1999), Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст (2011); Ифтихорномаи Адвокатураи Ҷумҳурии Тоҷикиистон (2012); Ифтихорномаи Суди Олии ҶТ (2014); Нишони 20-солагии Суди конститутсионӣ (2015); Медали барои ҳамкориҳо бо Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016); Ифтихорномаи Вазири корҳои дохилаи ҶТ (2023).
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
Олӣ, 1984 – 1991 – донишҷуйи факултети ҳуқуқшиносии ДДТ ба номи В.И. Ленин.
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 1996 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи ««Иштироки ҳимоячӣ дар марҳилаи тафтиши ҷиноят: вазъ, муаммо ва ҳалли он» дифоъ кардааст.
Дифои рисолаи докторӣ:
Соли 2010 рисолаи докториашро дар мавзӯи: «Асосҳои ҳуқуқии ҳимояи ҳуқуқи инсон дар мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дифоъ кардааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Солҳои 1991-1997 – ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; 1992-1995 – аспиранти факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; 1996-1999 – муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ; 1997-2010 – дотсенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; 1999-2008 – муовини декан оид ба таълим дар шуъбаи муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ) ва ҳуқуқшинос-омӯзгори факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; 2008-2013 – мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; аз соли 2011 то инҷониб профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; аз соли 2001 то 2011 дотсент ва аз соли 2011 то ин ҷониб профессори ҳамкор дар факултети якуми Академияи ВКД ҶТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
18 марти соли 1967 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

МИРЗАМОНЗОДА ХАЙРУЛЛО МИРЗАМОН
Мансаб: профессори кафедра
Унвони илмӣ: профессор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Проблемаҳои фаъолияти судӣ, фаъолияти прокурорӣ, фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ, масъалаҳои рушдии ҳокимияти судӣ ва низоми судии Тоҷикистон.
Мукофот ва унвон: Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Шараф дараҷаи II» (2021); Ифтихорномаҳои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008), Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2015,2017,2020), Ифтихорномаи Вазири корҳои дохилаи ҶТ (2023), Суди Олии иқтисолии ҶТ сарфароз гардидааст Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014).
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: Олӣ, 1996-2001 – донишҷуйи факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ.
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2006 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Низоми судии ҶТ: таҳқиқоти муқоисавӣ-ҳуқуқӣ» дифоъ намудааст.
Дифои рисолаи докторӣ:
Соли 2021 рисолаи докториашро дар мавзӯи «Асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон: проблемаҳои назариявӣ, танзими қонунгузорӣ ва амалия» дифоъ намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Солҳои 2001-2007 ассистент; 2008-2021- дотсент; аз 2022 то ҳоло профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; 2003-2006 – унвонҷуйи кафедраи мурофиаи ҷиноятии Академияи давлатии ҳуқукшиносии Москва; 2006-2008 – Ҳамоҳангсози маркази ёрии ҳуқуқӣ оид ба рушди институтҳои доимоамалкунандаи судҳои ҳакамӣ ва Арбитражи байналмилалии тиҷоратии назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон; 2008-2010 – сардори шуъбаи ҳуқуқи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон; 2012-2014 – роҳбари клиникаи ҳуқуқии ДМТ; 2014-2015 – муовини декан дар шуъбаи ғоибонаи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; 2015-2022 – муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ; 2022-2024 – директори Донишкадаи такмили ихтисоси омузгорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон назди ДМТ; 2024-2025 сардори шуъбаи назорати сифати таҳсилоти ДМТ; аз 2025 то ҳол профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
20 июли соли 1977 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Мансаб: профессор
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
Проблемаҳои ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ; далел ва исбот; проблемаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ
Мукофот ва унвон: Дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои ҷавонон дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ (2019); Бо Ифтихорномаи ДМТ сарфароз гардидааст (2020).
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
Олӣ, 2004-2009 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ: Соли 2014 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Ёрии байналхалқӣ-ҳуқукӣ ҳангоми ҷамъ ва тафтиши далелҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ (КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон)» дифоъ намудааст.
Дифои рисолаи докторӣ: Соли 2023 рисолаи докториашро дар мавзуи «Теоретические и практические подходы к международному сотрудничеству в сфере уголовного процесса в постсоветских государствах» дифоъ намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Солҳои 2009-2010 – ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; 2010-2013 – аспиранти шуъбаи рузонаи кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ, адолати судӣ ва назоратии прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов; 2014-2017 ассистенти кафедра; сз соли 2017 то инҷониб дотсенти кафедра; 2015-2016 – муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ; 2017-2021 муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети ҳуқукшиносии ДМТ; аз соли2021 то соли 2024 дотсент ва аз соли 2025 то ҳол профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
10 сентябри соли 1986 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Мансаб: дотсент
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология, ҳуқуки иҷрои ҷазои ҷиноятӣ; психологияи ҳуқуқӣ.
Мукофот ва унвон: Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст (2016); Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020).
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: Олӣ, 1984 – 1991 – донишҷуйи факултети ҳуқуқшиносии ДДТ ба номи В.И. Ленин.
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 1996 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ҷинояткорӣ дар шаҳри Душанбе (1990-1994)» дифоъ кардааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Солҳои 1991-1996 – ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, 1996-1998 – муаллими калон, аз соли 1998 то ҳоло дотсенти кафедра; 2006-2009 – муовини декан оид ба таълим дар шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; 2009-2011 – муовин ва 2012-2020 муовини аввали Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; аз соли 2020 то ҳол дотсенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
10 августи соли 1963 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Мансаб: Муаллими калон
Унвони илмӣ: —
Дараҷаи илмӣ: —
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: проблемаҳои ҳуқуки мурофиавии гражданӣ
Мукофот ва унвон: Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст (2019); Аълочии маорифи Тоҷикистон (2009).
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: Олӣ, 1985-1992 – донишҷуйи факултети ҳуқуқшиносии ДДТ ба номи В.И. Ленин
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2025 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Рушди падидаи шахсони иштирокчии парванда дар мурофиаи мадании Тоҷикистон: таҳқиқоти таърихӣ-ҳуқуқӣ ва мурофиавӣ-маданӣ» дифоъ кардааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Солҳои 1992- 2008 ассистент ва аз соли 2008 то ҳоло муаллими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
9 августи 1968 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Мансаб: дотсенти кафедра
Унвони илмӣ: —
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
Проблемаҳои ҳуқуки мурофиаи ҷиноятӣ ва ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ
Мукофот ва унвон: Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2022), Ифтихорномаи Ҳизби халқии демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2022)
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: Олӣ, 2004-2010 – донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; 2017-2020 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси идоракуни давлатӣ соҳиби таҳсилоти дуюми олӣ гардидааст.
Дифои рисолаи номзадӣ:
Санаи 11-уми сентябри соли 2020 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ: вазъи батанзимдарории ҳуқуқӣ, амалия ва дурнамои инкишофи он” дифоъ намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Солҳои 2010-2014 аспиранти ДМТ; 2011-2022 ассистенти кафедра ва аз 15 феврали соли 2022 то инчониб дотсенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; аз соли 2022 то ҳоло муовини декан оид ба илмва инноватсияи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
8 июли соли 1986 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Мансаб: дотсент
Унвони илмӣ:
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: криминология ва мурофиаи ҷиноятӣ
Мукофот ва унвон: Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2022); Бо Ифтихорномаҳои вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021) ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2022) сарфароз гардидааст.
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: Олӣ, 2006-2011 – донишҷуйи факултети ҳуқукшиносии ДМТ.
Дифои рисолаи номзадӣ: Соли 2020 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Тавсифи криминологии ҷинояткории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дифоъ намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Солҳои 2011-2022 – ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; аз соли 2022 то инчониб дотсенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; аз соли 2022 то соли 2024 муовини декан дар шуъбаи ғоибонаи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; аз соли 2024 то ҳол муовини декан оид ба таълим дар шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
19 феврали соли 1989 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

НЕГМАТОВ БАҲОДУР САФАРОВИЧ
Мансаб: Муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Проблемаҳои ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ (муҳокима ва тафтиши судӣ), фаъолияти оид ба ҳифзи ҳуқуқ.
Мукофот ва унвон: Бо Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2022) сарфароз гардидааст.
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: олии ҳуқуқшиносӣ
Соли 2010 факултети ҳуқуқшиносии ДМТ – ро хатм намудааст.
Дифои рисолаи номзадӣ: Соли 2023 рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Тартиби соддакардашудаи пешбурди тафтиши судӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ» ҳимоя намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Солҳои 2010-2013 омузгоро Академияи ВКД, аз соли 2013 то инҷониб ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Санаи таваллуд: 06.10.1987 с.

Мансаб: Муаллими калон
Унвони илмӣ:
Дараҷаи илмӣ:
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Доираи тадқиқоти илмиаш дар бахши 12.00.09. Мурофиаи ҷиноятӣ буда, муаллифи беш аз 100 корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимӣ методӣ мебошад.
Мукофот ва унвон: Барои хизматҳои шоён дар пешрафти ҳаёти ҷамъиятӣ, илмию таълимӣ ва тарбиявӣ мутахассисони ҷавон бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» (соли 2017), медали «Барои ҳамкории зидди мухаддиротӣ» Агентии назорати маводи нашъаоври назди Президенти ҶТ (2019), Ифтихорномаҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ (2019),факултети ҳуқуқшиносӣ (2011), Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ваҳизби ҳалқии демократии Тоҷикистон (2024) сарфароз гардонида шудааст.
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот
Соли 2002 – шӯъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) хатм намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Фаъолияти кориашро аз ҳамин донишгоҳ дар кафедраи «Ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ» оғоз намудааст. Солҳои 1997 – 2002 донишҷӯи факултети ҳуқукшиносии ДДМТ (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), 2002 – 2015 ҳамчун ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назоратӣ прокурорӣ, солҳои 2008-2011 унвонҷӯй Институти илмӣ-таҳқиқотии проблемаҳои мустаҳкам намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқии Прокуратураи генералии Федератсияи Россия, тибқи фармоиши Ректори ДМТ аз 20-апрели соли 2015 таҳти рақами 142-6 то кунун ҳамчун муаллими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ фаъолият мекунад.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи тавалуд: 3.11.1981 с.

Мансаб: ассистенти кафедра
Унвони илмӣ: —-
Дараҷаи илмӣ: —
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: назорати прокурорӣ, криминология ва психологияи ҳуқуқӣ
Мукофот ва унвон: Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021)
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
Олӣ, 1999 – 2004 донишҷӯи факултети ҳуқукшиносии ДМТ
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Солҳои 2004-2007 – аспиранти шуъбаи рузонаи ДМТ; 2007-2008 – коромузи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов; аз соли 2008 то инҷониб ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурориии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; 2018-2020 – мудири бахши коркард ва амалисозии барномаҳои инвеститсионӣ ва ҷалби бурсияҳои ДМТ; аз соли 2020 то ҳоло – мудири бахши идоракунии лоиҳаҳои ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
15 феврали соли 1982 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Мансаб: муаллими калони кафедра
Унвони илмӣ: —
Дараҷаи илмӣ: —
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: проблемаҳои ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ
Мукофот ва унвон: Бо ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
Олӣ, 2004 – 2009 – донишҷуйи факултети ҳуқукшиносии ДДМТ.
Дифои рисолаи номзадӣ: —
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2009 то ҳоло ассистенти кафедраи ҳуқуки судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқукшиносии ДМТ мебошад.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
5 августи соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

РАҶАБОВ АБДУҶАББОР НУРАЛИЕВИЧ
Мансаб: ассистентикафедра
Унвони илмӣ: —
Дараҷаи илмӣ: —
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: проблемаҳои ҳуқуки мурофиаи ҷиноятӣ
Мукофот ва унвон: —-
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
Олӣ, 1999-2005 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ: —-
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Солҳои 2006-2008 – ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; 2009-2012 аспиранти ДМТ; аз соли 2017 то ҳоло ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
6 феврали соли 1981 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

ИСМОНҚУЛЗОДА САФАРГУЛ ИСМОНҚУЛ
Мансаб: муаллими калони кафедра
Унвони илмӣ: —–
Дараҷаи илмӣ: —-
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: проблемаҳои ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ
Мукофот ва унвон: Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2024 сол)
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
Олӣ, 2004-2009 донишҷӯи шуъбаи рӯзонаи ДМТ.
Дифои рисолаи номзадӣ: дар мавзӯи «Даъвои гражданӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ» таҳқиқоти илмӣ бурда истодааст.
Таҷрибаи фаъолияти омузгорӣ:
Солҳои 2009-2016 мудири кабинети кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; аз соли 2016 то инҷониб ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; аз соли 2023 то ҳол муаллимаи калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
7 октбяри соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Мансаб: ассистент
Унвони илмӣ: —
Дараҷаи илмӣ: —
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: проблемаҳои ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ, назорати прокурорӣ ва адвокатура
Мукофот ва унвон: Бо Ифтихорномаи ДМТ сарфароз гардидааст
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: Олӣ, 2009-2014 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Рисолаи номзадӣ: Соли 2024 дар мавзӯи «Исботкунӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ: масъалаҳои назариявӣ, танзими ҳуқуқӣ ва мушкилоти амалӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2014 то инҷониб ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
11 майи соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст

Мансаб: ассистент
Унвони илмӣ: —
Дараҷаи илмӣ: —
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: проблемаҳои ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ
Мукофот ва унвон: —
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: Олӣ, 2011-2016 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дифои рисолаи номзадӣ: дар мавзӯи «Иштироки ҳимоятгар дар мурофиаи ҷиноятӣ» таҳқиқоти илмӣ анҷом дода истодааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2016 то инҷониб ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
25 майи соли 1993 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Мансаб: ассистент
Унвони илмӣ: —
Дараҷаи илмӣ: —
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: проблемаҳои ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ
Мукофот ва унвон: Аълочии маъориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2025)
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: Олӣ, 2013-2018 донишҷӯи факултети ҳуқукшиносии ДМТ.
Дифои рисолаи номзадӣ: Соли 2024 дар мавзӯи «Эҳтимолияти бегуноҳӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2018 то инҷониб ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
15 марти соли 1995 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

ЗИЁВАДИНОВ ИСЛОМҶОН ИСКАНДАРОВИЧ
Мансаб: ассистент
Унвони илмӣ: —
Дараҷаи илмӣ: —
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: проблемаҳои ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ, назорати прокурорӣ.
Мукофот ва унвон: Бо Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2024) сарфароз гардонида шудааст.
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: Олӣ, соли2020 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (рӯзона) бо дипломи аълочӣ аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ва соли 2022 магистратураи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси фаъолияти судӣ, прокурорӣ ва муфаттишӣ бо дипломи аълочӣ хатм намудааст.
Дифои рисолаи номзадӣ: дар мавзӯи «Пешбурд оид ба рӯёнидани зараре, ки дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти тафтишоти пешакӣ ва судӣ ба шахс расонида шудааст (офият): масоили назариявӣ-ҳуқуқӣ ва амалияи татбиқи он» рисолаи номзадӣ омода намуда истодааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: аз соли 2022 то инҷониб ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
12-уми июни соли 1998 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

ОХУНОВА НАРГИС ШОКИРОВНА
Мансаб: мудири кабинет
Унвони илмӣ: —
Дараҷаи илмӣ: —
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: проблемаҳои ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ
Мукофот ва унвон: Бо Ифтихорномаи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (соли 2014, 2018) сарфароз гардонида шудааст.
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: Олӣ, соли2010 факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (рӯзона) аз рӯи ихтисоси тарҷумон ва соли 2017 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ (маълумоти дуюми олӣ) хатм намудааст.
Дифои рисолаи номзадӣ: дар мавзӯи «Иштироки шаҳрвандони хориҷӣ дар мурофиаи ҷиноятии ҶТ» рисолаи номзадӣ омода намуда истодааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: аз соли 2010 то соли 2011 котибаи декани факултети филалогияи ДМТ; солҳои 2011-2015 танзимгари шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; солҳои 2015-2016 лабаранти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии ДМТ; аз соли 2016 то ин ҷониб мудири кабинети кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
31-уми марти соли 1988 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
