Ҷаласаи падару модарон дар факултети ҳуқуқшиносӣ

    Санаҳои 8-ум ва 15-уми апрели соли 2017 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи падару модарони донишҷӯёни курсҳои чорум ва сеюми шуъбаи рӯзонаи умумӣ, гурӯҳҳои низоми таҳсилоти кредитӣ ва муносибати байналхалқӣ (ҳуқуқ) баргузор гардид. Ҷаласаҳоро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки дар шароити кунунии рушди давлатдорӣ бо назардошти омилҳои гуногун зарурияти омода намудани ҳуқуқшиносони насли муосир, ки ҳаматарафа аз донишҳои ҳуқуқӣ бархурдор буда, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, пос доштани арзишу суннатҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат, гиромидошти тамомияти арзӣ ва якпорчагии Тоҷикистон тарбия ёфтаанд, ба миён меояд. Ҳуқуқшиносони насли муосир бояд нафароне бошанд, ки ҷиҳати таъмини адолат, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини амният дар кишвар ҷидду ҷаҳд дошта бошанд.

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора ба ҷавонон намуда, чунин иброз доштанд: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд». Бо дарназардошти ин ва ҳамчун эътимод ба ин насли кишвар Пешвои миллат соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд.

     Баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои соли мазкур, омӯзгорони факултет кӯшиш менамоянд, ки дар самти баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия намудани ҷавонони лаёқатманду ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат беш аз пеш саъю талош намоянд. «Волидайни мӯҳтарам! Мо аз Шумо самимона хоҳиш менамоем, ки нисбат ба тақдири фарзандони худ бепарвогӣ зоҳир накарда, оид ба паҳлӯҳои гуногуни таълиму тарбияи фарзандатон ба факултет ҳозир шавед. Ҳамзамон дар робита ба ин масъала бо сарпарастони гурӯҳҳои академӣ ва дигар шахсони масъули садорат дар тамос шавед. Мо ҳама гуна андешаҳое, ки дар ростойи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва такмили фаъолияти факултет аз ҷониби Шумо волидайни муҳтарам иброз мегарданд, қабул хоҳем дошт» – иброз намуданд, декани факултет Раҳмон Д.С.

     Ҳамзамон зимни ҷаласаҳо муовинони декан оид ба тарбия дар шуъбаи рӯзонаи умумӣ Қурбонализода Н.Ш. ва низоми таҳсилоти кредитӣ ва муносибати байналхалқӣ (ҳуқуқ) Шарифзода И.М. падару модарони донишҷӯёнро хайрамақдам гуфтанд. Онҳо ба ҳозирин дар хусуси вазъи кунунии ҳаёти талимӣ ва риояи қоидаҳои тартиботи дохилӣ ахбор манзур намуданд. Аз ҷумла, таъкид намуданд, ки боло бардоштани сатҳу сифати дониши донишҷӯён ва сифати таълиму тарбия яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти факултет ба ҳисоб рафта, ҳайати профессорону омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ тамому кӯшишу фаъолияти хешро баҳри ноил гаштан ба ин ҳадафҳои нек равона кардаанд. Ҳамзамон волидайнро ба мазмуну моҳияти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои зерқонунии танзимкунандаи паҳлуҳои гуногуни фаъолияти донишҷӯ шинос намуда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки дар боби назорати рафтору одоби фарзандонашон бо дарки масъулияти баланд муносибат намоянд.

     Инчунин аз ҷониби муовинони декан оид ба тарбия дар шуъбаҳои дахлдор вазъи иштироки донишҷӯёни ихтисосҳои зикршуда ба дарс, шурӯъ аз оғози моҳи феврал то кунун, асосҳои ҳуқуқии ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани донишҷӯён бо истифода аз слайдҳо маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

    Садорати факултети ҳуқукшиносӣ ҳамчунин шароит фароҳам овардааст, ки падару модарони донишҷӯёне, ки дар шаҳру ноҳияҳои дурдасттарини кишвар истиқомат менамоянд бо тариқи телефонӣ ва суроғаи электронии факултет (ur.tj@mail.ru) аз аҳволи фарзандони худ бохабар бошанд.

P.S.: СадоратифакултетиҳуқуқшиносииДМТтасмимгирифтаасткиминбаъдбаргузории ҷаласаҳоипадарумодаронро ҷоннокгардонадАзинрӯсанаи 22-юмиапрелсоати 14:00 ҷаласаипадарумодаронидонишҷӯёникурси 1-умвасанаи 29-умиапрелисоли 2017 соати 14:00 ҷаласаипадарумодаронидонишҷӯёникурси 2-юми ҳамаиихтисосҳодарназардошташудааст.

      Бинобар ҳамин аз тамоми падару модарон ва намояндагони қонунии донишҷӯён хоҳиш карда мешавад, ки дар вақти муайянгардида ба факултети ҳуқуқшиносӣ ҳозир шаванд. Танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем ҷавонони соҳибистеъдод, ватандӯст, худогоҳу худшинос ва мутахассиси ояндаро ба камол расонем.