Бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи 22-юми апрели соли 2015 аз соати 13:00 то соати 15:20 дар синфхонаи 518 машғулияти амалӣ аз фанни ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ дар курсҳои 3-юми ихтисосҳои «Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ» ва «Ҳуқуқшиноси умумӣ» аз ҷониби прокурори калони қонуни будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар прокуратураи шаҳри Душанбе Абдуҷабборзода Ҷалолиддин баргузор гардид. Ҳамзамон дар машғулияти амалӣ намояндаи садорат муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.ҳ., дотсент Қ.Б. Қурбонов, устодони кафедраи мазкур ассистентон Н. Хоҷаева, А. Авзалов, М. Сафиева, К. Исоев, П. Абдуллоев иштирок доштанд. Хотиррасон бояд намуд, ки ҷалби намояндаи мақомоти прокуратура ба ҷараёни дарсҳои амалӣ дар заминаи шартномаи ҳамкорӣ миёни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Намояндаи прокуратура дар мавзӯи «Амалҳои тафтишӣ» дарс гузашта, аслан ба донишҷӯён дар хусуси мазмуну моҳият, паҳлӯҳои амалҳои тафтишӣ аз нигоҳи амалӣ иттилоъ дод. Оид ба масъалаи мавриди назар баҳсу мунозираҳои илмӣ сурат гирифтанд. Донишҷуён тавонистанд ба саволҳои алоҳидаи худ перомуни амалҳои тафтишӣ ҷавобҳои мусбӣ пайдо намоянд. Дар маҷмӯъ машғулияти амалӣ бисёр шавқовар ва хотирмон сурат гирифт.
Садорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба роҳбарияти прокуратураи шаҳри Душанбе барои дастгирии самимонаашон арзи сипос намуда, дар ин ҷода омода аст бо тамоми сохторҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низоми судии кишвар ҳамкориҳои муфидро ба роҳ монад.