Рӯзҳои 8 ва 9 феврали соли ҷорӣ як гурӯҳ устодону кормандони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шиносои аз дастовардҳои муосири илми ҳуқуқшиносӣ, табодули таҷриба, раванди таълиму тарбия ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Нахуст пазироии ҳайати омӯзгорону кормандони муассисаи мазкур аз ҷониби роҳбарияти факултет сурат гирифта, дар он аз вазъияти кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои барои ҳардуҷониб муфид изҳори назар карда шуд. Аз ҷумла, зимни пазироии меҳмонон декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ номзади илмҳои ҳуқукшиносӣ, дотсент Раҳмон Д.С. афзуданд, ки ба роҳ мондани чунин ҳамкориҳои судманд иқдоми нек буда, барои муттаҳид сохтан ва корбурди нерӯи илмии ақлонии муштараки ҳар ду муассиса ҷихҳалли масъалаҳои ҷой дошта ба манфиати кор хоҳад буд.
Сипас, меҳмонон ба кафедраҳои факултет ташриф оварда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти кафедраҳо дар бахши ҳаёти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ шиносоӣ пайдо карданд. Масъулини кафедраҳо ба онҳо оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти кафедра аз қабили нерӯи кадрӣ, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, фанҳои таълимӣ, мавҷудияти китобҳои дарсӣ ва дигар адабиётҳои таълимӣ, ҳамкориҳои кафедра ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятиву тарбиявӣ маълумоти маълумоти муфассал манзур намуданд. Гузашта аз ин зимни боздид меҳмонон аз фаъолияти дигар сохторҳои факултет аз қабили китобхона, Маркази қабули имтиҳонҳо, Созмонҳои ҷамъиятӣ ва Маркази таълимии омӯзиши масъалаҳои марбут ба савдои одамон боздид баамал оварданд. Ҳамчун рамзи эҳтиром ва ҳамкорӣ аз ҷониби гурӯҳи устодони факултет ба онҳо адабиётҳои илмӣ-таълимӣ тақдим карда шуд.
Гузашта аз ин онҳо аз ҷараёни баргузории дарсҳо озими машғулиятҳои лексиониву амалии устодони факултет гашта, аз таҷрибаи пешқадами онҳо бархурдор шуданд. Омӯзиши таҷрибаи пешқадамаи истифодаи самараноки технологияҳои иттилотию иртиботӣ ва усулҳои фаъолгардонии омӯзиш яке аз масъалаҳои асосии ҳамкориҳои дуҷонибаро ташкил медиҳад.
Дар умум меҳмонон қаноатмандии хешро аз натиҷаи ташрифашон ҷиҳати табодули таҷриба ба факултети ҳуқуқшиносии ДМТ иброз дошта, изҳори умед карданд, ки рушди ҳамкориҳо дар оянда оид ба масъалаҳои гуногуни мавриди назар ба манфиати кор хоҳад буд.