ҲАМКОРИИ КИШВАРҲОИ ИДМ ДАР МУБОРИЗА БО ҶИНОЯТКОРИИ МУТАШАККИЛ: ТАҶРИБАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар охири соли 1991, дар фазои пасошӯравӣ зарурати таъсиси як созмони нави ҳамкорӣ миёни давлатҳои мустақил ба миён омад. Ин зарурат пеш аз ҳама ба ҳамоҳангсозии муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ вобаста буд. Бо ҳамин мақсад, 8 декабри соли 1991 дар шаҳри Минск роҳбарони се ҷумҳурӣ Русия, Украина ва Беларус Созишнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро имзо намуданд. Баъдтар, 21 декабри ҳамон сол дар шаҳри Алма-Ато ба ин созмон давлатҳои дигари пасошӯравӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамроҳ шуданд.

Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии ИДМ яке аз самтҳои муҳим таъмини амният ва мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ муайян гардид. Дар шароите ки сарҳадҳо байни кишварҳои собиқи иттифоқӣ боз шуданд, ҳаракати озоди одамон, мол ва маблағҳо афзуд, ҷинояткорӣ низ шаклҳои нав гирифт. Ҳамин тавр, кишварҳои ИДМ зарурати таҳияи як стротегияи ягонаи байнидавлатиро дар ин самт дарк намуданд.

Дар солҳои 1991-2000 сохторҳои асосии ИДМ таъсис ёфтанд, ки яке аз онҳо Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ мебошад. Ин ниҳод ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узвро таъмин мекунад.

Соли 1993 “Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ” қабул шуд, ки аввалин санади муштараки ҳуқуқӣ дар ин соҳа буд. Баъдан, соли 1998 “Барномаи байнидавлатии ИДМ оид ба мубориза бо ҷинояткории муташаккил” қабул гардид, ки барои солҳои 1999-2002 амал мекард.

Дар давраи минбаъда – солҳои 2003-2007, 2008-2010, 2011-2013, 2017-2020 ва 2023-2025, чунин нақшаҳо мунтазам нав карда шуданд. Ҳар кадоми онҳо самтҳои нави мубориза, аз ҷумла муқовимат бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир, шустушӯи пул ва киберҷинояткориро дар бар мегирифтанд.

Нақшаи байнидавлатии ИДМ ҳуҷҷати стратегист, ки фаъолияти ҳамоҳангшудаи давлатҳои узвро дар самти пешгирӣ, ошкор ва тафтишоти ҷинояткории муташаккил муайян менамояд.

Ҳадафҳои асосии он иборатанд аз, ҳамоҳангсозии сиёсати ҷиноятӣ дар кишварҳои узв, такмили қонунгузорӣ ва мутобиқсозии меъёрҳои ҳуқуқӣ, мубодилаи иттилооти криминалӣ ва оперативӣ, ташкили амалиётҳои муштараки минтақавӣ, омӯзиши кадрҳо ва таҷрибаомӯзии мутахассисон.

Дар доираи нақша, Шӯрои вазирони корҳои дохилии ИДМ ҳамасола ҷаласа мегузаронад, ҳисобот пешниҳод мекунад ва тавсияҳои муштаракро барои давлатҳо қабул менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввалини ҳамроҳшавӣ ба ИДМ мавқеи фаъоли ҳамкориро пеш гирифтааст. Соли 1993 кишвари мо Созишномаи ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ-ро тасдиқ кард ва аз ҳамон вақт то имрӯз узви комилҳуқуқи Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ мебошад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар як қатор амалиётҳои муштараки ИДМ ширкат меварзанд. Мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, дар ҷабҳаи ҷанубии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир нақши калидӣ мебозад. Бо дастгирии ИДМ ва Созмони Милали Муттаҳид, як қатор лоиҳаҳо ва амалиётҳои муштарак, татбиқ шуданд. Пешгирии киберҷинояткорӣ ва терроризм, дар солҳои охир Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи ИДМ низоми миллии мубориза бо ҷинояткории иттилоотиро таҳия намуд. Кишвар дар таҳияи “Консепсияи амнияти иттилоотии ИДМ” (2021) саҳми назаррас гузошт. Ҳамкории илмӣ ва ҳуқуқӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи ВКД дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии кишварҳои ИДМ дар самти омӯзиши қонунгузории муқоисавӣ ва таҳқиқи ҷинояткории фаромиллӣ фаъоланд.

Дар натиҷаи ҳамгироии кишварҳои ИДМ, сатҳи ҳамоҳангии мубориза бо ҷинояткории муташаккил боло рафт. Тибқи маълумоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, танҳо дар давраи солҳои 2020–2023 беш аз 700 амалиёти муштарак баргузор гардида, даҳҳо гурӯҳи муташаккили фаромиллӣ аз фаъолият боздошта шуданд. Механизмҳои табодули маълумоти оперативӣ миёни мақомоти ВКД ва ниҳодҳои амниятӣ низ такмил ёфтанд. Ҳамзамон, шабакаи ягонаи иттилоотии “Инфо-ИДМ” таъсис ёфт, ки дар мубодилаи маълумот дар бораи ҷинояткорон ва ҳаракати маблағҳои ғайриқонунӣ нақши муҳим дорад.

Хулоса Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар тӯли зиёда аз сӣ сол яке аз платформаҳои муассир барои ҳамкории амниятӣ ва ҳуқуқӣ дар фазои пасошӯравӣ мебошад. Маҳз тавассути ин ҳамгироӣ, кишварҳо тавонистанд роҳҳои муассири мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллиро таҳия кунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ИДМ дар ҳамаи зинаҳои ин раванди ҳамкорӣ нақши арзанда бозидааст. Бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва сиёсати устувори худ, Тоҷикистон на танҳо иҷрокунандаи қарорҳо, балки ташаббускори як қатор иқдомҳои муҳими минтақавӣ мебошад.

Мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки як омили муҳими таҳкими суботи сиёсӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои ИДМ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, нақшаҳои минбаъдаи ИДМ бояд бо дарназардошти таҷрибаи Тоҷикистон ва дигар давлатҳои фаъол такмил ёбанд, то ки амнияти умумии минтақа дар сатҳи баланд таъмин гардад.

Исматов Рустам ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия