АМНИЯТИ КИБЕРӢ ҶУЗЪИ ҶУДОНОПАЗИРИ АМНИЯТӢ ҶАҲОНӢ

(дар ҳошияи суханронии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии СММ)

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни баромади худ ба масъалаҳои амнияти киберӣ, пешгирии ҷиноятҳои киберӣ ва истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, амнияти кибериро ҷузъи ҷудонопазири амнияти ҷаҳонӣ унвон карданд. Албатта марҳилаи кунунии ҷаҳонишавӣ аз технологияҳои рақамӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Киберҷиноятҳо – маҷмуи ҷиноятҳое, ки бо истифода аз воситаҳои барномавӣ-техникӣ ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фазои маҷозӣ бо мақсади ғайриқонунӣ ба даст овардан, тағйир додани иттилоот, несту нобуд ё бекор кардани системаҳо ва захираҳои иттилоотӣ нигаронидашуда, ҷиҳати расонидани зарар ба ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, амнияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ё муносибатҳои молу мулкӣ равона карда шудаанд. Лозим ба ёдоварист, ки имрўз нақши технологияҳои рақамӣ дар ҳаёти шахс, ҷомеа ва давлат на танҳо афзудааст, балки қисман ба яке аз асосҳои рушд табдил ёфтааст. Инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ, низоми бонкӣ-молиявӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идоракунии давлатӣ, умуман пешрафти давлатро бе технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (минбаъд ТИК) тасаввур кардан ғайриимкон аст. Яке аз самтҳои муҳимми он, ворид намудани технологияҳои нав, пайвастшавӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет мебошад, ки он барои ҳар як давлати мустақил амалисозии барномаҳои таъмини амнияти иттилоотиро тақозо менамояд. Дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ ва тезутундшавии муносибатҳои геополитикӣ кишварҳои рӯ ба инкишофро лозим меояд, ки аз ҷиҳати таъминоти иттилоотӣ мусаллаҳ бошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ чораҳои зарурӣ ва фаврӣ андешидааст. Аз ҷумла, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тафтиш, ошкор ва мубориза бар зидди ҷиноятҳое, ки тавассути интернет содир мегарданд, соли 2010 шуъбаи экспертизаи судӣ техникаи-компютерӣ ва видео-овозшиносӣ дар заминаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи ноябри соли 2013 дар сохтори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як воҳиди махсуси оперативӣ – шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳо дар соҳаи амнияти иттилоотӣ, соли 2015 дар сохтори мақомоти прокуратура – шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои кибернетикии Прокуратураи генералии ҶТ ва соли 2023 Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо таъсис дода шудааст, ки самтҳои асосии фаъолияти шуъбаҳои мазкур, дар таъмини амнияти иттилоотии кормандони (мутахассисони) ширкатҳои саноати IP (операторони алоқаи мобилӣ, барномасозон ва ғайра) ва шаҳрвандон ифода гардида, самтҳои асосии фаъолияти Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо, ҳамчун сохтори навтаъсис дар назди Прокуратураи генералии ҶТ, бақайдгирӣ ва систематизатсияи парвандаҳои ҷиноятии экстремистӣ, террористӣ ва киберҷиноятҳо, таҳлил ва тадқиқот дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм, пешгирии паҳншавии маводу иттилооти экстремистӣ дар фазои интернет, вазифа ва ваколатҳо дар самти пешгирии киберҷиноятҳо, таҳлилу ҷамъбасти ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта, мониторинг, арзёбӣ ва пешгӯии таҳдидҳои ин зуҳурот ва ғайра пешбинӣ гардидааст.

Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ташаккулу такмили қонунгузории соҳаи иттилоот, иттилоотонӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ мебошад. Баъди қабули Конститутсия беш аз 15 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид. Онҳо муносибатҳои иттилоотиро, ки пояи ҷомеаи иттилоотиро ташкил медиҳанд, танзим мекунанд. Аз солҳои 2001-2002 сар карда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав қабул мешаванд, ки бевосита муносибатҳои ҷамъиятии соҳаи иттилоотонӣ ва бунёди ҷомеаи иттилоотиро танзим мекунанд. Дар ин давра қонунҳои зерин қабул мешаванд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооткунонӣ» аз 6–уми августи соли 2001, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиллоот» аз 10–уми май соли 2002, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот» аз 2–юми декабри соли 2002, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» аз 30–юми июли 2007, Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ» аз 25–уми марти соли 2011, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи криптография» 3–юми декабри соли 2012, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бори матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз 19–уми марти соли 2013, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» аз 26–уми июни соли 2014, ва якчанд консепсияҳо аз ҷумлаи Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7–уми ноябри соли 2003, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30–юми марти соли 2008 қабул гардидаанд.

Санадҳои мазкур, ки дар соҳаи иттилоот дар мамлакат қабул шудаанд, заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии бунёд ва рушди ҷомеаи иттилоотиро ташкил медиҳанд. Онҳо бо мақсади танзими ҳуқуқии муносибатҳои иттилоотӣ, ки соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро фаро мегиранд, амалӣ карда мешаванд. Ҳадафҳои стратегӣ, афзалиятҳо, вазифаҳо, самтҳои аввалиндараҷаи бунёд ва рушди ҷомеаи иттилоотӣ дар ҳуҷҷатҳои давлатии стратегӣ, барномаҳои давлатӣ, консепсияҳои давлатӣ муайян карда мешаванд. Маврид ба зикри хос аст, ки бунёди ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонӣ аз як тараф, барои инкишофи технологияҳои иттилоотӣ–коммуникатсионӣ, дастрасии иттилоот, амалӣ гардидани ҳуқуқи инсон ба иттилоот, ба захираҳои иттилоотӣ, фаъолияти ҳукумати электронӣ, хизмати иттилоотӣ, рушди алоқа, таъмини сифати таҳсилот ва ғайра аҳаммият дорад. Аз тарафи дигар, бо баробари инкишофи технологияҳои иттилоотӣ ҷомеаи муосир бо хатарҳо ва таҳдидҳои иттилоотӣ, аз қабили ҷанги иттилоотӣ (таъсиррасонии мақсадноки иттилоотии идеологӣ ва психологӣ ба шууру фаъолияти одамон бо мақсади тағйири сохти конститутсионӣ ва ғайра), кибертерроризм, киберҷиноятҳо, ҳамлаҳои киберӣ ба системаҳои иттилоотӣ, ташвиқоти террористӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, тарғиби идеологияи террористиву экстремистӣ, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафи ташкилотҳои террористӣ дучор гардид.

Тибқи талаботи қ.3, моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд». Дар воқеъ таъмини амнияти иттилоотӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, мубрам арзёбӣ гардида, иттилоот ба объекти муҳим ва ҳифзшаванда ва иттилооти компютерӣ бошад, объекти ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотӣ эътироф гардиааст.

Лозим ба ёдоварист, ки Тоҷикистон ташаббусҳои байналмилалиро дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ аз ҳамлаҳои киберӣ, дар доираи ташкилотҳои байнидавлатию байналмилалӣ, аз қабили Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва СММ амалӣ менамояд.

Дар баробари ин падидаи технологияҳои рақамӣ, такмили сохтор ва фаъолияти субъекти муқовимат бо киберҷиноятҳоро тақозо менамояд. Нақши муҳим ва калидӣ дар пешгирӣ ва муқовимат бо киберҷиноятҳо, иттиҳоди махсусгардонидашудаи байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Байналмилалии Телекоммуникатсия (ИБТ), ифода мегардад, ки дар доираи он ҳукуматҳо ва бахши хусусӣ шабакаҳо дар самти муқовимат бо киберҷиноятҳо ҳамоҳанг мегарданд.

Самтҳои асосии фаъолияти Иттиҳоди Байналмилалии Телекоммуникатсия (ИБТ) масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:

1) дар соҳаи техника: мусоидат намудан ба кишварҳои аъзо бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизматрасонии алоқа ва дастрасии онҳо ба аҳолӣ, ҳамчунин пешбарӣ кардан ва расондани ёрии техникӣ ба кишварҳои аъзо;

2) дар самти сиёсат: пешбурди муносибати васеътар ба мушкилоти телекоммуникатсионӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ;

3) дар самти рушд: кишварҳои аъзоро дар самти рушди телекоммуникатсия бо сафарбар намудани қувваҳои инсонӣ ва молиявӣ, ҳамчунин захираҳое, ки барои рушди телекоммуникатсия заруранд кумак мекунад

Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (минбаъд СҲШ ва СПАД) низ, аз афзоиши бесобиқаи киберҷиноятҳо нигарон буда, теъдоди чунин ҷиноятҳо дар кишварҳои аъзо, нсибат ба солҳои 2022-2023, дар соли 2024 панҷ маротиба афзудааст. Давлатҳои аъзои ин созмонҳо аз миёнаҳои солҳои 90-уми асри гузашта ба кор карда баромадани системаи ягонаи ҳуқуқии муқовимат бо киберҷиноятҳо ба санади дахлдор имзо гузоштанд, ки муҳимтарини онҳо дар ҷаласаи 38 пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ (Қарори №38-20 аз 23 ноябри соли 2012) созишномаҳо оид ба такмил ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи иттилоот қабул гардиданд, ки ҳамкории мақомоти корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ, дар самти мубориза бо киберҷиноятҳоро муқаррар намуд, аз ҷумла:

–Созишномаи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ (Қарори сарони давлатҳои ИДМ аз 25 ноябри соли 1998, ш. Москва);

–Созишнома оид ба табодули иттилоот дар соҳаи мубориза бо ҷиноятҳо (Қарори сарони давлатҳои ИДМ аз 22 майи соли 2009, ш. Остона),

–Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ (Қарори сарони давлатҳои ИДМ аз 20 ноябри соли 2013, ш. Санкт-Петербург).

– Созишнома байни Ҳукумати ҶТ ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи фаъолияти якҷоя дар самти таъмини амнияти киберии байналмилалӣ ва Созишнома байни Ҳукумати ҶТ ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи фаъолияти якҷоя дар самти ҳифзи техникии иттилоот аз 29 августи соли 2023, таҳти №381).

Таҳлили Созишномаҳои мазкур, ки дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ба имзо расидаанд аз он шаҳодат дод, ки тавваҷуҳи асосӣ ба фаъолияти ҳамоҳангшудаи мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои ИДМ дар самти мубориза бо киберҷиноятҳо равона гардидааст. Аз ҷумла, бораи ҳамкориҳои судманд дар самти табодули маълумот дар бораи ҷиноятҳои тарҳрезишуда ё содиршуда ва шахсони дар онҳо дастдошта, иҷрои дархостҳо оид ба мусоидат дар пешниҳоди маълумоте, ки метавонанд дар тафтишоти киберҷиноятҳо мусоидат кунанд, заминаи ҳуқуқии мусоид фароҳам оварда, мафҳумҳои «технологияи иттилоотӣ», «барномаи зараровар», «системаи иттилоотӣ», «дастрасии беиҷозат ба иттилоот» ва ғайра пешбини гардидаанд. Ҳамзамон ҷиҳати сари вақт татбиқ гардидани созишномаҳои ба имзо расида як қатор барномаҳои байнидавлатӣ аз ҷониби Шӯрои сарони кишварҳои аъзои ИДМ таҳия гардид (масалан Барномаи ҷории байнидавлатии тадбирҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2019-2023 аз ҷониби Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ 28 сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шуд).

Ҳамин тавр, дар шароити имрӯза, ҷиноятҳои муташаккли трансмиллӣ, аз ҷумла киберҷиноятҳо ба амнияти милли, ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ таҳдиди ҷиддӣ доранд. Дар баробари ин, таҳлили хусусиятҳои ин намуди ҷиноят муайян мекунад, ки муборизаи самарабахш танҳо дар сатҳи байналмилалӣ дар шароити кор карда баромадани маҷмуи тадбирҳои ҳамкории давлатҳо дар тафтиши чинояти мазкур имконпазир аст. Проблемаҳои ошкор намудани ин гуна ҷиноятҳо, ба мураккабии донишҳои техникӣ ва суръати пешрафти иттилоот вобаста аст.

Дар робита ба ин, таҳияи сиёсати ягонаи ҳамкории давлатҳо дар мубориза бар зидди киберҷиноятҳо, қабули санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҷиҳати таъмини ҳамкории самарабахш, инчунин ворид намудани тағйироти дахлдор ба қонунгузории ҷиноятӣ зарур аст. Аз ҷумла, ба ҷорӣ намудани шаклҳои самарабахши ташкилии ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди киберҷиноятҳо бо истифода аз воситаҳои навтарини техникӣ, инчунин тартиби соддашудаи ҳамкориҳо миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатҳои гуногун бояд диққати махсус дода шавад.

Бо дарназардошти ин гуфтаҳо метавон хулосабарорӣ намуд, ки киберҷинояткорӣ дар низоми ҳуқуқи башар фарогири масъалаҳои баҳсталаб буда, он истифодаи механизмҳои гуногун ва усулҳои ҳуқуқиро талаб мекунад.

Дар аксари кишварҳои пешрафтаи дунё мушкилиҳои мавҷуда дар муайян кардани чунин ҷиноятҳо ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ҷинояткорон тибқи қонунгузории миллӣ бартараф карда шудааст. Бо вуҷуди ин, сарфи назар аз тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ, баъзе аз намудҳои ин кирдори барои ҷамъият хавфнок дар қонунгузории ҷиноятии кишварҳои алоҳида танзими мустақил пайдо накардаанд ва ин омилро наметавон мусбат арзёбӣ намуд.

Агарчанде ки бисёр кишварҳо қонунҳои ҷиноятии худро ба қонунгузориҳои байналмилалӣ мутобиқ карда бошанд ҳам, алҳол қонуни ягонае вуҷуд надорад, ки мушкилоти ҳуқуқиро дар ин самт ба таври зарурӣ аз байн барад. Дар ҷаҳони муосир танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ дар такмили қонунгузориҳои сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ замина ба вуҷуд оварда, дар ин замина масъалаҳои баҳсталаб дар таркиби ҷиноятҳои алоҳида, аз ҷумла киберҷиноятҳо, ҳалли худро ба таври зарурӣ хоҳанд ёфт.

Ҳамчунин зарур аст, ки дар доира ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла ИДМ, СПАД, СҲШ ҷиҳати ҳамкории байналмилалии давлатҳо дар муқовимат бо киберҷиноятҳо, Маркази муқовимат бо киберҷиноятҳо дар Осиёи Маркази, ҳамчун мақомоти махсусгардонидашуда таъсис дода шуда, мақсади асосии он ба даст овардан ва мақсаднок истифода намудани иттилоот, баррасмиятдарории он иттилоот дар бораи ин кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок, пажуҳиши баёнии экспертии ҳуҷумҳои киберӣ, эҷод ва амалишавии методҳои муосири огоҳсозӣ ва ошкорнамоии ин кирдорҳо (яъне киберҷиноятҳо, омода намудани мутахассисони ҷавобгу ба талаботи муосир, ҳамкории миёни сохторҳои қудрати, баланд бардоштани дараҷаи бехатарии фазои иттилооти аз ҳамлаҳои киберӣ дар минтақа ва ҷаҳон, инчунин ҳалли масъалаи ҳамкории шаффофи онҳо дар самти дастгирии ташкилии муқовимат бо киберҷиноятҳо муқаррар карда шавад.

Ҳамзамон ба мақсад мувофиқ аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти киберӣ» таҳия ва қабул карда шуда, дар он бо мақсади таъмини амнияти иттилоотӣ аз ҳамлаҳои киберӣ, танзими давлатии амнияти киберӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои давлатӣ оид ба таъмини амнияти киберӣ, таъмини амнияти киберӣ, ҳодисаҳои амнияти киберӣ, объектҳои инфрасохтори муҳимми иттилоотӣ, дастгирӣ ва рушди таъмини амнияти киберӣ, ҳамкории байналмилалӣ дар самти амнияти киберӣ ва дигар самтҳои муҳимми танзими ҳуқуқӣ пешбинӣ карда шаванд.

Дар чунин шароити ҳассос зарурати пайдо намудани роҳу усулҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, ҳифзи фазои иттилоотии ҷомеа аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо, пешгирӣ намудани оқибатҳои манфии зуҳуроти ифротгароӣ ва тундгароӣ, баланд бардоштани маърифати иттилоотии ҷомеа, бахусус дар онҳо ташаккул додани ҳисси баланди Ватандӯстию хештаншиносӣ афзалият дода мешавад.

Давлатзода Комрон Давлат, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ