Бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳошияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ баргузор шуд.
Зимнан таъкид шуд, ки Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Таъкид карда шуд, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» самараи Истиқлоли кишвар буда, мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи зиёдаравиҳо, хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, қабул гардидааст.
Зимни баромади худ маърӯзачиён бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки қабули қонун ҳамчун яке аз иқдомоти муҳиммтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳимми аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму оинҳоро дар кишвар ба низом даровард.
