Дар масири таърих ҳар як миллат бо фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои хоси худ шинохта мешавад. Тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунофар ва соҳибфарҳанг дорои анъанаҳои деринае мебошанд, ки аз умқи асрҳо сарчашма мегиранд. Аммо гузашти замон ва тағйирёбии шароити иҷтимоӣ собит сохт, ки на ҳама расму оинҳо дар шакли куҳнаи худ ба манфиати ҷомеа хидмат мекунанд. Дар ин росто, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардиши куллӣ дар тафаккури ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад. Имрӯз, ҳангоми баррасии мавзуи танзим, саволи муҳиме пеш меояд: Оё ин иқдом маҳдудият аст ё воситаи ҳифзи арзишҳо ва таъмини зиндагии шоиста? Таҳлили амиқи вазъият нишон медиҳад, ки танзим на танҳо зарурат, балки наҷоти миллат аз гирдоби хурофот ва исрофкорист.
Зарурати таърихии қабули Қонун то замони қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»(соли 2007), фазои иҷтимоии кишварро як навъ «мусобиқаи сарват» фаро гирифта буд. Маросимҳои хурсандӣ ва ҳатто азодорӣ ба майдони намоиши дороӣ табдил ёфта буданд. Оилаҳои камбизоат барои он ки аз ҳамсоя ё хешу табор ақиб намонанд, солҳо заҳмат кашида, маблағи ҷамъкардаашонро дар як рӯз сарф мекарданд ва ё ба қарзҳои калон ғӯтавар мешуданд. Ин ҳолат на танҳо ба буҷети оилавӣ зарба мезад, балки боиси низоъҳои оилавӣ ва коҳиши сатҳи маънавии ҷомеа мегардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки ҳадафи асосии танзим гирифтани пеши роҳи исрофкорӣ, зоҳирпарастӣ ва сабук кардани мушкилоти мардум аст.
Бинобар ин, танзимро набояд ҳамчун маҳдудият дарк кард, балки онро бояд ҳамчун механизми муҳофизати иҷтимоӣ қабул намуд.
Ҷашну маросимҳо қисми ҷудонашавандаи фарҳанг ва ҳаёти иҷтимоии ҳар халқ ба шумор мераванд. Аммо дар шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии имрӯз, зиёд шудани хароҷоти беҳуда, рақобати иҷтимоӣ ва исрофкорӣ ба яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеа табдил ёфта буд. Бо дарки чунин зарурат, Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни «Дар бораи танзими ҷашну маросим»-ро қабул кард, ки ҳадафаш танзим ва соддасозии маросимҳои миллӣ, динӣ ва оилавӣ мебошад. Ин қонун на танҳо ҳамчун санади иҷтимоӣ, балки ҳамчун санади ҳуқуқӣ, нақши муҳим дорад ва ба муносибатҳои ҷамъиятӣ таъсири васеъ мерасонад. Мақолаи мазкур ҷиҳатҳои асосии ҳуқуқи, иқтисодӣ ва динии ин қонунро ба таври содда ва илмӣ шарҳ медиҳад.
Қонуни танзим бар асоси талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст. Он яке аз санадҳои амалӣ кардани сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг, иҷтимоъ ва иқтисодиёт мебошад.Қонун бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ — аз ҷумла Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Қонуни фарҳанг, Қонуни масъулияти падару модар — робитаи зич дорад, зеро барои вайрон кардани талаботи он ҷазо ва ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.
Маросимҳои аз ҳад гарон ба иқтисоди оилаҳо зарар мерасониданд. Қонун бо маҳдуд кардани шумораи меҳмонон, вақт ва шакли баргузории маросимҳо ба сарфаи маблағ мусоидат мекунад.Ин санад барои баробарии иҷтимоӣ кумак мекунад. Яъне, онҳое, ки имкони камтар доранд, дигар маҷбур нестанд барои риояи “анъанаҳои гарон” қарз гиранд ё зери фишор бошанд.Қонун кӯшиш мекунад, ки ҷашну маросим дар чорчӯби фарҳанги миллӣ, бе изофагӯӣ ва бо эҳтиром ба арзишҳои ҷомеа баргузор шаванд.Қонун ба ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз миллат, дин ё мақоми иҷтимоӣ, татбиқ мешавад. Инчунин, ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои динӣ низ дахл дорад.
Дар қонун барои ҳар як навъи маросим — тӯй, хатнасур, азодорӣ, идҳои динӣ ва маросимҳои ҷашнӣ — меъёрҳои мушаххас пешбинӣ шудааст.
Масалан: вақти баргузории маросимҳо маҳдуд шудааст; шумораи меҳмонон ба меъёр оварда шудааст; манъи исроф дар хӯрок, ороиш, таомфурӯшӣ ва дигар хароҷоти нолозим.
манъи туҳфаҳои гаронбаҳо;
Ин маҳдудиятҳо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба категорияи танзими ҳуқуқии муносибатҳои иҷтимоӣ тааллуқ доранд. Яъне, давлат ҳуқуқ дорад барои ҳимояи манфиати умум манъи муайян гузорад.Барои риоя накардани талаботи қонун ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд ҷарима шаванд. Ин ҷавобгарӣ барои пешгирӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон хизмат мекунад.Тибқи иттилои расмӣ, татбиқи қонун ба сарфаи миллиардҳо сомонӣ мусоидат кардааст. Бисёре аз хонаводаҳо аз зери фишори “анъанаи гарон” раҳо шудаанд. Маросимҳо бештар содда ва дастрас гардиданд.Ҳамзамон, қонун ба баланд шудани маърифат ва фарҳанги ҳуқуқӣ дар ҷомеа таъсир гузоштааст.
Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирӣ аз хароҷоти беҳуда ва аз ҳад зиёди шаҳрвандон ҳангоми баргузории тӯю маросимҳо, то ки сатҳи зиндагии онҳо беҳтар гардад.Пешгирӣ аз расму оинҳои зиёдатӣ ва хурофотпарастӣ, мубориза бо харҷи бемаънӣ ва намоишкорӣ, ки ба буҷети оила зарар мерасонад ва зиёдаравӣ дар баргузории маросимҳо ва ташвиқи зиндагии хоксорона. Нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ ва динӣ инчунин таъмини баргузории тӯю маросимҳо мувофиқи анъанаҳои деринаи миллӣ ва суннатҳои динӣ дар доираи шариати исломӣ ва фарҳанги миллӣ, ки боиси сарфаю сариштакорӣ мегардад.Кафолати он, ки оилаҳо аз фишори молиявии маросимҳои гаронбаҳо озод бошанд ва ба ин васила муносибатҳои оилавӣ мустаҳкам гарданд. Ташвиқи сарфакорӣ дар истифодаи захираҳо ҳангоми баргузории чорабиниҳо.
Яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини танзими анъанаҳо – ин самараи иқтисодии он мебошад. Исрофкорӣ ва зиёдаравӣ дар маъракаҳо монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисоди оилавӣ буд. Қонунгузорӣ ба шаҳрвандон имкон дод, ки маблағҳои ҳангуфти худро ба самтҳои зарурӣ равона созанд:
Имрӯз падару модарон ба ҷои сарфи маблағ барои забҳи чорвои зиёд ва дастурхонҳои намоишӣ, онро барои таҳсили фарзандон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир сарф мекунанд. Ин сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат аст.
Сарфаи маблағҳо имкон медиҳад, ки оилаҳо шароити маишии худро беҳтар кунанд, манзил бунёд намоянд ва сатҳи зиндагии худро боло бардоранд.
Танзим меъёри баробарро барои ҳама ҷорӣ кард. Акнун фарқияти назаррас байни маъракаи сарватманд ва камбизоат аз байн рафта, ҳисси баробарӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа тақвият ёфт.
Баъзеҳо бар ин назаранд, ки танзим анъанаҳоро аз байн мебарад. Аммо воқеият ин аст, ки қонунгузорӣ танҳо он қисмати анъанаҳоро манъ мекунад, ки хислати хурофотӣ ва зараровар доранд. Анъанаҳои асили тоҷикӣ ва таълимоти дини мубини Ислом ҳамеша бар пояи қаноат, хоксорӣ ва хайрхоҳӣ асос ёфтаанд.
Дар таҳрири нави Қонун (соли 2024) манъ гардидани маросимҳои пурхароҷоти «ҳоҷибинон», «гаҳворабандон», «чил» ва «сол», инчунин танзими маросими «идгардак», ки ба бехатарии кӯдакон таҳдид мекард, далели равшани ғамхории давлат аст. Ин тадбирҳо барои он андешида шудаанд, ки мардум аз банди расму оинҳои бофта ва беасос раҳо шаванд. Исрофкорӣ дар дини Ислом амали мазмум (бад) ҳисобида мешавад ва Худованд исрофкоронро дӯст намедорад. Пас, танзим – ин бозгашт ба асолати пок ва арзишҳои волои инсонӣ аст.
Дар маҷмуъ, ин қонун барои танзими маросимҳо бо мақсади сабук кардани бори молиявӣ аз дӯши шаҳрвандон, пешгирӣ аз зоҳирпарастӣ ва ҳифзи арзишҳои ахлоқии ҷомеа равона шудааст.
Қонуни “Дар бораи танзими ҷашну маросим” яке аз санадҳои муҳим ва муассири ҳуқуқии Тоҷикистон ба шумор меравад. Он барои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии хонаводаҳо, нигоҳдории арзишҳои миллӣ ва устувории иҷтимоӣ хизмат мекунад.
Бобохонов Ҳ .Ҳ. – донишҷӯйи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносӣ
