ҲАР РЎЗАТОН НАВРЎЗ БОД!

      Садорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ҳайати омӯзгорону кормандон, донишҷӯён ва дар симои онҳо кулли мардуми шарифи кишварро ба омад – омади фасли зебои баҳор ва ҷашни миллии Наврӯз табрик менамояд. Инак, боз ба диёри зарнисору ганҷрез, нозанину файзбор ва сарзамини таърихию аҷдодии тоҷикон Наврӯз омад. Наврӯз аз бузургтарин, зеботарин ва муқаддастарин ҷашни миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, аз таърихӣ ва соҳибтамаддун будани миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик башорат медиҳад. Ин ҷашни бошукӯҳ мувофиқи таълимоту андешаи соҳибназарон таърихи беш аз шашҳазорсола дошта, ҳамчун мероси бою пурғановат аз ниёгон бароямон мерос мондааст. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ мақому манзалати Наврӯз ҳамчун маҳбубтарин ҷашн, оин, анъана ва русуми миллӣ сатҳу сифати навро касб намуда, бо кӯшишу заҳмат, ибтикороту ташаббусҳои бевоситаи созандаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ пайдо карда, аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ Наврӯз ҳамчун нишонаи тамаддуни ҷаҳонӣ ва ҷашни умумимиллӣ эълон шуд. Ба таъкиди Сарвари давлат: «Воқеан, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ яке аз маросимҳои писандидаи оламиён мебошад, ки бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст ва бо хусусиятҳои писандидааш, ки некиву накукорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст». Дар шароити кунунӣ Наврӯз ба як василаи муҳимми пайвандгари халқу фарҳангҳо дар ақсои олам табдил ёфтааст. Тавре аз манобеи таърихи бостонӣ бармеояд, Наврӯз рамзи пирӯзии нур ба зулмот, адолат бар ҷаҳолат, зебоӣ бар зиштӣ, покизагию ободонӣ ва бунёдкорӣ мебошад. Боиси сарфарозиву шодмонист, ки ин ҷашни пуршукӯҳ дар тамоми гӯшаю канори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди меҳанпарастиву арҷгузорӣ ба мероси таърихӣ аз ҷониби кулли ҳамватанонамон бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил карда мешавад. Ҳамасола дар арафаи ҷашни Наврӯзи хуҷастапай, ки ба оғози фасли нозанини сол – баҳори гулбасар, бедории табиат ва мавсими кишту кор рост меояд, корҳои ободониву бунёдкорӣ ва созандагӣ вусъати тоза пайдо мекунанд. Пас, биёед дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи оламафрӯз кинаву адоватро аз қалбҳо тоза намоем, ба якдигар оғӯши муҳаббату бародарӣ кушоем ва ҳамчун рамзи садоқат ба Ватани маҳбуб, миллати сарбаланду заҳматқарин ва Пешвои муаззами тоҷикон бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва қарзи инсонӣ ба корҳои созандагию бунёдкорӣ рӯ оварда, дар ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи Тоҷикистони азиз саҳм гузорем. Ҳар рӯзатон Наврӯз бод, Наврӯзатон пирӯз бод!

                           Садорати факултети ҳуқуқшиносӣ