Бо амри таърих миллати сарбаланду тамаддунофар ва фарҳангсолору бунёдкори тоҷик 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти комили давлатиро ба даст овард. Истиқлолияти давлатӣ – арзишмандтарин дастовард, бузургтарин неъмат ва беназиртарин сарвати халқи шарифи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамчун воқеаи фараҳбахши таърихӣ ва ҳодисаи муҳиму сарнавиштсоз ба тоҷикон озодиву соҳибихтиёриро ҳадя намуд. Он боис гардид, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав бо номи Тоҷикистон бо дарназардошти тамоми унсурҳои давлатдории миллӣ арзи ҳастӣ намояд ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ расман шинохта шавад.
Мутаассифона, дар натиҷаи мухолифатҳои шадиди сиёсӣ, бар асари мудохилаи ошкорои қувваҳои муайян аз ҳориҷи кишвар, ки зери шиори демократикунонии ҷомеа бо мақсади ба сари мардуми тоҷик таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ сурат мегирифт, оқибат Тоҷикистон ба коми оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуда ба хоҷагии халқи мамлакат ҳисороти азими иқтисодӣ ва талафоти ҷуброннопазири ҷониву маънавӣ расонида шуд. Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ давлати навтаъсиси тоҷикон ва миллати фарҳангсолори тоҷик дар чорсӯйи тақдир дар ҳолати яъсу навмедӣ қарор гирифта роҳу равиши минбаъда ва дурнамои пешрафташ зери суол қарор гирифта буд. Вазъияти баамаломада зарурати оҷилан андешидани тадбирҳои заруриро ҷиҳати хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини оромию субот, сарҷаъмии миллат ва ба суйи ҳаёти муътадил раҳнамун кардани мардуми тоҷикро тақозо менамуд.
Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ
баргузории иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд метавон аз дастовардҳои беназири халқи тоҷик дар оғози солҳои соҳибихтиёрӣ эътироф намуд. Ин иҷлосия заминаҳои мусоиди ҳуқуқиву сиёсиро барои расидан ба сулҳу субот ва ба вуқӯъ пайвастани дигаргунӣ ва пешрафиҳои азимро дар ҷомеаи Тоҷикистон фароҳам оварда, дар қалби ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ шӯълаи умедро ба сӯйи фардои неки давлатдории миллӣ, таъмини рӯзгори босаодату пурнишоти мардуми кишвар фурузон намуд. Қарорҳои таърихӣ ва сарнавиштсози иҷлосияи мазкур минбаъд дар самти бунёди рукнҳои давлатдорӣ, қабули Конститутсия, ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ба ҳам овардан миллати тоҷик, имзои созишномаи истиқрори сулҳ, зинда гардонидани ҳофизаи таърихӣ ва рушди бемайлони ҳамкориҳои байналмилалӣ нақши бағоят муҳим гузоштанд.
Бузургтарин дастоварди ин иҷлосияи тақдирсоз он буд, ки ба бахти миллионҳо нафар тоҷикони рӯйи олам бо амри Парвардигор фарзанди бонангу номус, қавииродаву ватандӯст, далеру ҷасур, покзамиру нексиришт ва ғурури баланди миллидошта Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Сарвари Давлат тавлид намуд. Ин фарзанди фарзонаи миллат ҷон дар каф бо як далериву ҷасорати бемисл масъулияти баланди роҳбариро ба душ гирифта ба наҷоти миллату давлати тоҷикон бархост. Сарвари давлат такя ба хиради азалии мардуми тоҷик роҳи ягонаи ҳалли низоъи дохилии тоҷиконро танҳо аз тариқи музокироту гуфтушунид пеша намуда, барои расидан ба сулҳи деринтизор камари ҳиммат баст.
Барои амалисозии шоҳкориҳои азим, ислоҳотҳои иқтисодиву иҷтимоии таъминкунандаи зиндагонии арзандаи сокинони мамлакат ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои муфиди байналмилалӣ ҷанги шаҳрвандӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекард. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакатро дар он шабу рӯз ҳарчи тезтар хомуш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, ба ҳам овардани миллати тоҷик ва рӯй овардан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ташкил медод. Пеш аз ҳама, бо дарназардошти авзои ноороми кишвар дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ, фалаҷ гаштани фаъолияти сохторҳои давлатӣ, қарор доштани шаҳрвандон дар ҳолати яъсу ноумедӣ зарур буд, ки қонуну қарорҳои қабулшуда барои таъмини сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмии комил ва фазои орому субот дар кишвар мусоидат намуда, эътимоду боварии шаҳрвандони Тоҷикистонро ба фардои ояндаи дурахшони ин давлату сарзамин бедор менамуд.
Дар натиҷаи азму талош, кушишу пайкорҳои бемисл ва хизмату заҳматҳои арзандаи шабонарӯзии ин шахсияти барҷастаи таърихӣ такя ба дастгирии сокинони сарбаланди мамлакат дар як муддати кутоҳи таърихӣ барои хомӯш кардани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ, рафъи хатари парокандашавии миллат ва заволёбии давлати тоҷикон тадбирҳои муассир андешида шуданд. Дар заминаи қабули қарорҳои таърихию тақдирсоз, роҳандозӣ намудани ташаббусҳои созандаву сиёсати ҳадафмандона ва андешидани силсилаи тадбирҳои мақсадноки фарзанди содиқу вафодори миллат – Сарвари маҳбуби тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайваста заминаҳои боэътимоду устувори бунёди аркони давлатдории миллӣ гузошта шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягонаро пеш гирифта дар як муҳлати кутоҳи таърихӣ соҳиби Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, асъори миллӣ ва тамоми рукнҳои давлатдории миллӣ гашт.
Дар робита ба ин масъала яке аз саҳифаҳои муҳиму дурахшони таърихи навини давлати ҷавони Тоҷикистонро ин ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ташкил медиҳад. Пас аз баргузории чандин даври музокирот ва гуфтушуниди сулҳи тоҷикон дар шаҳрҳои Алмаато, Ашқобод, Бишкек, Исломобод, Кобул, Машҳад, Москва, Теҳрон ва Ҳусдеҳи Афғонистон миёни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик таҳти сарпарастии нозирони байналмилалӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия созишномаи мазкур ба имзо расонида шуд. Воқеан санаи 27 июни соли 1997 дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол абадан бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Ба имзо расидани созишномаи мазкур як гардиши куллиеро дар роҳи расидан ба ваҳдати сартосарӣ, таъмини сулҳи деринтизор ва амалисозии ислоҳотҳои низоми давлатдорӣ рӯйи кор овард.
Дар воқеъ ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги миллати тоҷик дар замони соҳибихтиёрии давлатӣ ба ҳисоб рафта барои рушду пешрафти бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ заминаҳои мусоидро фароҳам овард.
Дар пайвандӣ ба аҳамияти таърихии ин дастоварди бузург зимни ироаи паёми шодбошӣ ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ санаи 26-июни соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон чунин таъкид намуданд: “… Ҳар қавму миллате, ки иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдату ҳамдилиро шиори худ кардааст, аз миёни обу оташи таърих бо сарбаландӣ гузашта, ба саодати воқеӣ расидааст ва баръакс, ҳар халқе, ки ихтилофу ҷудоӣ ва ҷангу нифоқро пеш гирифтааст, ба номаи тақдири хеш муҳри бадбахтиву нокомӣ задааст. Ин воқеиятро ҳофизаи таърихӣ борҳо собит намудааст. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд амиқан дарк намоем, ки азамату қудрат ва тавоноии миллат ва давлат бо устувориву пойдории мавҷудияти ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил пайванди ногусастанӣ дорад”.
Дар воқеъ авзои кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вазъи зудтағйирёбандаву пешгуинашавандаи сайёра бори дигар аз ҳар кадоми мо тақозо менамояд, ки беш аз ҳар вақти дигар ба қадру қиммати ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмати бебаҳо расидагӣ намоем ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.
Маҳз бо шарофати хизматҳои барҷаставу арзандаи таърихии ин абармарди бузурги саҳнаи сиёсат дар самти таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва рафъи хатари парокандашавиии миллату заволёбии давлат бо дастгириву ташаббусҳои бевоситаи халқи Тоҷикистон якдилона бо қалби саршор аз меҳру муҳаббат ба ӯ унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон ва мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат лоиқ дониста шуда, аз тариқи қонун танзими ҳуқуқӣ пайдо кард. Итминон дорем, ки кохи муҳташами сулҳи тоҷикон, ки бевосита бо дастони ин чеҳраи сиёсии эътирофшудаи сатҳи байналмилалӣ бунёд шудааст, ҳазорсолаҳо бегазанд хоҳад монд. Бовар дорем, ки таҷрибаи бузурги сулҳоварӣ ва давлату миллатсозии Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон садсолаҳо мавриди омӯзиш, пазириш ва таваҷҷуҳи ҳамешагии давлатҳои олам ва аҳли
башар қарор хоҳанд гирифт.
Роҳбари давлати тоҷикон бо туфайли фаъолияти густурдаи сиёсати хориҷӣ ва ташаббусҳои созандаи сатҳи байналмилалӣ дар арсаи байнамилалӣ, хосатан миёни роҳбарони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва минтақа нуфузу эътибори баландро соҳиб буда, барои муаррифии шоистаи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон хизматҳои беназирро анҷом дода истодаанд.
Аз файзу баракати Истиқлоли давлатӣ ва самараи Ваҳдати миллӣ бо шарофати хизматҳои содиқона, ҷонфидоиву фаъолияти сарбаландона ва иқдому ташаббусҳои неки созанда ва ҳидоятҳои ҷавонмардонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифу сарбаланд, меҳнатдӯсту тамаддунофар, фарҳангсолору матиниродаи тоҷик, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати иқтисодиёти мамлакат қадам ба қадам гомҳои устувор гузошта истодааст.
Бо қаноатмандӣ ва шукргузорӣ изҳор медорем, ки дар дарозои сиву чор соли сипаришуда аз замони касби Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд роҳи пуршебу фароз ва басо пурифтихореро тай намуда, сокинони сарбаланду меҳнатқарин, ватандӯсту ободкори кишвар бо дастгирӣ ва пуштибонии амиқ аз сиёсати ҳадафмандонаву бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои ваҳдати миллӣ ба дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ва истеҳсолӣ ноил гаштаанд.
Мавриди зикри хос аст, маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва аз баракати ваҳдати миллӣ дар қатори дигар соҳаҳои фаъолияти давлатӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ пешравиҳои назаррас ба вуқуъ пайвастанд. Давоми солҳои соҳибихтиёрӣ дар заминаи таваҷҷуҳу ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ташрифи пайвастаи онҳо ба ин муассисаи бонуфузи илмиву таълимии кишвар дар тамоми самтҳои фаъолияти Донишгоҳ дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайвастанд.
Аз рӯзҳои аввали касби Истиқлолияти давлатӣ масъалаи дастгирӣ ва таъмини пешрафти соҳаи маориф ва илм, дастгирии олимон дар маркази таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли илму маорифи кишвар санаи 30 майи соли 2024 бори дигар шаҳодати равшани эътирофи олимону донишмандон ва зиёиён ҳамчун захираи бузурги зеҳнии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Зимни суханронии хеш Пешвои миллат таъкид доштанд, ки дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Ҳамзамон зимни баромади хеш Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ҳамчун муассисаи бузурги таълимӣ ва дорои имконот ва захираҳои калони илмӣ эътироф намуданд. Мо низ бар он назарем, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон беҳтарин олимон, муҳаққиқон, ихтироъкорон, навоварон ва донишмандони соҳаҳои мухталифи илми кишвар гирд омадаанд ва онҳо қодиранд, ки бо таҳқиқотҳои арзишманди илмии хеш дар рушду пешрафти илми мамлакат ва пешрафти иқтисодӣ миллӣ саҳми арзишманд гузоранд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳар як ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳ як саҳифаи наверо дар рушду пешрафти ин боргоҳи илму маърифат боз намуда, ба густариши фаъолияти илмиву таълимӣ, таҳкими заминаҳои моддиву техникии Донишгоҳ мусоидат намуда, омузгорону кормандонро ҷиҳати иҷрои бобарори рисолати хизматӣ ва ташвиқу тарғиби ғояҳои ватандустиву ҳифзи арзишҳои истиқлоли давлатӣ руҳбаланд месозад.
Дар заминаи дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат давоми 15 соли охир аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Донишгоҳ якчанд биноҳои нави таълимӣ, хобгоҳҳои замонавӣ, литсейи равияи таббиию риёзӣ, Маҷмааи муосири варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Аз ҷумла, хело хурсандибахш ва хотирмон аст, ки дар арафаи таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ нимаи аввали рӯзи 20 июни соли 2025 ба шаҳраки донишҷуёни Донишгоҳ ташриф оварда бинои маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро барои қабули 300 нафар дар як баст мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ифтитоҳи маркази мазкурро мо ҳамчун армуғон ва туҳфаи арзишманди Пешвои муаззами миллат ба аҳли кормандону устодони донишгоҳ дар арафаи ҷашни ваҳдати миллӣ меҳисобем ва аз ин иқдоми беназир ба таври шоиста пуштибонӣ менамоем.
Хотирнишон бояд сохт, ки дар маҷмӯъ Марказ бо 8 синфхона барои қабули 300 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шудааст. Синфхонаҳои Марказ бо доскаҳои электронии муосир таъмин буда, онҳо дар як маврид ба шабакаи Ҷаҳонии Интернет ва толорҳои ҷарроҳии Марказ пайваст мебошанд. Ин ҳолат имкон медиҳад, ки донишҷуён ба таври маҷозӣ (онлайн) рафти амалиётҳои ҷарроҳӣ ва дигар амалиётҳои тиббиро мушоҳида намоянд.
Аз ин рӯ, Маркази мазкур ҳамчун пойгоҳи муҳимми таҷрибавию амалии факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, химия ва биология истифода бурда шуда, барои баргузор намудани машғулиятҳои амалии донишҷӯёни факултетҳои болозикр ва баланд бардоштани малакаи касбии онҳо мусоидат менамоянд.
Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дарназардошти талаботи муосири соҳавӣ ва санъати меъмории муосир бунёд гардида дар он барои муовинаву муолиҷаи омӯзгорону кормандони донишгоҳ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Ҳамаи ҳуҷраҳои табибони марказ бо таҷҳизотҳои тиббии муосир муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Ифтитоҳи Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, ки дар як маврид зиёда аз 100 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин карда шаванд.
Боварии комил дорем, ки олимону донишмандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат минбаъд низ бо пуштибонӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи арзишҳои Истиқлоли давлатӣ, тарбияи мутахассиони асил ва анҷом додани корҳои арзишманди илмӣ-таҳқиқотӣ софдилона ва содиқона хизмат менамоянд.
Маҳмудов И.Т. – мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент
Ҷалолов Х.Ғ. – дотсенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ