Ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз муборак бод ҳамватанони азиз!

    Мо аз он хушҳолу сарфарозем, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои муносибу боэътимод барои аз нав эҳё намудани анъана, оин ва ҷашну маросимҳои мардумӣ бунёд гузошта шуд. Дар ин радиф маҳз аз баракати соҳибихтиёрии давлатӣ таҷлили сартосарии арзишмандтарин ва бузургтарин ҷашнвораи миллӣ – Наврӯзи оламафрӯз, ки ҳамчун мероси бою пурғановат ва дастоварди умумибашарӣ аз ниёгон мерос мондааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому манзалати хос пайдо намуд. Бо заҳмату талош, азму иродаи қавии ватандӯстона ва иқдому ташаббусҳои наҷибу созандаи фарзанди баруманди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ пайдо кард ва ба омили муҳими пайвандгари халқу миллатҳо, фарҳангу тамаддунҳои олам табдил ёфтааст. Ҷойи ифтихор аст, ки солҳои охир Тоҷикистони азиз ба як макони бонуфузи баргузории ҳаммоишҳои байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз мубаддал гаштааст, ки ин омил бешак дар роҳи шинохту муаррифии миллати тоҷик ба ҷаҳониён саҳми беназир дорад.

    Наврӯз дар воқеъ ба як ҷашни писандидаи пиру барно, ому хос, аҳли заҳмату сокинони сарбаланди кишвар ва кулли аҳли башар табдил ёфтааст. Ин ҷашни оламафрӯз дар тамоми манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сокинони заҳматқарину фидокор, бедордилу ватандӯст бо як ҷаҳон суруру шодмонӣ, хушию хурсандӣ ва қалби лабрез аз фараҳу шодӣ бо роҳи оростани дастархони ҳафтсину ҳафтшин, доир намудани маъракаҳои миллии бузкашию гуштингирӣ, анҷоми амалҳои хайру савоб ва ҷавонмардона пешвоз гирифта мешавад. Мусаллам аст, ки дар арафаи ҷашни пуршукӯҳи Наврӯз корҳои ободониву созандагӣ, бунёдкорӣ, тозагии муҳити атроф, кабудизоркуниву ниҳолшинонӣ вусъати бесобиқа пайдо мекунанд.

  Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш Садорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ҳайати омӯзгорону кормандон, донишҷӯён ва дар симои онҳо кулли мардуми шарифи кишварро ба ифтихори таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз ва фарорасии баҳори дилафрӯз самимона шодбош гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ, хушҳоливу хушрӯзӣ, иқболи баланду комёбиҳоро ба хотири таъмини зиндагии шоиставу пурнишоти сокинони кишвари маҳбубамон орзумандам.