Боиси сарфарозию хушнудист, ки имрӯзҳо дар тамоми гушаю канори Тоҷикистони азиз бузургтарин ва муқаддастарин ҷашнвораи миллӣ, чорабинии муҳими сиёсӣ – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кулли сокинони сарбаланду меҳнатқарин, ватандӯсту ободкори кишвар бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил шуда истода, дар ин самт корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо кардааст.
Бо сарбаландӣ метавон изҳор дошт, ки дар муддати чоряк асри сипаришуда Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд роҳи пуршебу фароз ва пурифтихореро тай намуда, дар самти таъмини шароити зиндагонии арзандаи сокинони кишвар, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини рушди устувори соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, таҳкими рукнҳои асосии давлатдорӣ ва эҳёи суннату арзишҳои миллӣ ба комёбиҳои бузург мушарраф гаштааст. Таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, оромию субот дар ҷомеа аз беназиртарин ва арзишмандтарин дастовардҳое мебошанд, ки мардуми бузургу сарбаланди тоҷик бо шарофати заҳмату талошҳои фарзанди фарзонаи тоҷик, шахси хирадманду дурандеш, роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардааст. Маҳз бо азму талоши Пешвои миллат дар замони соҳибихтиёри давлатӣ дар Тоҷикистон мактаби бузурги сулҳоварӣ ва ваҳдатсозӣ асос ёфтааст, ки ин падида дар ҷаҳон назир надорад.
Бо истифода фурсати муносиб Садорати факултети ҳуқуқшиносӣ ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар симои онҳо тамоми наздикону пайвандонашонро ба муносибати ҷашни мубораку муқаддаси миллиамон – бистуҳафтсолагии истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ, бахту саодат, ободиву осоиш, хушҳоливу хушрӯзӣ, иқболи баланду комёбиҳоро орзуманданд. Бо камоли эҳтиром, Садрорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,