АССОТСИАТСИЯИ ХАТМКУНАНДАГОН

Ассотсиатсияи хатмкунандагони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (минбаъд – «Ассотсиатсия») ташкилотест, ки ба узвияти ихтиёрӣ асос ёфта, бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ бо мақсади амалӣ намудани фаъолиятҳои бо манфиатҳои умумӣ муайяншуда таъсис дода шудааст ва ба дастгирии мутақобилаи хатмкунандагони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, ташаббуси донишҷӯён, лоиҳаҳои ҷории онҳо, анъанаҳои ДМТ, инчунин татбиқи барномаҳои ояндадори таълимӣ ва илмӣ нигаронида шудааст.

Ҳадафҳои асосии Ассотсиатсия инҳоянд: а) таҳкими робита ва рӯҳияи гурӯҳи байни донишҷӯён ва хатмкунандагони факултети ҳуқуқшиносии тамоми наслҳо, муттаҳидшавӣ ва пешрафти иҷтимоии хатмкунандагон, худшиносии онҳо; б) ҳавасмандгардонии хатмкунандагон дар нигоҳ доштани робита бо донишгоҳ ва ҷомеаи хатмкунандагон; в) баланд бардоштани самаранокии истифодаи неруи зеҳнии хатмкунандагони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ва имкониятҳои донишгоҳ дар таълим ва бозомӯзии кадрҳои дар бозори меҳнат талабгор; г) ҳифз ва таҳкими анъанаҳои донишгоҳ, баланд бардоштани нуфузи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар ҷомеаи байналмилалии таълимӣ тавассути ташкил ва рушди ҳамкории байни хатмкунандагон, нигоҳ доштани робитаҳои фарҳангӣ, эҷодӣ ва корӣ бо ҳайати омӯзгорон; г) фароҳам овардани механизмҳои робитаи доимӣ ва ҳамкории касбии хатмкунандагони факултети солҳои гуногун ва донишҷӯён; д) мусоидат ба донишҷӯёни факултет дар рушди шахсӣ ва касбии онҳо тавассути ҳамкорӣ бо хатмкунандагон; ж) муттаҳид намудани саъю кӯшиши хатмкунандагоне, ки қодиранд дар рушди заминаи илмӣ, таълимӣ ва моддию техникии донишгоҳ саҳм гузоранд.
Аъзои Ассотсиатсия шахсоне шуда метавонад, ки хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ бошанд. Узвият дар Ассотсиатсия ихтиёрист. Аъзои нав аз ҷониби раиси Ассотсиатсия дар асоси аризаи шахсӣ қабул карда мешаванд.
Мақомоти роҳбарикунандаи Ассотсиатси Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсияи хатмкунандагон ва Шӯрои Ассотсиатсияи хатмкунандагон мебошад. Мақоми олии идоракунанда ва роҳбарикунандаи фаъолияти Ассотсиатсия Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия мебошад, ки на камтар аз як маротиба дар як сол даъват карда мешавад. Мақоми ҳамоҳагсози Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия Шӯрои Ассотсиатсия мебошад. Ҷойи фаъолияти Шӯрои Ассотсиатсия маҳалли ҷойгиршавии Ассотсиатсия мебошад. Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия Шӯрои Ассотсиатсияро (дар се сол як маротиба) ва аъзои фахрии Ассотсиатсияро интихоб мекунад. Шӯрои Ассотсиатсия ба мӯҳлати се сол интихоб мешавад. Шӯрои Ассотсиатсия на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ ҷаласа мегузаронад. Ба ҳайати Шӯро раис ва муовини раиси Ассотсиатсия, котиби Ассотсиатсия, аъзои фахрии Ассотсиатсия ва кумитаи иҷроияи Ассотсиатсия дохил мешаванд.

Раиси Ассотсиатсияи хатмкунандагони
факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, д.и.ҳ.,
профессор Мирзозода П.З.

Котиби Ассотсиатсияи хатмкунандагони
факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, н.и.ҳ.,
дотсент Мирзомуродзода Д.Г.