Ассотсиатсияи волидон (минбаъд – Ассотсиатсия) мақоми худидоракунии доимии волидони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Ассотсиатсия дар фаъолгардонии идоракунӣ ва танзими муносибатҳо, муайян кардани масъулият, таъмини манфиатҳо ва ҳифзи ҳуқуқҳои донишҷӯён иштирок мекунад. Ассотсиатсия ташкилоти ғайрисиёсӣ буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2024, № 2049 «Дар бораи масъулият дар таълим ва тарбияи кӯдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ мондааст.
Самтҳои асосии фаъолияти Ассотсиатсия инҳоянд: таҳкими робитаи оила бо ҳайати омӯзгорон бо мақсади таъмини ягонагии раванди таълиму тарбия, ба амал баровардани назорати ҷамъиятӣ аз болои сифати таълим, ҳангоми қабули санадҳои меъёрии маҳаллӣ, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии донишҷӯён дахл доранд, ба инобат гирифтани фикру ақидаи волидон, инкишоф додани ташаббуси волидон, ташкили кор бо волидон оид ба масъалаҳои фаҳмонда додани ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳо.
Мақсади таъсиси Ассотсиатсия мусоидат ба ҳайати омӯзгорон дар тарбияи шахсияти донишҷӯи аз ҷиҳати иҷтимоӣ фаъол, баландбардоштани ватандӯстӣ ва мавқеи фаъоли шаҳрвандии ӯ мебошад. Вазифаҳои асосии Ассотсиатсия: ташкили кор бо волидони донишҷӯёни факултет барои фаҳмонидани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо, дастгирӣ намудани ташаббуси омма дар такмил додан ва инкишоф додани ҷараёни таълиму тарбия, ба роҳ мондани ҳамгироии фаъолияти Ассотсиатсия бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, садорати факултет ва дигар зерсохторҳои таркибии факултет, назорати имтиёзҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муқаррар кардааст, ҳамкорӣ бо роҳбарияти факултет дар ташкили робитаҳои функсионалӣ бо муассисаҳои фарҳангӣ ва варзишӣ барои ташкили вақти холии донишҷӯён.
Ассотсиатсия ҳуқуқҳои зеринро дорад: ба зерсохторҳои Ассотсиатсияи волидон роҳбарӣ намуда, масъалаҳои ҳалталаби онҳоро дар сатҳи садорати факултет ҳаллу фасл менамояд; масъалаи расонидани ёрӣ ба донишҷӯёни аз оилаҳои камбизоат ва бепарастор, ҳимоя ва ҳавасманд кардани донишҷӯёни фаъолро дида мебарояд; масъалаҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти он мансуб намудааст, ҳал менамояд.
Шакли асосии фаъолияти Ассотсиатсия ҷаласа мебошад. Ҷаласаи Ассотсиатсия дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ассотсиатсия на камтар аз як маротиба дар як сол гузаронида мешавад. Ба азоёни Ассотсиатсия дохил мешаванд: декани факултет, муовини декани факултет оид ба корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ, кураторхои гуруҳҳои таълимӣ ва волидони донишҷӯён.







