Мутобиқи фармоиши ректори ДМТ аз 16.03.2015, № 107-05 нимаи дуюми рӯзи 9 марти соли 2015 дар толори адабии ба номи Ш. Ҳусейнзода аттестатсияи унвонҷуёни солҳои таҳсили якум, дуюм, сеюм ва чоруми факултети ҳуқуқшиносӣ таҳти раисии муовини ректор оид ба илм профессор Сафармамадов С.М. баргузор гардид. Дар кори ҷаласа унвонҷӯёни солҳои таҳсили якум, дуюм, сеюм ва чорум, роҳбарони илмии онҳо, мудирони кафедраҳои тахассусии факултет ва муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ ҳузур доштанд. Дар оғози аттестатсия профессор Сафармамадов С.М. таъкид сохт, ки бо ташаббуси раёсати ДМТ бори аввал аст, ки аттестатсияи унвонҷуён баргузор шуда истодааст. Чунин амал ба хотири баланд бардоштани масъулияти унвонҷуён дар самти анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ нигаронида шудааст. Сипас оид ба як қатор масъалаҳо, аз қабили ҳуҷҷатгузории унвонҷуён, надоштани роҳбари илмӣ ва мавзӯи таҳқиқот изҳори нигаронӣ карда шуд. Баъдан мувофиқи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи унвонҷӯён шунида шуданд. Дар охир аз ҷониби масъулин ба ҳар яки онҳо барои боз ҳам зудтар анҷом додани рисолаҳои номзадии худ тавсияҳои судманд дода шуд.